ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА МЕЪЁРҲО ВА ҚОИДАҲОИ БАЙТОРИЮ САНИТАРӢ | 1994

Моддаи 270. Риоя накардани шартҳои карантини ҳайвонот ва паррандаҳо
Барои риоя накардани шартҳои карантини ҳайвонот ва паррандаҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 271. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои маҳсулдеҳ
Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои маҳсулдеҳ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 272. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии воридоту содироти ҳайвонот, паррандаҳо ва дигар молу маҳсулоти таҳти назорати хадамоти байторӣ қарордошта
Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии воридоту содироти ҳайвонот, паррандаҳо ва дигар молу маҳсулоти таҳти назорати хадамоти байторӣ қарордошта,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 273. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии ҳамлу нақли ҳайвонот, паррандаҳо ва маҳсулоти онҳо
Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии ҳамлу нақли ҳайвонот, паррандаҳо ва маҳсулоти онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 274. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии захира кардани чорво, маҳсулоти он, парранда ва коркарди он
Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии захира кардани чорво, маҳсулоти он, парранда ва коркарди он,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 275. Барои гузаронидани чорабиниҳои ҳатмии байторӣ пешниҳод накардан (пинҳон кардан)-и чорво, паррандаҳо ва дигар ҳайвонот
Барои гузаронидани чорабиниҳои ҳатмии байторӣ пешниҳод накардан (пинҳон кардан)-и чорво, паррандаҳо ва дигар ҳайвонот,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 276. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои бемаҳсул
1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории саг, гурба ва дигар ҳайвоноту паррандаҳои бемаҳсул дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Агар ҳамин кирдор боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё молу мулки шаҳрвандон гардида бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 277. Муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва паррандаҳо
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1812)
1. Барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва паррандаҳо, аз ҷумла ҳайвоноти бесоҳиб, яъне мавриди шиканҷа, лату кӯб, азобу уқубат қарор додан ё содир намудани ҳаракатҳои дигари зӯроварӣ, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати онҳо нагардидааст, ҳамчунин тарғиби муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва паррандаҳо,-
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Агар ҳамин кирдорҳо нисбат ба ҳайвонот ва паррандаҳо аз ҳиссиёти авбошӣ, бо бераҳмии махсус, садизм, бо мақсади гаразнок ва дигар нияти нопоку паст, бо намоиши оммавӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати ҳайвонот ё паррандаҳо гардида бошанд ва ё дар ҳузури шахсони баръало хурдсол содир шуда бошанд,-
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1812, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 278. Забҳи ҳайвонот ва паррандаҳо дар ҷоиҳои муқаррарнашуда
Барои забҳ кардани ҳайвонот ва паррандаҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 279. Фурӯхтани гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаҳо бе иҷозати мақомоти назорати байторӣ
Барои фурӯхтани гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаҳо бе иҷозати мақомоти назорати байторӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).