ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР БОБАТИ ТАЪМИНИ НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ МОЛУ МУЛК | 1994
Моддаи 649. Майдадуздӣ
1. Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъона бо роҳи суиистифодаи мансаби хизматӣ, қаллобӣ, исрофкорӣ ё майдадуздӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз ҷониби шахсони мансабдор наандешидани чораҳои ҳатмӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати молу мулки давлатӣ, аз рӯи таъйинот ва ё бе сабабҳои узрнок истифода набурдани молу мулки давлатӣ, аз меъёр зиёд истифода бурдани молу мулки давлатӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз си то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қонунгузорӣ ҳангоми ба иҷора додани молу мулки давлатӣ, яъне:
- ба иҷора додани молу мулки давлатӣ ё истифодаи молу мулки давлатӣ бе розигии соҳибмулк ё мақомоти давлатии ваколатдори он;
- нагузаронидани маблағи аз иҷораи молу мулки давлатӣ ба даст омада ба буҷети давлатӣ;
- беасос рад намудани дархости иҷора додани молу мулки давлатӣ ва ё таъсир расонидан ба иҷорагир бо мақсади гирифтани объекти иҷора,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида ҳангоми аз ҳисоб баровардани молу мулки давлатӣ, яъне:
- аз ҳисоб баровардани молу мулки давлатӣ бе розигии соҳибмулк ё мақомоти давлатии ваколатдор;
- аз тарафи роҳбарияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо иҷро нагардидани қоидаҳои қабули қисмҳо ва ҷузъҳои коршоями молу мулк барои истифодаи минбаъдаи онҳо дар ҷараёни истеҳсолот;
- супурдани қисмҳои корношоями молу мулк ба нуқтаҳои қабули оҳанпора бе риояи меъёр ва қоидаҳо, инчунин ба буҷети давлатӣ нагузаронидани маблағи аз фурӯши оҳанпора ба даст омада,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 653. Риоя накардани қонунгузорӣ ҳангоми ба низоми бозмондашуда (консерватсия) гузаронидани молу мулки давлатӣ
Барои бе иҷозат истифода бурдани молу мулки бозмондашуда (консерватсияшуда), инчунин риоя накардани тартиби гузаронидани молу мулки ташкилотҳо ба низоми бозмондашуда (консерватсия),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои мамониат кардан ба шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори идораи молу мулки давлатӣ ҳангоми санҷиши таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи молу мулки давлатӣ ё дахолат ба фаъолияти онҳо бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои қабулшаванда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои иҷро накардани амрнома ва қарорҳои мақомоти давлатии ваколатдори идораи амволи давлатӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).