ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ, ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ АҲОЛӢ ВА АХЛОҚИ ҶОМЕА | 1994

Моддаи 110. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ
Барои аз тарафи шахси мансабдор риоя накардани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатӣ муқаррар шудаанд,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 110(1). Риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1971)
1. Барои аз ҷониби корманди тиббии муассисаҳои табобатию профилактикӣ риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар ин муассисаҳо, ки боиси беасос пардохт кардани маблағҳои буҷетӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1971, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 111. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари хуни донорӣ, ҷузъҳои он ва давоҳои аз он тайёр кардашуда
Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари хуни донорӣ, ҷузъҳои он ва давоҳои аз он тайёр кардашуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 112. Риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ
1. Барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ (ба ғайр аз қоидаю меъёрҳои вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Ҳамин кирдорҳо, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҳудуди дахлдор, ё ин ки дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома (қарор) ё талаботи мақоме (шахсони мансабдоре), ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ба амал мебарорад, содир гардида бошанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то дувоздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Барои баъди таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1698, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои баъди таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1698, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 113. Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва дигар бемориҳои сирояткунанда
(Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1698)
1. Барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан,
ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1698, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳатмӣ, ки бо мақсади пешгирии ба миён омадан ё паҳн шудани бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сирояткунандаи барои инсон хавфнок муқаррар шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 114. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳангоми истифодаи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, иморат ва иншоот
Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳангоми истифодаи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, иморат ва иншоот,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 115. Риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар нақлиёт
1. Барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи санитарию гигиенӣ дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва обӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи санитарию гигиенӣ дар ҳавопаймо (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 116. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати оби нӯшокӣ
Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати оби нӯшокӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 117. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631)
Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла ҳангоми тайёр намудани хӯрок ва нӯшокиҳо, тартиби нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо ба аҳолӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 118. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати шароити таълиму тарбия
Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати шароити таълиму тарбия, воситаҳои техникӣ, аз ҷумла аудиовизуалӣ, технологияи иттилоотӣ (компютер), мебели таълимӣ, инчунин китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 119. Аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикӣ саркашӣ кардани шахсони гирифтори бемориҳои сирояткунанда, вируси норасоии масунияти одам
Барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 120. Пинҳон доштани манбаи сирояти вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои сирояткунанда ва алоқаҳое, ки хавфи сироятро ба вуҷуд меоранд
Аз тарафи шахси мубталои бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои сирояткунанда, инчунин шахсони бо ӯ алоқадошта пинҳон доштани манбаи сироят, ки хавфи ба ин беморӣ сироят карданро ба вуҷуд меорад,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 121. Риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ
1. Барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ, истеҳсол кардан, ба муомилот баровардани онҳо, истифода бурдани доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ё ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин мӯҳлати истифодаашон гузашта ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1561, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1561, аз 20.06.2024 № 2051).
Эзоҳ: Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, танҳо бо қарори суд мавриди истифода қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631).
Моддаи 122. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ ва тибби халқӣ
1. Барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии дорусозӣ аз тарафи шахсе, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои машғул шудан ба тибби халқӣ ва риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонун дар ин фаъолият,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 123. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи хизматрасонии муздноки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ
Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи хизматрасонии муздноки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ, қасдан баланд намудани нархи хизматрасонии муздноки тиббӣ ё дидаю дониста расонидани кӯмаки муздноки тиббӣ ба шахсе, ки ба хизматрасонии ройгони тиббӣ ҳуқуқ дорад,
ба шахси масъул ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051, аз 13.11.2024 № 2086).
Моддаи 124. Риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии радиатсионӣ
Барои риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои муқарраршудаи бехатарии радиатсионӣ,
ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 125. Риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии электромагнитӣ
Барои риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии электромагнитӣ,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 126. Ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифати хӯрокворӣ
Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифати хӯрокворӣ, ки дар таркиби онҳо ба андозаи зиёд моддаҳои кимиёӣ, заҳрдор, кансерогенӣ ва омехтаи биологӣ доранд, аз ҷумла маҳсулоти дар хона тайёршуда, мӯҳлати истеъмоли онҳо гузаштааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 127. Киштукор ва парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъадор
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631)
Барои киштукор ва парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъадор, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии растаниҳое, ки кишташон манъ мебошад ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 128. Ғайриқонунӣ истеҳсол ва тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва ё прекурсорҳои онҳо
(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 513, аз 19.07.2019 № 1631, аз 23.12.2021 № 1813)
1. Барои ғайриқонунӣ истеҳсол ва тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва ё прекурсорҳои онҳо бе мақсади фурӯхтан ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни аз 19.05.2009 № 513, аз 19.07.2019 № 1631, аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бо мақсади фурӯхтан содир намудани кирдори дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, ҳамчунин фурӯши ғайриқонунии онҳо ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 129. Ҷалби ноболиғон ба истеъмоли машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда
1. Барои ҷалби ноболиғон ба истеъмоли машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда, аз ҷумла воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои содир намудани ҳамин кирдорҳо аз тарафи падару модар ё дигар намояндаҳои қонунии ноболиғон, инчунин шахсоне, ки ба зиммаи онҳо вазифаи таълиму тарбия ва табобати онҳо вогузор шудааст,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 130. Машғул шудан ба фоҳишагӣ
1. Барои машғул шудан ба фоҳишагӣ,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1234, аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 131. Тарғиби воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ҳаммонанди (аналоги) онҳо ё прекурсорҳои онҳо
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 23.12.2021 № 1813)
Барои тарғиби воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ҳаммонанди (аналоги) онҳо ё прекурсорҳои онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 23.12.2021 № 1813),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 132. Истеҳсол ё муомилоти спирти этилӣ, маҳсулоти алкоголӣ ё дар таркибаш спиртдошта, ки ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқат намекунад
Барои истеҳсол ё муомилоти спирти этилӣ, маҳсулоти алкоголӣ ё дар таркибаш спиртдошта, ки ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқат намекунад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 20.06.2024 № 2051).