ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР | 1994

Моддаи 61.  Баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар

 

  1. Падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи падару модар).
  2. Ҳуқуқҳои падару модар, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 62. Ҳуқуқи падару модари ноболиғ

 

  1. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.
  2. Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни шонздаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни шонздаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва падару модари ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд.

3.Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни шонздаҳ онҳо ба тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд.

 

Моддаи 63. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

 

  1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадорӣ мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ  намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

  1. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.

Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти  умумии асосӣ  интихоб намоянд.

  1. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 64. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон

 

  1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба зиммаи падару модари онҳо гузошта мешавад. Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, судӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кӯдакон мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои  кӯдакон намоянда таъин кунанд.

 

Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар

 

  1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад.
  2. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё суиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд,  мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

  1. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро падару модар бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кӯдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парасторӣ ё суд муроҷиат кунанд.
  2. Ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва ғайраро) ба инобат мегирад.

 

Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

 

  1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

  1. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.

Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ,  ҳал менамояд.

  1. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба ӯ додани кӯдак ҳалнома  қабул намояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 67. Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва  дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак

 

  1. Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират  бо  кӯдак ҳуқуқ доранд.
  2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
  3. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.

Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

 

Моддаи 68.  Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

 

  1. Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.

  1. Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад.

 

Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

 

  1. Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:

- аз  иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;

- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намоянд;

- аз ҳуқуқи  падару модарии худ  суиистифода намоянд;

- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;

- майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;

- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.

 

Моддаи 70.  Тартиби маҳрум кардан  аз ҳуқуқи  падару модарӣ

 

  1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ ба амал бароварда мешавад.

Парвандаи оид ба маҳрум кардан  аз ҳуқуқи падару модарӣ дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин  мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони  ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва кӯдакони  аз ғамхории  падару модар маҳруммонда ва ғайра), баррасӣ мегардад.

  1. Парвандаҳои оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
  2. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак ситонидани алиментро аз падару модари (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта ҳал мекунад.
  3. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар амалҳои падару модар (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад.

 

Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз  ҳуқуқи падару модарӣ

 

  1. Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кӯдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс аз кӯдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи  имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
  2. Маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
  3. Масъалаи минбаъд якҷоя зиндагӣ кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.
  4. Кӯдаке, ки нисбати ӯ падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.
  5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кӯдак ё дар сурати аз ҳуқуқи падару модар маҳрум шудани падару модар кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.
  6. Ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мӯҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 72.  Барқарор намудани ҳуқуқи  падару модарӣ

 

  1. Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.
  2. Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
  3. Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кӯдак ба падару модар баррасӣ карда шавад.
  4. Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин  аст.

Агар кӯдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи  падару  модарӣ мумкин нест.

 

Моддаи 73.  Гирифтани  кӯдак  бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи  падару модарӣ

 

  1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома  қабул намояд.
  2. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рӯҳӣ ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

Гирифтани кӯдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кӯдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кӯдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  асоси кофӣ вуҷуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар  давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кӯдак рафтори худро  ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси  аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум кардани ӯ даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кӯдак то гузаштани ин мӯҳлат  дар мавриди маҳрум кардани падар ё модар ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  даъво пешниҳод  кунанд.

  1. Даъво дар хусуси гирифтани кӯдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони  ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кӯдак, инчунин прокурор  пешниҳод шуда метавонад.
  2. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо  иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
  3. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
  4. Суд вазифадор аст, ки дар мўҳлати 3 рўзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кўдак фиристад.

 

Моддаи 74.  Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи  падару модарӣ

 

  1. Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
  2. Аз падару модар гирифтани кӯдак падару модарро аз ӯҳдадории таъминоти ӯ озод намекунад.
  3. Кӯдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молумулкиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.
  4. Кӯдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 75.  Муоширати  кӯдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст

 

Ба падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кӯдак иҷозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кӯдак бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ё васӣ (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кӯдак  дар он мебошад,  мумкин аст.

 

Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ

 

  1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои падару модар (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.
  2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак хилофи манфиатҳои  кӯдак бошад.

 

Моддаи 77.  Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди  бевосита  ба ҳаёт  ё  саломатии  ӯ

 

  1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.
  2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар мӯҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи  гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ  ба суд муроҷиат  намояд.

 

Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон

 

  1. Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон сарфи назар  аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ  бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.
  2. Мақoми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кӯдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ӯро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.

 

Моддаи 79. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон

 

  1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад.
  2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кӯдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кӯдак ба ӯ дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дихолӣ ба амал бароварда  мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.
  4. Агар падар ё  модар (шахси дигар, ки кўдак таҳти парастории ў қарор дорад) барои амалӣ кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ў чораҳое,ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)