ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД | 1994

Моддаи 57. Риоя накардани ҳуқуқи шаҳрванд дар бобати шинос шудан бо рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ
Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани ҳуқуқи шаҳрванд дар бобати шинос шудан бо рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ накардани аризаи нодурустии рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ ё саркашӣ намудан аз додани ҷавоби асосноки хаттӣ ба шаҳрванд дар бораи сабаби рад намудани ариза дар хусуси даровардани ислоҳ ба рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ ё дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро накардани қарори суд дар бораи ислоҳ кардани рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ,
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 58. Дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ва комиссияи раъйпурсӣ
Барои бо истифода аз вазъи мансабию хизматӣ дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳояшон, ки қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст, бо мақсади таъсир расонидан ба қарори он, яъне талаб ё супориши шахси мансабдор оид ба масъалаҳои ба қайд гирифтани номзадҳо, шуморидани овози интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар, ки ба ваколати истисноии комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ мансубанд,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 59. Иҷро накардани қарори комиссияи интихобот ва комиссияи раъйпурсӣ
Барои иҷро накардани қарор ё дархости комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ, ки дар доираи салоҳияти онҳо қабул карда шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 60. Риоя накардани тартиби пешниҳоди рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё маълумот дар бораи интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ
Барои риоя накардани тартиби пешниҳоди рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё маълумот дар бораи интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ аз тарафи шахси мансабдоре, ки ба зиммаи ӯ ин масъулият вогузор карда шудааст,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 61. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи чопи ҳуҷҷатҳои марбут ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ
Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи чопи ҳуҷҷатҳои марбут ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 62. Риоя накардани ҳуқуқи узви комиссияи интихобот, комисссияи раъйпурсӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзад ё намояндагони воситаҳои ахбори омма
Барои риоя накардани ҳуқуқи узви комиссияи интихобот, комисссияи раъйпурсӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзад ё намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла ҳуқуқи саривақт гирифтани иттилоъ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 63. Рад кардани пешниҳоди муваққатан аз кор озод намудани номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихоботӣ дар бобати иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ
1. Аз тарафи корфармо рад кардани пешниҳод оид ба муваққатан аз кор озод намудани номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихоботӣ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ҷиҳати тарғиб ё фаъолияти дигари пешбиникардаи қонун, ки ба интихоби номзад мусоидат менамояд, инчунин аз ҷониби корфармо рад кардани пешниҳоди муваққатан аз кор озод намудани узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ барои иштирок дар тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонун,
ба шахси мансабдор ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз вазифаи ишғолнамудааш озод кардан ва ё ба кори (вазифаи) дигар гузаронидани номзад ба вакилӣ дар давраи тарғиби пешазинтихоботӣ, инчунин аз кор (вазифаи ишғолкарда) озод намудан ё ба дигар мансабҳои интихобӣ гузаронидани узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ бе розигии ӯ дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 64. Риоя накардани шартҳои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ
Барои риоя накардани шартҳои тарғиботи пешазинтихоботӣ ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ аз тариқи барномаҳои телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки дар қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ пешбинӣ шудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 65. Риоя накардани шартҳои рекламаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ҳангоми маъракаҳои интихобот
Барои риоя накардани шартҳои мутобиқи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ пешбинишудаи рекламаи фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари номзад, дигар шахсон ва ташкилотҳо, ки нисбат ба онҳо талабот ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ татбиқ мегардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 66. Тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ дар замон ё маконе, ки он манъ аст
Барои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ дар замон ё маконе, ки гузаронидани чунин тарғибот тибқи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ манъ карда шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 67. Тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ аз тарафи шахсоне, ки иштироки онҳоро қонун манъ кардааст
Барои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ аз тарафи шахсоне, ки иштироки онҳоро қонун манъ кардааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 68. Фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба пешниҳод намудан ё интихоб шудани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дар интихобот монеъ мегардад ё мусоидат менамояд
Барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба пешниҳод намудан ё интихоб шудани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дар интихобот монеъ мегардад ё мусоидат менамояд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ, бо берункунии маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 69. Таҳия ва паҳн кардани маводи тарғиботии беном
Барои таҳия ва паҳн кардани маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалии беном дар давраи тайёрию гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо дар бораи теъдод, вақти нашр, ном ва суроғаи созмон ё ному насаб, ҷои истиқомати шахси таҳиякунандаи ин маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалӣ, инчунин дар бораи номи созмон ё ному насаби шахси супоришдиҳандаи ин маводи тарғиботӣ, чопӣ ва аудиовизуалӣ маълумот мавҷуд набошад, инчунин таҳияи маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалӣ, ки дар онҳо маълумоти номбаршуда нодуруст зикр гардидааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 70. Фароҳам наовардани имконият барои ба маълумоти омма расонидани раддия ё дигар тавзеҳот оид ба ҳимояи шаъну шараф ё эътибори кории номзад
Барои бо ҳар роҳу усул фароҳам наовардани имконият ҷиҳати ба маълумоти омма расонидани раддия ё дигар тавзеҳоти ҳимояи шаъну шараф ё эътибори кории номзад то ба охир расидани мӯҳлати тарғиботи пеш аз интихобот, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот фароҳам овардани чунин имконият ҳатмӣ мебошад,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 71. Қасдан нобуд кардан ё расонидани зарар ба маводи чопии тарғиботии марбут ба интихобот ва раъйпурсӣ
Барои қасдан нест кардан ё расонидани зарар ба маводи маълумот ё чопии тарғибот, ки дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар биноҳо, иншоот ё дигар объектҳо бо розигии молик ё соҳиби он дар маъракаҳои интихобот, тайёрӣ ё гузаронидани раъйпурсӣ овехта шудаанд, инчунин ворид намудани навиштаҷот ё кашидани аксҳо дар маводи маълумотию тарғиботии чопӣ,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 72. Риоя накардани ҳуқуқи истифодаи биноҳо дар рафти маъракаи интихобот, тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ
Барои риоя накардани ҳуқуқи номзадҳо, гурӯҳҳои ташаббускор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ ҷиҳати баробар истифода бурдан аз биноҳои моликияти давлатӣ ё коммуналӣ барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 73. Ба тарафдории номзад ҷалб кардани интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ бо роҳи ришва додан
Барои ба интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ додани маблағ, тӯҳфа, дигар сарватҳои моддӣ, баргузор намудани фурӯши имтиёзнок ё ройгон додани мол ё хизматрасонии имтиёзнок бо мақсади ба тарафдории номзад ҷалб кардани онҳо, ҳамчунин анҷом додани фаъолияти эҳсонкорӣ бар хилофи талаботи қонун дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 74. Пешниҳод ё чоп накардани ҳисобот, маълумот дар бораи маблағҳои воридшуда ва харҷшуда, ки барои тайёрию гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо карда шудаанд
1. Барои аз тарафи номзад ба вакилӣ, вакили интихобшуда, ҳизби сиёсӣ, муассисаи кредитӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун пешниҳод накардани ҳисобот, маълумот оид ба сарчашма ва андозаи маблағҳои ба хазинаи интихоботӣ ҷудошуда, харҷи онҳо, инчунин пешниҳод кардани ҳисобот ва маълумоти нопурра ё нодуруст,
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи раиси комиссияи интихобот ё раиси комиссияи раъйпурсӣ дар воситаҳои ахбори омма барои нашр, пешниҳод накардан ё нопурра пешниҳод намудан ва ё саривақт пешниҳод накардани маълумот дар бораи маблағҳои ба хазинаи интихоботӣ воридгашта ва харҷшуда, инчунин оид ба ҳисоботи молиявии номзадҳо ба вакилӣ,
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи раиси комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ нашр накардани маълумот дар бораи харҷи маблағи буҷетӣ, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо карда шудааст,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 75. Истифодаи ғайриқонунии маблағ аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ
Барои истифода бурдани дигар маблағ, ба ғайр аз маблағи хазинаи интихоботии худ ё аз меъёри муқарраршуда барзиёд истифода намудани маблағи хазинаи интихоботӣ, инчунин барои мақсадҳои пешбининашуда сарф намудани ин маблағ аз тарафи номзад ба вакили ва ё ҳизби сиёсӣ,
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 76. Аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот истифода намудани кӯмакҳои моддии ғайриқонунӣ
Барои аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот истифода намудани кӯмакҳои моддии ғайриқонунӣ,
ба андозаи аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 77. Маблағгузории ғайриқонунии маъракаҳои интихобот ва раъйпурсӣ бидуни хазинаҳои интихобот, хазинаҳо барои гузаронидани раъйпурсӣ ва расонидани дигар кӯмакҳои моддӣ
Барои ғайриқонунӣ расонидани кӯмаки молиявӣ ё моддӣ ба маъракаҳои интихоботи номзад ба вакилӣ, ҳизбҳои сиёсӣ бидуни хазинаҳои интихоботии онҳо ё ройгон ва ё бо нархҳои беасос паст аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷро намудани корҳо, хизматрасонӣ ё фурӯши мол вобаста ба гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 78. Саривақт нагузаронидани маблағ ба комиссияи интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ
Барои аз тарафи мақомоти дахлдор, ташкилоти кредитӣ, алоқа, комиссияи интихобот, комиссияи раъйпурсӣ ба суратҳисоби комиссияҳои интихобот, комиссияҳои раъйпурсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ нагузаронидан, нопурра гузаронидан ё бо риоя накардани мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронидани маблағ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 79. Ба шаҳрванд ғайриқонунӣ додани бюллетени интихобот ва бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ
Барои аз тарафи узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ба шаҳрванд додани бюллетени интихобот ё бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ бо мақсади овоз додан бар ивази каси дигар ё зиёда аз як маротиба овоз додан дар рафти як овоздиҳӣ ва ё ба шаҳрванд додани бюллетенҳои пуркардашудаи интихобот ё бюллетенҳои пуркардашудаи овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ,
ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 80. Тайёр кардани шумораи ба ҳисоб гирифтанашудаи бюллетенҳо ё пинҳон намудани бюллетенҳои боқимонда
Барои тайёр кардани шумораи бюллетенҳои интихобот ё бюллетенҳои овоздиҳии раъйпурсии ба ҳисоб гирифтанашуда ё пинҳон доштани боқимондаи бюллетенҳои интихобот ва бюллетенҳои раъйпурсӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 81. Риоя накардани тартиби қонунии ҳисоби овозҳо
Барои аз тарафи раис ё узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ риоя накардани тартиби ҳисоби овозҳо, ки қонун муайян намудааст,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 82. Пешниҳод ё чоп накардани маълумот дар бораи натиҷаҳои овоздиҳӣ ё натиҷаҳои интихобот
1. Барои аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ҷиҳати шиносоӣ ба интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, номзадҳо, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод накардан ё саривақт чоп накардани маълумот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи раиси комиссияи ҳавзавии интихобот ё раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ содир намудани ҳуқуқвайронкуние, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инчунин аз тарафи онҳо риоя накардани мӯҳлати ба намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод ё нопурра пешниҳод намудани маълумот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ дар интихобот ва раъйпурсӣ,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Ҳангоми аз тарафи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ содир намудани ҳуқуқвайронкуние, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инчунин аз тарафи ӯ риоя накардани мӯҳлати ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои нашр пешниҳод кардани маълумоти натиҷаи овоздиҳӣ дар интихобот ва раъйпурсӣ
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 83. Паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи номзад
Бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи интихобот паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихобӣ бо роҳи нашр намудан ё дигар воситаҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 84. Монеъ шудан ба тарғиботи пеш аз интихоботӣ
Барои монеъ шудан ба тарғиботи пеш аз интихоботӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 85. Маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ
1. Барои маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ, пардохти маблағ ба манфиати масҷидҳо, калисоҳо, куништҳо, ҷамоаҳои динӣ, иттиҳодияҳо, марказҳо, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои динӣ ё диндорони алоҳида ё монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо баҳонаи мансубият ба ин ё он дин ё мазҳаби (таълимоти) динӣ,
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафтод то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 86. Монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ
1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 87. Риоя накардани тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
Барои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335, аз 20.06.2024 № 2051),-
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 88. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумот ба шаҳрванд
Барои саркашӣ аз додани маълумот ба шаҳрванд, ки бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ шудааст ва бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дахл дорад ё саривақт надодани чунин маълумот, инчунин надодани дигар маълумот дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ё ба шаҳрванд додани маълумоти нопурра ё нодуруст аз ҷониби шахси мансабдор ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 89. Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 614)
Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 614)
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 90. Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
1. Барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад,-
ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак:
- маводди дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро паҳн кардан;
- ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан;
- ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда зарар расондан;
- ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо,-
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ва кормандони муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-
ба андозаи аз бист то бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд,-
ба андозаи аз сӣ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-
ба андозаи аз чил то чилу панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 91. Суиистифода аз ҳуқуқи васӣ ё парастор
Барои ғаразнок истифода намудани васоят ё парасторӣ, бар зарари шахси таҳти васоят ва парасторӣ қарордошта ё бе назорат ва ё бе кӯмаки моддӣ гузоштани ӯ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 92. Риоя накардани тартиб ё мӯҳлати пешниҳоди маълумот дар бораи кӯдаконе, ки барои фаро гирифтан ба тарбияи оила, таҳти васоят ё ба муассисаи кӯдакони ятим ё бепарастор эҳтиёҷ доранд
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335)
Барои аз тарафи роҳбари муассиса, ки дар он кӯдакони бепарастор қарор доранд ё аз тарафи шахси мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот риоя накардани тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани маълумот дар бораи кӯдаконе, ки барои фаро гирифтан ба тарбияи оила (фарзандхонӣ), таҳти васоят (парасторӣ) ё ба муассисаи кӯдакони ятим ё бепарастор эҳтиёҷ доранд, ҳамчунин қасдан пешниҳод намудани маълумоти нодуруст дар бораи чунин кӯдакон (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335, аз 2.01.2018 № 1477),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 93. Кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кӯдак
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335)
Барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кӯдак (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 93(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 938)
Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 938аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 93(2). Риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 938)
Барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 938аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 94. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат
1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, аз ҷумла:
- беасос қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманд;
- бе бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба кор қабул намудан ва ё риоя накардани синну соли муқарраршудаи қабул ба кор;
- яктарафа даст кашидани корфармо аз гуфтушуниди коллективӣ;
- беасос надодани рухсатии меҳнатӣ ба кормандон, инчунин таъмин накардани дигар кафолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат пешбинӣ намудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои баъди таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 95. Беасос ба кор қабул накардан
1. Барои аз тарафи шахси мансабдор беасос ба кор қабул накардани шахс, ки ба корхона, муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тарзи ташкилию ҳуқуқӣ, аз тарафи хадамоти шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида фиристода шудааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи шахси мансабдор беасос ба кор қабул накардани шахс, ки аз озмуни ишғоли ҷойҳои холӣ гузаштааст ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 96. Дидаю дониста ба кор қабул кардани шаҳрвандоне, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кофтуков қарор доранд
Барои дидаю дониста ба кор қабул кардани шаҳрвандоне, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кофтуков қарор доранд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 97. Ба кор қабул намудани шахсони доғи судӣ дошта ба мансабҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст
Барои ба кор қабул намудани шахсони доғи судӣ дошта ба мансабҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 98. Ғайриқонунӣ аз кор озод намудани корманд (хизматчӣ)
Барои аз тарафи шахси мансабдор ғайриқонунӣ аз кор озод намудани корманд (хизматчӣ),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 99. Саркашӣ кардан аз иштирок дар гуфтушуниде, ки ба бастани шартнома (созишнома)-и коллективӣ ё риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи бастани он вобаста аст
Барои саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ӯ аз иштирок дар гуфтушуниди бастани шартнома (созишнома)-и коллективӣ, тағйир додан ё ворид намудани илова ба он, ба шарте, ки ҳатман бастани он дар қонун пешбинӣ шуда бошад ё риоя накардани мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун оид ба гуфтушунид, инчунин таъмин накардани кори комиссия оид ба бастани шартномаи (созишномаи) коллективӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи тарафҳо,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 100. Пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ барои доир намудани гуфтушуниди коллективӣ ва амалӣ кардани назорати риояи шартнома (созишнома)-и коллективӣ
Барои аз тарафи корфармо ё намояндаи ӯ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ барои анҷом додани гуфтушуниди коллективӣ ва амалӣ намудани назорати риояи шартнома (созишнома)-и коллективӣ,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 101. Беасос саркашӣ кардан аз бастани шартнома (созишнома)-и коллективӣ
Барои беасос саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ӯ аз бастани шартномаи (созишномаи) коллективии муқаррарнамудаи қонун,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 102. Риоя ё иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартнома (созишнома)-и коллективӣ
Барои аз тарафи корфармо ва ё намояндаи ӯ риоя ё иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартнома (созишнома)-и коллективӣ,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 103. Саркашӣ кардан аз қабули талаботи кормандон ва аз иштирок дар созишҳои оштӣ
Барои саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ӯ аз қабули талаботи кормандон ва аз иштирок дар созишҳои оштӣ, надодани бино барои баргузории маҷлиси (конференсияи) кормандон бо мақсади пешниҳоди талабот ё монеъ шудан ба баргузории чунин маҷлис (конференсия),
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 104. Иҷро накардани созишнома
Барои аз тарафи корфармо ё намояндаи ӯ иҷро накардани ӯҳдадории созишномае, ки дар натиҷаи созиши оштӣ ба даст омадааст,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 105. Аз кор озод кардани кормандон бо сабаби баҳси коллективии меҳнатӣ ё эълон намудани корпартоӣ
Барои аз тарафи корфармо аз кор озод кардани кормандон бо сабаби баҳси коллективии меҳнатӣ ё эълон намудани корпартоӣ,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 106. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамойиҳо, намоишҳо ва роҳпаймойиҳои осоишта
Барои монеъ шудан ба ташкил ва баргузории маҷлисҳо, гирдиҳамойиҳо, намоишҳо ва роҳпаймойиҳои осоишта, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 107. Маҷбур намудан ба иштирок кардан ё иштирок накардан дар корпартоӣ
Барои маҷбур намудан ҷиҳати иштирок кардан ё иштирок накардан дар корпартоӣ бо роҳи зӯрӣ ё таҳдиди истифодаи зӯрӣ ё бо истифодаи ҳолати вобастагии шахс,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 108. Риоя накардани ҳуқуқи маъюбон ҳангоми ба кор қабул кардан
1. Барои аз тарафи корфармо дар доираи квотаи муқарраршуда ба кор қабул накардани маъюбони гурӯҳҳои дуюм ва сеюм,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои беасос ба сифати шахси бекор ба қайд нагирифтани маъюб,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 109. Пинҳон доштани ҳолати суғуртавӣ
Барои аз тарафи суғуртакунанда пинҳон доштани ҳолати суғуртавӣ ҳангоми суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ (давлатӣ ё шахсӣ) аз ҳолатҳои фалокатовар дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).