ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА КОРРУПСИЯ | 1994

Моддаи 656. Ғайриқонунӣ гирифтани подош
Барои аз ҷониби шахсони мансабдор вобаста ба фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои муайянро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба тариқи пул, хизматрасонӣ ва роҳҳои дигар гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, ба шарте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 657. Қабул кардани тӯҳфа ва дигар хизматрасонӣ барои иҷрои вазифаи давлатӣ аз шахсоне, ки аз рӯйи вазифа тобеъанд
Барои қабул кардани тӯҳфа ва дигар хизматрасониҳо ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ аз шахсоне, ки аз рӯйи вазифа тобеъанд (ба истиснои тӯҳфаҳои рамзӣ ва нишони эҳтиром ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест), инчунин пешниҳод намудани ин гуна тӯҳфаву хизматрасониҳо ба шахсони мансабдори болоӣ,
ба андозаи аз си то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 658. Истифодаи бартарияти бо қонун пешбининагардида ҳангоми гирифтану баргардонидани кредит ва қарз, харидани коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул ва дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои дигар
Барои истифодаи бартарияти бо қонун пешбининагардида ҳангоми гирифтану баргардонидани кредит ва қарз аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳо, харидани коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул ва дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои дигар,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 659. Додани бартарият ва имтиёзи ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгиронидани фармоишҳои давлатӣ ва дигар фармоишҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд
Барои додани бартарият ва имтиёзҳои ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгиронидани фармоишҳои давлатӣ, дигар фармоишҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият маблағгузорӣ мешаванд, тақсимоти воситаҳои молиявию моддӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо, баргардонидани қарзҳо ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳои молиявию моддӣ,
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 660. Риоя накардани тартиби вогузоштани ҳуқуқи моликият ба захираҳои молиявию моддии давлатӣ ё ба истифодаи муваққатӣ додани онҳо
Барои риоя накардани тартиби вогузоштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки давлатии ба субъектҳои давлатии хоҷагидор ва дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқдошта, ки дар моликияти онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст ё ба истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани онҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 661. Суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ
Барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла бо мақсадҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 662. Ғайриқонунӣ гузаронидани восита ва захираҳои молиявии давлатӣ ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Барои ғайриқонунӣ гузаронидани восита ва захираҳои молиявии давлатӣ ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 663. Беасос иҷро накардани санадҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорат ва суд
Барои беасос иҷро накардани санадҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорат ва суд, ки дар доираи ваколаташон қабул намудаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 6631. Иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1382)
Барои иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳо,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1382, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 664. Ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ ба даст омадааст
Барои ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ ба даст омадааст, агар ошкор ва паҳнкунии онро қонун манъ карда бошад ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 665. Ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Барои ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳам додан ё аз нав ташкил додани онҳо, дахолат ба таъин ё интихоб кардан ба мансаб ва аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 666. Вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо
Барои вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер, ё музояда, харидор ва ё дигар субъекти хоҷагидорӣ зарар расонида шудааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1715, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 667. Ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии давлат
Барои ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ намудани воситахои асосии давлат (замин ё дигар сарватҳои табиӣ ё моддӣ), яъне ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додан ё кашида гирифтани онҳо, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 668. Риоя накардани тартиби ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Барои пинҳон намудан аз ҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии ошкоршуда, ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудан ё доир ба ин ҳуқуқвайронкунӣ қабул намудани қарори ба кирдор ошкоро номувофиқ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 669. Тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, ахдҳо ва қарордодҳои таҳрифшудаи ихтиёрдорӣ, истифода ё интиқоли молу мулк
Барои тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо ва қарордодҳо, эъломияҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоии муҳосибавии хариду фурӯш, тӯҳфа кардан, иваз намудан, гарав, таъмини мол, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан, харид намудан ва дигар ахдҳои ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва дигар нишондиҳандаҳои молу мулк (мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) таҳриф шуда, ба ин восита ба давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 670. Ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо
Барои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки қонунгузорӣ пешниҳоди онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад ё ба онҳо надодани чунин санаду маълумот, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, ба таъхир андохтани пешниҳоди маълумот, додани маълумоти нопурра ё таҳрифшуда, беасос ситонидан ё ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо тааллуқдоштаи тасдиқкунандаи, ҳуқуқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 671. Ба шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ
Барои ба шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моил кардани онҳо ба кирдори (амал ё беамалии) муайян ба манфиати пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматрасониҳо, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 672. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунии вобаста ба коррупсия
Барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунии вобаста ба коррупсия ё ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 673. Ба мақомот ё шахси ваколатдор пешниҳод накардан ё дер пешниҳод кардани санад ва маводи тафтишу санҷиш
Барои ба мақомот ё шахси ваколатдор пешниҳод накардан ё дер пешниҳод кардани санад ва маводи тафтишу санҷиш оид ба қабули қарор, сарфи назар аз натиҷаҳои он,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 674. Саркашии бадқасдона аз барасмиятдарории амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, таҳриф ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳо ва ҳисобот
Барои саркашии бадқасдонаи шахси матасаддии пешбурди баҳисобгирии муҳосиботӣ ё роҳбари ташкилот аз амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ кардаанд ба расмият даровардан ё ба асноду ҳисоботи молиявӣ, муҳосиботӣ ва оморӣ даровардани маълумоти таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани асноди молиявӣ ва дигар асноди баҳисобгирӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 675. Дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ
Барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ, ки қарори мазкур ба манфиати роҳбари ин мақомот, инчунин ба манфиати роҳбари мақомоти иҷроияи ташкилоте, ки роҳбарии мақомоти дастаҷамъии он аз тариқи ҷамъиятӣ сурат мегирад ё хешовандони наздики онҳо ё ба манфиати шахсони сеюм равона шудааст ва роҳбари мақомоти мазкур ба қабули ин қарор фаъолона мусоидат намудааст ё ба қабули он рӯйирост мамониат накардааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдори мақомоти номбурда ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).