ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ | 1994

Моддаи 460. Майдаавбошӣ
Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 461. Вандализм
Барои зишту касиф намудани бино ва дигар иншоот, расонидани зиён ба молу мулки нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 462. Халалдор кардани оромӣ
1. Барои дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300 то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда", техника ё таҷҳизоти сохтмонию таъмирии садобарор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262),
ба шахсони воқеӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони ҳуқуқӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои пахши диск, фита ва дигар воситаҳои техникии сабти хусусияти динии экстремистӣ ва (ё) таҳқиркунанда дошта, дар кӯчаю хиёбонҳо, майдонҳо, бозорҳо, марказҳои савдо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), воситаҳои нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 756, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 756, аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 462(1). Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)
Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1726, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 463. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ё кашидани маҳсулоти тамоку
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
1. Барои дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, дар дохили ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки шаъну шарафи инсон ва ахлоқи ҷамъиятро доғдор менамояд,
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар ҷойҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" манъ кардааст,-
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2052)
Моддаи 463(1). Муомилоти маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо вайрон намудани талаботи муқарраргардида
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2052)
1. Барои фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он,-
ба соҳибкорони инфиродӣ аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2052)
Моддаи 463(2). Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон
Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 463(3). Манъи нстеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд мебошад, инчунин дар бастаи онҳо мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку
1. Барои истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёд мебошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар тарафҳои калон ва паҳлӯии баста мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба меъёри қатрон ва никотин дар таркиби он,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 464. Ҷалб кардани ноболиғон ба рафторҳои зиддиҷамъиятӣ
1. Барои аз тарафи волидон ё шахсони дигар ҷалб кардани ноболиғон ба гадоӣ, фоҳишагарӣ, истеъмоли модда ё воситаҳое, ки маводи нашъадор ё психотропӣ маҳсуб намеёбанд, вале метавонанд ба фаъолияти зеҳнии онҳо таъсири манфӣ расонанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба ҳолати мастӣ расонидани ноболиғон ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои ба ноболиғон фурӯхтани машруботи спиртӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650),
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 464(1). Ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
1. Барои аз тарафи шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ (клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок), инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то як саду бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз як саду ҳаштод то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як саду сӣ то як саду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз дусаду бист то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 465. Қиморбозӣ
1. Барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда ташкил кардани қиморбозӣ (картабозӣ ва ғайра) ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои иштирок дар қиморбозӣ ба ивазӣ пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок дар ҷойҳои муқаррарнашуда, инчунин аз тарафи шахсони алоҳида пазируфтани ставкаҳо (ҳуқуқпулӣ) дар бозиҳои варзишӣ ва дигар қувваозмоиҳо,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 466. Бардурӯғ даъват кардани хадамоти махсус
Барои бесабаб ва бардурӯғ даъват кардани мақомоти зидди сӯхтор, милитсия, ёрии таъҷилӣ ва дигар хадамоти махсус,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 467. Тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон дар маҳалҳои аҳолинишин, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҷойҳои барои ин мақсад пешбининашуда, инчунин муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980)
1. Барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон дар маҳалҳои аҳолинишин, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои барои ин мақсад пешбининашуда (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он истеҳсол кардан, харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 468. Риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳо дар бораи баҳисобгирии маводи тарканда
(Қоуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
Барои аз тарафи соҳибкорон, соҳибмулк, шахсони мансабдор, кормандони масъул риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳои баҳисобгирии маводи тарканда дар соҳаи саноат ва дар объектҳои таҳти назорати мақомоти назорати давлатӣ қарордошта (Қоуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477),
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 469. Маскуният бе шиноснома ё бидуни қайд
1. Барои бе шиноснома маскун будани шаҳрвандоне, ки бояд шиноснома дошта бошанд ё бо шиносномаи беэътибор, инчунин бидуни қайд зиндагӣ кардан,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 470. Аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани тартиби муқарраргардидаи вуруди шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои қабулкунандаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ё ба онҳо хизматрасонанда, иҷрокунандаи ӯҳдадориҳои вобаста ба риояи шароити будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тавассути марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани онҳо, риоя накардани тартиби муқарраршудаи қайди онҳо, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои маскуният, рафтуомад ва тағйир додани ҷойи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи шаҳрвандоне, ки бо корҳои шахсӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд ва ба онҳо макони истиқомат додаанд, наандешидани чораҳои таъмини риояи қоидаҳои муқарраршудаи будубош ва бақайдгирии саривақтии онҳо,
ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд додани манзил, воситаҳои нақлиёт ё ба онҳо расонидани дигар намуди хизмат бидуни риояи қоидаҳои муқарраршудаи вуруди шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври транзитӣ гузаштани онҳо тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисмҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафтод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 471. Риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити ҳолати ҷангӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1092, аз 13.11.2024 № 2086)
Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити ҳолати ҷангӣ, ки боиси халалдор шудани тартибот ва оромии шаҳрвандон мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1092, аз 13.11.2024 № 2086),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ба тариқи ҳабси маъмурӣ аз понздаҳ то сӣ шабонарӯз ҷазо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 471(1). Риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулодда
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1092)
Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то сӣ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1092, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 472. Ғайриқонунӣ ворид намудан ё суиқасди ғайриқонунӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳо (тавқифгоҳҳо)-и тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ ворид намудани ашёи манъшуда бо мақсади ба маҳкумшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон додани онҳо
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928)
1. Барои ғайриқонунӣ ворид намудан ё суиқасди ғайриқонунӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳо (тавқифгоҳҳо)-и тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ ворид намудани ашёи манъшуда бо мақсади ба маҳкумшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон додани онҳо,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 473. Риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор
1. Барои риоя ё иҷро накардани қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ аз сӯхтор,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз  бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1179, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1179, аз 20.06.2024 № 2051).