ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҚОИДАҲОИ КИМИЁВИИ ҲИФЗИ РАСТАНӢ | 1994
Моддаи 280. Риоя накардани қоидаҳои муборизаи зидди организмҳои зараррасони карантинӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои муборизаи зидди организмҳои зараррасони карантинӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи агрокимиёвӣ ва пестисидҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои ғайриқонунӣ тайёр кардан ва ба фурӯш баровардани моддаҳои кимиёӣ (дар соҳаи агрокимиё),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 284. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори назорати давлатии гузаронидани чорабиниҳои кимиёкунонӣ ва ҳифзи растаниҳо
Барои монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори назорати давлатии гузаронидани чорабиниҳои кимиёкунонӣ ва ҳифзи растаниҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).