ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲО ВА ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӣ | 1994
Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилотҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ба нақша мегиранд ва доир менамоянд;
-мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, тайёрӣ, омодагии доимӣ ва таъминоти моддию техникии онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамоянд;
-дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар ташкилотҳо қарорҳо қабул менамоянд;
-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорон, ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбӣ, инчунин омӯзиши коргарону хизматчиёни муассисаҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;
-чорабиниҳоро оид ба ҳифзи коргарону хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо, фондҳои асосии истеҳсолӣ, ашёи хом ва маҳсулоти тайёр дар замони ҷанг ба нақша гирифта, амалӣ месозанд;
-чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотҳо дар замони ҷанг таҳия ва татбиқ менамоянд;
-системаи огоҳкунӣ ва алоқаро ташкил намуда, онро дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифодабарӣ нигоҳ медоранд;
-вобаста ба эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;
-амалиёти дурусти коргарону хизматчиёни муассисаҳоро дар асоси бонгҳои огоҳкунандаи мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;
-корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазирро дар ҳудуди худ ташкил менамоянд ва анҷом медиҳанд;
-бо мақомоти маҳаллии мудофиаи гражданӣ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳаматарафа мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд, оид ба ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, коргарону хизматчиён ва дигар шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд, чораҳои иловагӣ меандешанд.
Ташкилотҳое, ки дорои истеҳсолоти нисбатан хатарнок мебошанд, ё ин ки дар рафти истеҳсолот моддаҳои хатарнокро истифода мебаранд, инчунин дорои аҳамияти мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё ин ки ифодакунандаи дараҷаи баланди хавфи ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда дар замони осоишта ва ҷанг мебошанд, нерӯҳои махсуси ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ медоранд.
Моддаи 13. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ иштирок намуда, талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин соҳа иҷро менамоянд;
-воситаҳои ҳифз аз хатарҳоеро, ки ҳангоми сар задан ва рафти амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, меомӯзанд;
-ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли масъалаҳои соҳаи мудофиаи гражданӣ ёрӣ мерасонанд.