ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА АДОЛАТИ СУДӢ | 1994

Моддаи 528. Беҳурматӣ нисбат ба суд
Барои беҳурматӣ нисбат ба суд, яъне қасдан ба суд наомадани даъвогар, ҷавобгар, шоҳид, ҷабрдида ва шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, инчунин дигар шахсон ё итоат накардани онҳо ба амри судя ё риоя накардани тартибот ҳангоми маҷлиси судӣ, ҳамчунин барои аз тарафи шахс содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё қоидаҳои дар суд муқарраршуда шаҳодат медиҳанд,
ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҷазои ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз се то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 529. Монеъ шудан барои ба суд ҳозир шудани машваратчии халқӣ
Барои бо ҳар баҳона монеъ шудани шахсони мансабдор барои ба суд ҳозир шудани машваратчии халқӣ бобати иҷрои вазифаи ба зиммааш гузошташуда,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 530. Иҷро накардани қарори суд
Барои иҷро накардани қарори суд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1611, аз 18.03.2022 № 1861),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 530(1). Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1861)
1. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1861, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 531. Наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои таъйинот (қарор)-и хусусӣ  ва пешниҳоди суд (судя)
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335)
Барои аз ҷониби шахси мансабдор бе баррасӣ монондани таъйинот (қарор)-и хусусӣ ва пешниҳоди суд (судя) ё наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои онҳо, инчунин саривақт ҷавоб надодан ба таъйинот (қарор)-и хусусӣ ва пешниҳод (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335),
ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 532. Иҷро накардани талаботи қонунии судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда ё шахси мансабдоре, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд
Барои иҷро накардани талаботи қонунии судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда ё шахси мансабдоре, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барасӣ менамояд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 533. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии пристави судӣ ва иҷрочии суд
Барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии пристави судӣ ва иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1611),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 534. Нишондоди бардурӯғи шоҳид, тавзеҳоти мутахассис, хулосаи коршиноси судӣ ё дидаю дониста нодуруст тарҷума намудан
Барои нишондоди бардурӯғи шоҳид, тавзеҳоти мутахассис, хулосаи коршиноси судӣ ё дидаю дониста нодуруст тарҷума намудан, зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 534(1). Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 718, аз 15.03.2016 № 1278)
1. Барои дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсир расондан ба қарорҳои онҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1278),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз ҷониби шахси мансабдор иҷро накардани талаботи қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин ӯҳдадориҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1278),
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои бо дигар шакл монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1278),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).