ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ТАРТИБОТИ ИДОРАКУНӢ | 1994
Моддаи 474. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843).
1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843):
- бе қайди давлатӣ ё бидуни азнавбақайдгирии давлатӣ фаъолият намудани иттиҳодияҳои динӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843);
- риоя накардани қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои динӣ;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813);
- адои тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда;
- содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ муайяншуда барнамеоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843, аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то шаст, ба роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз сад то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843, аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 474(1). Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ
1. Барои истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шаст то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз як саду ҳафтод то як саду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шашсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз навад то сад, ба шахсони мансабдор аз як саду ҳаштод то як саду навад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813) .(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
3. Барои аз тарафи ташкилотҳои динӣ ба табъ расонидани адабиёти динӣ ё истеҳсол намудани маводи таъйиноти динӣ бе доштани тамғаи махсус бо номи пурраи худ,
ба андозаи аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои таъсиси корхонаҳои табъу нашри адабиёти динӣ ё корхонаҳои истеҳсоли ашёву маводи таъйиноти динӣ, ба истиснои таъсиси онҳо аз тарафи ташкилотҳои динӣ,
ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650, аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813)
1. Барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар чунин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз навад то як саду панҷоҳ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз як саду шаст то як саду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ғайриқонунӣ гирифтани таълими динӣ,-
ба андозаи аз панҷоҳ то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то як саду сӣ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони мансабдор аз як саду бист то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843)
1. Барои ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрвандон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1631, аз 23.12.2021 № 1813),
ба андозаи аз ҳаштод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843, аз 23.12.2021 № 1813).
2. Барои дар давоми сол баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-
ба андозаи аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843)
1. Барои аз тарафи ҷамоаҳои динӣ муқаррар намудани робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои байналмилалии динӣ бо ташкилотхои хориҷӣ,
ба роҳбарони ҷамоаҳои динӣ ба андозаи як саду чил то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи ташкилотҳои динӣ бидуни мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар намудани робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои байналмилалии динӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ,
ба роҳбарони ташкилотҳои динӣ ба андозаи аз аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843, аз 2.01.2020 № 1659).
1. Барои содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ муайяншуда бармеоянд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то понздаҳ, шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, намояндагиву филиалҳои онҳо, инчунин аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки хориҷиён,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва берун кардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ қабул намудани хайрияҳои ғайриқонунӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад ва ба ҳизби сиёсӣ аз ҳаштсад то як ҳазорнишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 477. Роҳбарӣ ва иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию диние, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, инчунин маблағгузорӣ намудани онҳо
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843)
1. Барои роҳбарӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию динӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ё фаъолияташон боздошта ва ё манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ё фаъолияташон боздошта ва ё манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),
ба андозаи аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ё фаъолияташон боздошта ва ё манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 478. Аз тарафи ташкилотҳои динии хориҷӣ, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ
Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843
1. Барои бе қайди дахлдор амалӣ намудани фаъолияти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,
ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва берун намудани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарони ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва берун намудани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи ташкилотҳои динии хориҷӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),
ба роҳбарони ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва берун кардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои мунтазам бархилофи оиннома (низомнома)-и худ фаъолият намудани ташкилотҳои динии хориҷӣ, инчунин дар мӯҳлати муқарраршуда бартараф накардани камбудиҳо, ки боиси боздоштани фаъолияти онҳо гардидааст,
ба роҳбарони ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 479. Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд
1. Барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар маҳалли вазъияти фавқулодда эълоншуда содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ба мӯҳлати аз понздаҳ то сӣ шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 479 (1). Монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1361)
Барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1361).
Моддаи 480. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
1. Барои вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз ҷониби шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то сенздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 480(1). Парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонот ва паррандаҳои хонагӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 550, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо,-
ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла оид ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
6. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, ба истиснои кирдорҳо ва шахсони дар қисмҳои 7 ва 8 ҳамин модда зикргардида,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазор, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
7. Барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазору дусад, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
8. Барои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва роҳбари дигари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ содир кардани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин аз ҷониби шахсони мазкур барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим,-
ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 482(1). Истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин
(Қонуни ҶТ аз 31.07.2025 №423)
Барои истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин (Қонуни ҶТ аз 31.07.2025 №423)
ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.07.2025 №423)
1. Барои тайёр намудан ва овехта гаштани орден, медал, нишони сарисинагии унвони фахрӣ ё лентаи орден ва медал аз тарафи шахсе, ки дорои чунин ҳуқуқ намебошад,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои хариду фурӯш, иваз ё дар шакли дигар додани нишонҳои мукофоти давлатӣ,
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои азони худ кардани молу мулки ёфтшуда ё тасодуфан бадастомада,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани қоидаҳои назорати маъмурӣ аз тарафи шахсе, ки дар ҳаққи ӯ назорати маъмурӣ муқаррар карда шудааст,
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар маҳалҳои вазъияти фавқулодда эълоншуда аз тарафи шахсоне, ки дар ҳаққи онҳо назорати маъмурӣ муқаррар гардидааст, содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз бист то сӣ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774)
1. Барои риоя накардани тартиби пешбурди фаъолияти корхонаҳои полиграфӣ, мӯҳрсозию кандакорӣ, ба даст овардан ва фурӯхтани таҷҳизоти полиграфӣ, дастгоҳҳои нусхабардор, дастгоҳҳои матбаавии ҳуруфчин ва қолибрез (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани тартиби истифода бурдан, ба ҳисоб гирифтан ва нигоҳ доштани таҷҳизоти полиграфӣ, дастгоҳҳои нусхабардор, дастгоҳҳои матбаавии ҳуруфчин ва қолибрез аз ҷониби шахсоне, ки барои риояи ин қоидаҳо масъул мебошанд,
ба андозаи аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 487. Ғайриқонунӣ ба даст овардан, ба дигарон додан, фурӯхтан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва бо худ доштани тир
Барои ғайриқонунӣ ба даст овардан, ба дигарон додан, фурӯхтан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва бо худ доштани тир (ба ғайр аз тирҳои силоҳи шикории суфтамил) ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980, аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 488. Аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ё гирифта гаштани тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишон ва тирҳои онҳо
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980)
1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ё гирифта гаштани тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ё силоҳи рахпеч ва тирҳои онҳо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки барои нигоҳ доштани онҳо иҷозатномаи мақомоти дахлдорро доро мебошанд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ё гирифта гаштани тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишон ва тирҳои онҳо аз тарафи кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки барои нигоҳ доштани онҳо ҷавобгаранд, инчунин аз ҷониби онҳо бархилофи мақсадҳои пешбинишуда истифода бурдани силоҳи оташфишон ва тирҳои онҳо (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 489. Риоя накардани мӯҳлати бақайдгирӣ (азнавбақайдгирӣ)-и тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишон ё қоидаҳои дар қайд гузоштани онҳо
Барои аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи ба қайд гирифтан (аз нав ба қайд гирифтан)-и тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишон ё қоидаҳои дар сурати тағйирёбии ҷойи истиқомат дар мақомоти ваколатдор дар қайд гузоштани онҳо (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 490. Саркашӣ аз фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо
Барои саркашӣ аз фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки мақомоти ваколатдор барои онҳо иҷозатномаи нигоҳ доштани чунин силоҳро бекор кардааст (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980),-
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо подош ситонидани силоҳ ва лавозимоти он таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 491. Риоя накардани тартиби фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо
Барои аз тарафи кормандони корхонаҳо (ташкилотҳо)-и савдо фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо ба шахсони воқеӣ, корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ки дорои иҷозатномаи мақомоти дахлдор намебошанд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980), -
ба андозаи аз бист то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 492. Риоя накардани тартиби ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба каси дигар додан ё фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва силоҳи сард
1. Барои аз тарафи шаҳрвандон бе иҷозати мақомоти ваколатдор ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба шахсони дигар додан ё фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 22.07.2013 № 980),-
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи шаҳрвандон ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717, аз 22.07.2013 № 980),-
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои эҳтиёт накардани шиноснома, ки боиси гум ё ғайри қобили истифода гардонидани он шудааст,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои қасдан нобуд кардани шиноснома ё ғайриқобили истифода гардонидани он,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ба шаҳрвандони бешиноснома ё бо шиносномаи беэътибор ё ба қайди зист гирифтанашуда аз ҷониби шахсоне, ки ба риояи қоидаҳои низоми шиносномавӣ ҷавобгаранд иҷозати истиқомат додан, инчунин барои шахсони бешиноснома ва ба қайди зист гирифтанашударо ба хонаи худ барои истиқомат роҳ додани шаҳрвандон,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои ба кор қабул кардани шахсони бешиноснома ё шахсони дорои шиносномаи беэътибор, инчунин шахсони дар ҷойи истиқомат барои зист қайднадошта,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои шиносномаи шаҳрвандонро ғайриқонунӣ гирифтан, инчунин онро ҳамчун гарав қабул намудан,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя нагардидани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ,
огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1700, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани низоми Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051, аз 02.01.2025 № 2020).
2. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 20.06.2024 № 2051, аз 02.01.2025 № 2120).
Моддаи 499. Риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таври транзитӣ убур кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418)
1. Барои қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, яъне бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зистан ё истиқомат кардан бо ҳуҷҷатҳои беэътибор, риоя накардани тартиби муқарраршудаи аз қайд гузаштан, мӯҳлати муайяни будубош, саркашӣ аз тарк намудани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риоя накардани қоидаҳои ба таври транзитӣ убур кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1700, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз понздаҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020№ 1700, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда риоя накардани қоидаҳои иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418 , аз 04.07.2020 № 1700, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи ташкилоти нақлиётӣ ё дигар ташкилотҳои боркашонии байналмилалӣ наандешидани тадбирҳои ба зиммаашон гузошташуда ҷиҳати пешгирӣ намудани воридшавии ғайриқонунии шахс ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нақлиёт ё истифодаи нақлиёт барои хориҷшавии ғайриқонунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 501. Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ
1. Барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи хизмати давлатӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418)
Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 502. Риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 503. Дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи конунӣ пайдонакардаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакардаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,
ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 504. Бидуни аз нав ба қайд гирифтан фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ ё бе қайди баҳисобгирӣ фаъолият кардани намояндагӣ ва филиалҳои онҳо
Барои бидуни аз нав ба қайд гирифтан фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ ё бе қайди баҳисобгирӣ фаъолият кардани намояндагӣ ва филиалҳои онҳо, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" онро пешбинӣ намуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 505. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717),
ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1518)
1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи таъмини низоми махфият, бе рухсатномаи дахлдор иҷро намудани фаъолияти вобаста ба сирри давлатӣ, инчунин, махфигардонии маълумоте, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" махфӣ гардонда намешавад,ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад ё фаъолияти онҳо ба муҳлати то се моҳ боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1518, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот, аз ҷумла:
- бе сертификати дахлдори мақомоти ваколатдор истифода бурдани воситаҳои техникии аз хориҷа воридшудаи ҳифзи иттилоот;
- таҳвил (фурӯхтан) ва истифода бурдани воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ намебошанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шонздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Тавассути интиқоли байналмилалии почта фиристодан ва ба қабулкунандагон додани воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва воситаҳои ҳифзи техникии иттилоот, инчунин истифодаи онҳо бе сертификатсия, ки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти ваколатдори ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ гардонда мешаванд, ҳамзамон муқаррар намудани далели истифодаи воситаҳои техникию барномавӣ барои беиҷозат дастрас намудан,
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 508. Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма
1. Барои аз тарафи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 509. Риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии матбуоти даврӣ ва маводи чопӣ
1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии матбуоти даврӣ ва маводи чопӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ва корхонаҳои полиграфӣ, ки чунин маводро нашр мекунанд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 510. Бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
1. Барои бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб менамояд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо боздоштани амали иҷозатнома ба мӯҳлати то се моҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо боздоштани амали иҷозатнома ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз иҷозатнома ҷазо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳанда риоя накардани тартиби додани иҷозатномаи машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ғайриқонунӣ рад кардан ё ба таъхир гузоштани додани иҷозатнома, ё тамдиди мӯҳлат ва ё аз нав барқарор намудани амали иҷозатнома, инчунин талаби ғайриқонунии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои қасдан расонидани зарар ба пломба ва мӯҳри гузоштаи шахсони мансабдори салоҳиятдори мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ ё кандани онҳо,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ғайриқонунӣ рад кардан ё зиёда аз мӯҳлат ба таъхир гузоштани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи шахсони мансабдор ё шахсони мутасаддии бақайдгиранда,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи муқарраршудаи омори давлатӣ ба мақомоти дахлдори оморӣ, ки он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардан ифода меёбад, инчунин нодуруст пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ ё дигар маълумоти зарурӣ барои мушоҳидаҳои омории давлатӣ ва феҳристҳои давлатии воҳиди оморӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаш то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1219, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1219, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии омор пешниҳод намудани маълумоти ҷамъбастии омории нодуруст,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои қасдан хароб ё нобуд кардани аломатҳое, ки дорои сабти ном мебошанд,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 518. Риоя накардани талаботи стандартӣ, шартҳои техникӣ ва қоидаҳои сертификатсия, ба муомилот баровардан ва нигоҳ доштани воситаҳои андозагирӣ ва истифодаи онҳо
Барои риоя накардани меъёрҳои зерини талаботи стандартӣ, шартҳои техникӣ ва қоидаҳои сертификатсия, ба муомилот баровардан ва нигоҳ доштани воситаҳои андозагирӣ ва истифодаи онҳо:
- баровардан, таъмин намудан ва фурӯхтани маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ба талаботи стандартӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд;
- баровардан, таъмин намудан ва фурӯхтани маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ба талаботи стандартӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд ва истифодаи онҳо метавонад ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки одамон, инчунин ба муҳити зист зарар расонад;
- ба фурӯш баровардани маҳсулот, иҷро намудани кор ва расонидани хизмати ҳатман сертификатсияшаванда бидуни сертификати мувофиқат, ки бо тартиби муқарраргардида дода мешавад;
- бе иҷозати дахлдор нишонгузорӣ намудани маҳсулоти бо нишонаи мувофиқат сертификатсиянашуда;
- ба фармоишгар ё ба истеҳсолот додани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ ва лоиҳавӣ, ки ба талаботи стандарт ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд;
- риоя накардани талаботи стандартӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми таҳвил намудан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани маҳсулот, ба шарте, ки он боиси вайрон шудан ё аз меъёр зиёд талаф ёфтани маҳсулот гардида бошад;
- ба муомилот баровардани воситаҳои андозагирӣ, ки аз санҷиши давлатӣ ё аз аттестатсияи метрологӣ ё аз дигар санҷишҳои дахлдор нагузаштаанд;
- тайёру таъмир кардан ва санҷидани воситаҳои андозагирӣ аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки бо тартиби муқарраршуда иҷозати дахлдор нагирифтаанд, инчунин риоя накардани тарз ва қоидаи санҷиш;
- риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои андозагирӣ;
- мавҷуд набудани стандарт ё дигар ҳуҷҷати меъёрии стандартизатсия, ки талабот ба маҳсулот ва хизматрасониро муқаррар намудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро иҷро накардани ташкилот, корхона ва муассисаи соҳаи харид тавассути истифодаи маблағҳои давлатӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи истеҳсолкунанда дер ё нопурра расонидани ҳуҷҷатҳои нусхаи ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои наандешидани чораҳои таъминкунандаи бехатарии нигоҳдорӣ ё таҳлили иттилоот дар ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки боиси дуздидан, нест гардидан ё оқибатҳои дигар гардидаанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот истифода намудан ва бо дигар мақсадҳои ғаразнок додани маълумоте, ки дар натиҷаи фаъолияти қонунии худ гирифтаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қоуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани қоидаҳои таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани қоидаҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 524. Гум кардан, расонидани зарар, пинҳон кардан ё ғайриқонунӣ нобуд кардани ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шудаанд
1. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонӣ, расонидани зарар, пинҳон кардан ё ғайриқонунӣ нобуд кардани онҳо, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 525. Ба таври лозим нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои махсусан арзишноки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шудаанд
1. Барои ба таври лозим нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои махсусан арзишноки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шуда, молу мулки шахси воқеӣ маҳсуб меёбанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 526. Риоя накардани қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Барои риоя накардани қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қасдан нодуруст пур кардани дафтари мазкур,
ба шахси мансабдори ваколатдори мақомоти санҷишкунанда ба андозаи аз бисту панҷ то чил ва ба шахси масъули субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ба андозаи санҷишшаванда аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахси мансабдори ваколатдори мақомоти санҷишкунанда ба андозаи аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахси масъули субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор, инчунин гузаронидани санҷиш бе иҷозати хаттии мақомоти ваколатдор, бе риояи давра ва давомнокии санҷиш, дахолат ба фаъолияти субъекти хоҷагидор дар ҷараёни санҷиш, ки ба мавзӯи санҷиш алоқаманд нест, қабули қарори ғайриқонунӣ оид ба натиҷаи санҷиш ё содир намудани дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар ҳаққи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда, аз ҷумла барои риоя накардани дигар ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидор, ки қонун муқаррар кардааст,
ба шахси мансабдори ваколатдори мақомоти санҷишкунанда ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 527(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659), -
ба шахсони мансабдор аз сад то дусад, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1068, аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 527(2). Риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1093)
1. Барои риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ,
ба шахси мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1093, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 527(3). Риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми додани иҷозат
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1093)
1. Барои риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) ҳангоми додани иҷозат риоя накардани мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ,
ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1093, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 527(4). Риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1093)
1. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,
ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1093, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 527(5). Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1861)
1. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1861, аз 20.06.2024 № 2051).