ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ | 1994

Моддаи 285. Риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар нақлиёти роҳи оҳан
1. Барои дар роҳи оҳан гузоштани ашёе, ки метавонад ба ҳаракати поезд халал расонад,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои худсарона ва бе зарурат нигоҳ доштани поезд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл бо ароба ва гузаронидани чорво аз роҳи оҳан, чаронидани чорво дар назди роҳи оҳан,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои расонидани зарар ба роҳи оҳан, дарахтзорҳои муҳофизатӣ, монеаҳои муҳофизат аз барф, дигар объектҳо, иншоот ва таҷҳизоти низоми сигналдиҳию алоқаи роҳ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои риоя накардани меъёри муқарраршудаи бор ҳангоми боргирӣ ва борфарорӣ дар нақлиёти роҳи оҳан,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
6. Барои гузаштан аз ҷойҳои мамнуи роҳи оҳан,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 286. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087)
1. Барои худсарона ба поездҳои боркаш савор шудан, дар вақти ҳаракати поезд савор шудан ва аз он фаромадан, дар болои зина ва боми вагон сафар кардан,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба асбобу анҷоми дохили қатораҳои мусофиркаш, шишатирезаҳои локомотивҳо ва вагонҳо расонидани зарар,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тиреза ва аз дари вагонҳои поезд, аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ партофтани партову пасмондаҳо ва дигар ашё (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
4. Барои тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот дар поездҳо, ба ғайр аз ҷойҳои барои ин мақсадҳо муқарраргардида,
ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 287. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизат аз сӯхтор дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, автомобилӣ ва нақлиёти техникӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи муҳофизат аз сӯхтор дар нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти техникӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи муҳофизат аз сӯхтор дар нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти обӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи муҳофизат аз сӯхтор дар ҳавопаймо (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 288. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли маводи хавфнок тавассути нақлиёти роҳи оҳан, обӣ, автомобилӣ ва барқӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли маводи хавфнок тавассути нақлиёти роҳи оҳан, обӣ, автомобилӣ ва барқӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар троллейбус, автобус, таксии сайрхат бо худ гирифта бурдани маводи тарканда, зудоташгиранда, заҳролудкунанда ва заҳрдор, инчунин ба борсафар ё анбори борнигоҳдории нақлиёти автомобилӣ супурдани чунин мавод,
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 289. Риоя накардани қоидаҳои таъмини ҳифзи воситаҳои нақлиёт ва бор дар нақлиёти роҳи оҳан, обӣ ва автомобилӣ
1. Барои расонидани зарар ба нақлиёти роҳи оҳан, контейнерҳо, воситаҳои нақлиёти шинокунанда ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки барои боркашонӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин барои расонидани зарар ба воситаҳои боркашонӣ,
ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои шикастани пломбаҳо ва василаҳои қулфкунандаи вагонҳои боркаш, автомобилҳо, ядакҳои автомобил, контейнерҳо, таҳхонаи киштӣ ва дигар ҳуҷраҳои борнигоҳдории воситаҳои шинокунанда, аз онҳо кандани пломбаҳо, расонидани зарар ба ҷойҳои алоҳидаи боргузорӣ ва масолеҳу лифофаҳои бастабандии онҳо, деворҳои ҳавлиҳои боргузор, истгоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои автомобилҳои боркаш, пунктҳо (майдончаҳо)-и контейнер, бандарҳо, истгоҳҳо ва анборҳо, ки барои амалиёти марбут ба ҳамлу нақли бор истифода бурда мешаванд, инчунин барои бе зарурат дар ҳудуди борхонаҳо, пунктҳо (майдончаҳо)-и контейнер, маҳалҳо (қитъаҳо)-и боркашонӣ, бандарҳо (истгоҳҳо), шлюзҳо ва анборҳои дар боло зикршуда гаштугузор намудан,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз дувоздаҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 290. Расонидани зарар ба роҳ, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар иншооти роҳ ё воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ
1. Барои расонидани зарар ба роҳ, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар иншооти роҳ ё воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои наандешидани чораҳо бобати пешгирӣ намудани ифлосшавии кӯчаҳою роҳҳои барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон пешбинишуда риоя накардани қоидаҳои барқароркунии қисматҳои дар натиҷаи корҳои таъмирию сохтмонӣ зарардидаи роҳу кӯчаҳо, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тахдид мекунад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 291. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард
1. Барои шудгор кардани қитъа, даравидани алаф, буридан ва шикастани ниҳолу буттаҳо, бурида гирифтани чимтол ва хок, ба иншооти обпарто ва минтақаҳои эҳтиётии роҳҳои автомобилгард бе розигии мақомоти роҳ ҷорӣ кардани оби корез, оби корхонаҳои саноатӣ, оби мелиоративӣ ва оби равон, инчунин барои дар минтақаҳои роҳ ва дар масофаи то 200 метр аз пулҳои чӯбин афрӯхтани оташ, сигоркашӣ дар болои пулҳои чӯбин ва пулҳои фаршашон чӯбин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои кандани роҳ, гузаронидани ҳар гуна коммуникатсия аз роҳ, ифлос кардани роҳ, ба вуҷуд овардани монеаи табиӣ дар роҳ, дар шафати роҳ сохтан ва ташкил намудани ошхона, нуқтаҳои хизматрасонию савдо бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкилотҳои минтақавии роҳ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1069),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 292. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ аз ҷониби истифодабарандагони замин
Барои аз тарафи истифодабарандагони замин қитъаҳои назди роҳҳои автомобилгард, маҳалҳои аҳолинишини воқеъ дар канори роҳҳои умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иҷро накардани вазифаи ободонӣ, таъмир ва мунтазам тоза кардани пайраҳаҳои пиёдагард ва пулҳои пиёдагузар қитъаҳои ба онҳо вобастакардашуда, инчунин барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои дар ҳолати дурусти техникӣ ва тоза нигоҳ доштани баромадгоҳи қитъаҳо ба шохароҳҳои бо роҳи автомобилгарди истифодаи умум пайвастшаванда, аз ҷумла пулҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 293. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар иншоотҳои роҳ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар иншооти роҳ ё саривақт наандешидани чораҳо бобати иҷро намудани амрномаю дастури мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба масъалаи бартараф кардани камбудиҳо, инчунин наандешидани тадбирҳо бобати манъ ё махдуд намудани ҳаракат дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ, ки истифодаашон хатарнок аст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Ҳуқуқвайронкунии дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳу иншооти роҳ, дигар иншоот ва молу мулк гардидаанд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 294. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории чоҳҳои муоинавӣ, коммуникатсияҳои зеризаминии дар роҳҳои мошингард мавҷудбуда
1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории чоҳҳои муоинавӣ, коммуникатсияҳои зеризаминии дар роҳҳои мошингард мавҷудбуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар мӯҳлати зиёда аз як шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани иттилоот наандешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани иллати коммуникатсияҳои зеризаминӣ, ки бар асари об, моеъҳои техникӣ, баромадани буғ боиси вайрон шудани қабати болои роҳ, яхбандӣ, маҳдудияти намоёнии роҳ ё боиси дигар монеаҳо шуда, ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамояд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии дар ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти он, дигар иншоот ва молу мулк гардидааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 295. Бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
Барои аз тарафи мусофирон бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кӯдакони аз панҷсола калон,бағоҷ ва бори аз меъёр зиёд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727),
дар поездҳои сайри маҳаллӣ ба андозаи аз як то ду, дар поездҳои сайри байналмилалӣ аз се то панҷ, дар тайёраҳои мусофиркашонии дохилӣ аз панҷ то ҳафт, дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии байналмилалӣ аз понздаҳ то бист, дар киштиҳои обӣ аз як то ду, дар  таксиҳои сайрхат аз як то ду, дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718, аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 295(1). Бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар
Барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардани мусофирон, бо худ бурдани кӯдакони аз панҷсола калон, бағоҷ ва бори аз меъёр зиёд, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар,
ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 296. Риоя накардани қоидаҳои бехатарии парвоз
1. Барои дар аэродром гузоштани ягон нишонаю асбоби ба нишонаю асбобҳои хоси фурудгоҳ, ки барои шинохтани аэродромҳо қабул шудаанд, монанд ё бе иҷозати маъмурияти фурудгоҳ, аэродром афрӯхтани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ё сохтани объектҳое, ки ба ғун шудани селаи паррандагони барои парвози ҳавопаймо хавфнок мусоидат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои дар болои биноҳою иншоот насб кардани нишонаҳо ё асбобҳои тафриқавии шабона ва рӯзона,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои расонидани зарар ба таҷҳизоти фурудгоҳ, аэродром, нишонаҳои фурудгоҳ, аэродром, ҳавпаймоҳо ва таҷҳизоти онҳо (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои риоя накардани низоми рухсатномавӣ ё дохилиобъектӣ, ки дар фурудгоҳҳо, аэродромҳо, объектҳои ба воситаи радио ва равшанӣ таъминкунандаи парвоз муқаррар шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 297. Риоя накардани қоидаҳои тавассути ҳавопаймо ҳамлу нақли маводи хавфнок
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718)
Барои риоя накардани қоидаҳои тавассути ҳавопаймо ҳамлу нақли маводи хавфнок (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 298. Риоя накардани қоидаҳои рафтор дар ҳавопаймоҳо
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718)
Барои дар дохили ҳавопаймо риоя накардани қоидаҳои аксбардорӣ, наворбаргирӣ, истифодаи воситаҳои радиоалоқа ва дигар қоидаҳои муқарраршуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 299. Иҷро накардани амри командири ҳавопаймо
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718)
Барои иҷро накардани амри командири ҳавопаймо аз ҷониби шахсони дар дохили киштии ҳавоӣ қарордошта (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 300. Риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бор дар ҳавопаймо
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718)
Барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бор дар ҳавопаймо (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 301. Саркашӣ кардан аз боздиди шахсӣ, бағоҷ ва бори дастӣ
Барои саркашӣ кардан аз боздиди шахсӣ, бағоҷ ва бори дастӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии парвоз, инчунин пешгирии кӯшиши гузаронидани мавод ва ашёе, ки тавассути ҳавопаймо нақли онҳо манъ аст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 302. Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар фурудгоҳҳо
Барои аз тарафи ронандагони мошинҳои махсуси фурудгоҳҳо, ташкилоту корхонаҳо риоя накардани меъёрҳои суръати муқарраршудаи ҳаракат дар фурудгоҳҳо, ҷойҳои махсус муайяншуда, аз ҷумла истгоҳҳо ва қароргоҳҳо, инчунин риоя накардани қоидаҳои наздикшавӣ ба ҳавопаймо (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718),
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 303. Риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар киштиҳои обӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои ворид гаштани киштиҳо ба бандар ва баромадани онҳо аз бандар, ҳаракат ва таваққуфи киштиҳо дар бандарҳои обӣ, қоидаҳои таъмини бехатарии мусофирон ҳангоми ба киштӣ савор шудан ва аз киштӣ фуромадан,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Расонидани зарар, кандан, ба ҷойи дигар мондани нишонаҳои шиноварию соҳилии нишондиҳандаи мавқеи киштӣ ё риоя накардани тартиби муқарраршудаи чароғакҳои огоҳкунанда, ба ҳамдигар додани сигналҳои бонгию биниши шабонаю рӯзона ё барои сайди моҳӣ дар самти ҳаракати киштӣ гузоштани тӯру асбобҳои дигар,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои беиҷозат анҷом додани корҳои ғаввосӣ дар обҳои назди бандар, риоя накардани тартиби сигналдиҳӣ ҳангоми иҷрои чунин корҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 304. Расонидани зарар ба дастгоҳҳои дохилии киштиҳои обӣ
Барои расонидани зарар ба дастгоҳҳои дохилии киштиҳои обӣ,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 305. Риоя накардани қоидаҳои ба воситаҳои нақлиёт бор кардан, аз он фаровардан ва ҷойгир кардани бор дар нуқтаҳои боргирию борфарорӣ ва бандарҳо
Барои риоя накардани қоидаҳои ба воситаҳои нақлиёт бор кардан, аз он фаровардан ва ҷойгир кардани бор дар нуқтаҳои боргирию борфарорӣ ва бандарҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 306. Риоя накардани қоидаҳои ҳисоби киштиҳои хурдҳаҷм, инчунин қоидаҳои истифодаи чунин киштиҳо ва қароргоҳҳо (иншоотҳо)-и исти онҳо
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳисоби киштиҳои хурдҳаҷм, инчунин қоидаҳои истифодаи чунин киштиҳо ва қароргоҳҳо (иншоотҳо)-и исти онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 307. Риоя накардани қоидаҳои сохтан ва ба истифода додани киштии хурдҳаҷм, инчунин идора намудани киштӣ аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани онро надорад
1. Барои сохтан ва ба истифода додани киштии хурдҳаҷм, ки ба таври муқарраршуда ба қайд гирифта нашудааст ё аз назорати техникӣ нагузаштааст, рақаму аломат надорад ва беиҷозат аз нав муҷаҳҳаз карда шудааст, дорои камбудиҳои техникӣ мебошад ва бо чунин камбудиҳо истифодаи он манъ аст ва ё қоидаҳои боргирӣ, меъёри ғунҷоиши мусофирон, шартҳо ва маҳдудиятҳои шиноро дар минтақа риоя намекунад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои идора кардани киштии хурдҳаҷм аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани чунин киштиро надорад ё идораи он ба зиммаи шахсе вогузошта шудааст, ки ҳуқуқи идоракуниро надорад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 308. Риоя накардани қоидаҳои ҳаракати киштиҳои хурдҳаҷм
Барои аз тарафи ронандагони киштиҳои хурдҳаҷм зиёд намудани суръати муқарраршуда, риоя накардани талаботи нишонаҳои ҳаракат, дидаю дониста манъ кардан ё гузоштани киштӣ дар ҷойҳои мамнуъ, расонидани зарар ба иншооти гидротехникӣ ё воситаҳои техникӣ, нишонаҳои киштигардию навигатсионӣ, риоя накардани қоидаҳои манёвр, додани сигналҳои савтӣ, қоидаҳои ҷойгир кардани чароғакҳо ва нишонаҳои бортӣ,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани киштӣ ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 309. Аз тарафи ронандагон ё шахсони дигар дар ҳолати мастӣ идора кардани киштии хурдҳаҷм
1. Барои идора кардани киштии хурдҳаҷм дар ҳолати мастӣ,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани киштӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта иҷозат додани идоракунии киштии хурдҳаҷм,
ба шахсони масъули истифодаи киштӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 310. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон
1. Барои аз тарафи ронандагон идора кардани воситаҳои нақлиёти дорои норасоиҳои техникӣ дар системаҳои боздорӣ (ба ғайр аз боздорандаи дастӣ), идоракунӣ (рул) ё таҷҳизоти васлшавии ядак (нимядак)-и автопоезд, риоя накардани тартиби муқарраршудаи бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бе иҷозат аз тарафи ронандагон идора кардани воситаҳои нақлиёти бо гази моеъ ё табиӣ ҳаракаткунанда, инчунин идора кардани воситаҳои нақлиёте, ки мӯҳлати санҷиши техникии зарфи газнигоҳдории онҳо гузаштааст,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи ронандагон зимни идора кардани воситаи нақлиёт истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, ки асбобҳои бе ёрии даст таъминкунандаи гуфтугӯиро надоранд, инчунин истифода бурдани таҷҳизоти экрандори намоишдиҳанда дар қисми пеши дохили (салони) воситаи нақлиёт,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 311. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ бо нақлиёти автомобилӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1279)
1. Барои аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1279),
ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ ба ронандагон иҷозат додани идоракунии воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи бори хавфнок, калонҳаҷм ва вазнин (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз як саду бист то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои ҳамлу нақл намудани борҳои калонҳаҷм ва вазнин бе сертификати боркашии воситаҳои нақлиёт,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз як саду бист то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 312. Идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами ноаён ё рақаме, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудааст
1. Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноаён,
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда ё аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол маҳрум карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 313. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1986)
Барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ,
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1986, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 314. Идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад
Барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 315. Идора кардани воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ ва суғуртаи ҳатмӣ
(Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262)
1. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёте, ки дар мӯҳлати муқаррарнамуда аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ нагузаштааст,
ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи ҳатмӣ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 316. Риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт
Барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 317. Аз тарафи ронандагон ва мусофирон риоя накардани қоидаҳои истифодаи тоскулоҳҳои мотосиклронӣ
1. Барои аз тарафи ронандагон ва мусофирон риоя накардани қоидаҳои истифодаи тоскулоҳҳои мотосиклронӣ,
огоҳӣ дода мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 318. Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар
Барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 835, аз 22.07.2013 № 980, аз 25.12.2015 № 1262, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 319. Бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идора кардани воситаҳои нақлиёти боркаш, ки ба ҳамлу нақли одамон машғул аст
Барои бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идора кардани воситаҳои нақлиёти боркаш, ки ба ҳамлу нақли одамон машғул аст, инчунин идора намудани дигар воситаҳои нақлиёти барои мусофиркашонӣ пешбининашуда,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 320. Риоя накардани қоидахои мусофиркашонӣ
1. Барои аз ҷойи нишасти муҷаҳҳазшуда ё меъёри пешбинишуда зиёд ҷойгир намудани мусофирон дар мошинҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои содир намудани дигар ҳаракатҳои ғайриқонунии мусофиркашонӣ,
ба андозаи аз нисф то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 321. Бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тарафи ронандагони автобусҳо ва микроавтобусҳо кашонидани мусофирон дар роҳҳое, ки ҳаракати нақлиёти мусофиркаш манъ аст
Барои бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тарафи ронандагони автобусҳо ва микроавтобусҳо кашонидани мусофирон дар роҳҳое, ки ҳаракати нақлиёти мусофиркаш манъ аст,
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 322. Риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ
Барои бо нақлиёти автомобилӣ кашонидани борҳои пошхӯранда, ки пардаҳои ҳимоявӣ надорад, таъмин накардани мустаҳкамии бордон ва асбобҳои мустаҳкамкунанда, инчунин риоя накардани тартиби муқарраршудаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 323. Худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат
1. Барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат ё то охири он нарафтан, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ё автобусҳое, ки бе тахограф (асбоби назорат) ё бо тахографи хомӯшкардашуда ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, барои пур накардани тахограмма ё варақаи қайди реҷаи корӣ,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани реҷаи муқарраршудаи кории ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ё автобусҳое, ки ба ҳамлу нақли байналмиллалӣ машғуланд ё идора намудани чунин воситаи нақлиёт бе нишонаи фарқкунандаи давлатии воситаи нақлиёти бақайдгирифташуда,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии хатсайр ё то охири он нарафтан (ба истиснои хатсайри муқарраршудаи таҳвили молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордошта),
ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1279, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 324. Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 835)
Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ё аз канори чапи роҳ ҳангоми мавҷудияти хатти холӣ дар ҳамон самт, барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хатти якуми ҳаракат дар ҳамон самт, инчунин ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 325. Риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан
1. Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи аз даҳ то сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи зиёда аз сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, дар сурате ки роҳбандон ба вуҷуд омада бошад ё дар ин ҳолат ба чорроҳа дохил шудан,
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910аз 22.07.2013 № 980, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 326. Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ногаҳон ба тағйир додани суръат, самти ҳаракат ё андешидани дигар чораҳо барои таъмини бехатарии худ ё дигарон маҷбур намуда, ба пайдоиши ҳолати садамавӣ мусоидат менамояд,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 326(1). Ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ва идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1518)
1. Барои ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ, инчунин, идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт ҷиҳати иштирок дар чунин пойгаҳо,
ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Эзоҳ: Пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ - пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, ки худсарона дар роҳҳои истифодаи умум бе мувофиқаи мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1518).
Моддаи 327. Аз тарафи пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ
Барои аз тарафи пиёдагардон, инчунин аз тарафи шахсони мопед ва велосипедро идоракунанда, аробакашон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 328. Иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд
1. Барои иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати се моҳ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи шахсони идоракунандаи мопед ва велосипед содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 329. Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон
1. Барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт ё саркашӣ кардан аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат ё нақлиёт барои санҷиш, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри кормандони милитсия ё дигар шахсон вонагузоштани воситаи нақлиёт,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1179, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи ронандагон дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати як сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1179, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1179, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост
(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 577)
1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ ва ё бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1986),
ба андозаи як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1986, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,
ба андозаи як саду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо ё шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо,
ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо,
ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост,
ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 331. Риоя накардани қоидаҳои гузаштан аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар иншооти роҳ
Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои гузаштан аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан (ҳангоми баста будан ё баста шуда истодани ғавчӯб (шлагбаум) ба гузаргоҳ даромадан ё давр зада гузаштан аз он, гузаштан аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳи оҳан ва дигар амалҳое, ки бар хилофи қоидаҳои убури гузаргоҳҳои роҳи оҳан мебошанд),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 332. Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 806)
Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад,-
ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 333. Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст
1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ, иншоот ё дигар молу мулк гаштааст,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ,
ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст,-
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати то шаш моҳ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1179, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 334. Тарк кардани ҷои садамаи нақлиётӣ
Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, бар хилофи тартиби муқарраршуда тарк намудани ҷойи садамаи нақлиёт, ки иштирокчии он мебошанд,
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 335. Барқарор намудани воситаи нақлиёти зарардида
Барои бе иҷозати Бозрасии давлатии автомобилӣ барқарор намудани воситаи нақлиёти дар натиҷаи садама зарардида,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 336. Аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт
1. Барои аз тарафи шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта идора кардани воситаи наклиёт,
ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт,
ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст ва боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст,
ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои аз тарафи ронанда бе категорияи мувофиқ идора кардани воситаи нақлиёт,
ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои ба шахсе, ки ҳуқуқи идоракунии категорияи мувофиқ ба воситаи нақлиётро надорад, вогузоштани идоракунии он,
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).
6. Барои содир намудани кирдори бо қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст,
ба андозаи як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 337. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад
1. Барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин дар натиҷаи ин кирдор зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё молу мулк,
ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати даҳ сол таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
2. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1336). 
Моддаи 338. Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишуда ё бо ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт, ки муҳлати эътибораш гузаштааст
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1518)
1. Барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандае, ки бо худ ҳуҷҷатҳои дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишударо надорад, аз ҷумла агар ҳуҷҷатҳои мазкур гум ё дуздида шуда бошанд ва ё бо ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт, ки муҳлати эътибораш гузаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1518),-
огоҳӣ дода мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 339. Саркашӣ кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз гузаштани муоинаи ҳолати мастӣ
1. Барои тибқи тартиби муқарраршуда аз гузаштани муоинаи ҳолати мастӣ саркашӣ кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 806, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то ҳафт  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз як то ду сол ё ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 806, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 340. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
1. Барои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо,
огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи нисфи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843, аз 23.12.2021 №1814, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба аломати чароғаки раҳнамо ё ишораҳои танзимгари ҳаракат дар роҳ итоат накардани ронандагони мопеду велосипедҳо, аробакашҳо ва дигар шахсони истифодабарандаи роҳҳо, ҳамчунин риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 №1814, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар ҳолати мастӣ риоя накардани қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда, инчунин идора кардани мопеду велосипед ва нақлиёти ҳамлу нақл бо ароба дар ҳолати мастӣ,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 341. Ба роҳ баровардан ва ё истифода бурдани воситаҳои нақлиёти вайрон
1. Барои ба роҳ баровардани воситаҳои нақлиёти вайрон, ки бо чунин ҳолат истифода бурдани онҳо манъ аст ё бе рақами давлатӣ ё бе иҷозати дахлдор ҷиҳозонидашуда, инчунин мошинҳои боркаш, ки ба мусофиркашони ё кашонидани борҳои хавфноку калонҳаҷм машғуланд, бе рухсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ё мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифтанашуда ё аз санҷиши давлатии техникӣ нагузашта,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ҳаракатҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 342. Ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд
Барои ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 343. Ғайримақсад истифода бурдани воситаҳои нақлиёт, мошин ё дигар механизмҳо ва дар ҷойҳои муқаррарнашуда нигоҳ доштани онҳо
Барои ғайримақсад истифода бурдани воситаҳои нақлиёт, мошин ё дигар механизмҳо, ки ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тааллуқ доранд, инчунин дар ҷойҳои муқаррарнашуда нигоҳ доштани онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 344. Иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи бартараф намудани камбудиҳо
1. Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба нигоҳдории роҳ ва воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, инчунин риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо, стандартҳо, ки ба ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ мансубанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 345. Худсарона аз нав рақам задан, дигар ё нест кардани рақамҳои қисму агрегатҳои асосии воситаҳои нақлиёт
Барои худсарона аз нав рақам задан, дигар ё нест кардани рақамҳои қисму агрегатҳои асосии воситаҳои нақлиёт ва истифода бурдани чунин нақлиёт,
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 346. Таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ
Барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ, дар нақб, ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеа ба вуҷуд меоранд, инчунин беназорат гузоштани воситаҳои нақлиёт,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 346(1). Риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2018)
1. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани монеа ҳангоми истифодабарии ҷойҳои таваққуф дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникии танзимкунанда ё дигар молу мулки дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ буда,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт бе пардохти маблағи хизматрасонии истифодабарӣ тарк кардани ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2018, аз 20.06.2024 № 2051).