ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ | 1994
Моддаи 17. Мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамали) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешавад.
2. Беамалӣ дар он сурат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад, ки дар қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории шахс дар хусуси бо амалҳои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оқибатҳо пешбинӣ шуда бошад.
3. Шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте гунаҳкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии вай гумроҳона содир шуда бошад ва ӯ сар задани ин гумроҳиро пешбинӣ карда натавониста бошад.
4. Шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки барои риояи меъёру қоидаҳое, ки тибқи Кодекси мазкур барояшон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, имконият доштанаш муқаррар шуда бошад, вале ӯ барои риояи онҳо на ҳамаи чораҳоро андешидааст.
5. Ба шахси ҳуқуқӣ таъин кардани ҷазои маъмурӣ шахси воқеии гунаҳгорро ба сабаби ҳуқуқвайронкунии мазкур аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намекунад ва ҳамзамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида шудани шахси воқеӣ шахси ҳуқуқиро аз ҷавобгарии маъмурӣ ба сабаби ин ҳуқуқвайронкунӣ озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
6. Суиқасди содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равона гардидааст, агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.
7. Ҷавобгарии маъмурӣ барои суиқасди содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳое фаро мерасад, ки агар ҷавобгарии маъмурии мазкур дар қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928).
Агар шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содиркарда хусусияти зиддиҳуқуқӣ доштани кирдори (амал ё беамалии) худро донад, оқибати зарарноки онро пешбинӣ карда, чунин оқибатро хоҳад ё дидаю дониста ба содиршавии он роҳ дода бошад, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан содиршуда эътироф мегардад.
Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте аз беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки шахси онро содиркарда эҳтимоли оқибати зарарноки кирдори (амал ё беамалии) худро пешакӣ донад, вале бе асосҳои кофӣ, бепарвоёна ё худбоварона ба пешгирии чунин оқибатҳо умед бандад ё эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани чунин оқибатро пешбинӣ накарда бошад, ҳарчанд мебоист ва мумкин буд онро пешбинӣ намояд, инчунин ғайриқонунӣ будани кирдори худро бояд медонист.
1. Кирдори шахс ба шарте ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда намешавад, ки он аз ҷониби ӯ дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содир шуда бошад.
2. Зарурати ниҳоӣ, расонидани зарар, барои рафъи хавфест, ки бевосита ба манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи давлат, ҷамъият ва шахс таҳдид мекунад, яъне дар ин ҳолат бо дигар тарзу восита рафъи он хавф имконопазир гардад ва зарари расонида нисбат ба зарари бартарафшуда камтар бошад.
3. Агар зарари аз ҷониби шахс дар ҳолати зарурати ниҳоӣ ё ночорӣ ва ё дар ҳолати парешонҳолӣ, ваҳму тарс содир шуда, зарари баробар ё нисбатан бештар расида бошад, чунин ҳаракатҳо ғайриқонунӣ дониста намешаванд.
1. Ҳангоми таваккали асоснок расонидани зарар ба манфиатҳои тибқи Кодекси мазкур муҳофизатшаванда ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоб намеёбад.
2. Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки ноил шудан ба мақсади мазкур бо амал (беамалии) ба таваккал марбутнабуда имконнопазир бошад ва шахсе, ки таваккал кардааст, бояд барои пешгирии зарар ба манфиатҳои тибқи Кодекси мазкур муҳофизатшаванда тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.
3. Таваккал кардан ба ҳаёт ва саломатии одамон манъ аст. Агар таваккал баръало бо фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, асоснок эътироф карда намешавад