ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ | 1994

Моддаи 345. Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат
Корманд чунин ҳуқуқҳоро доро мебошад:
- ба ҷойи кори ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҷавобгӯ;
- таъмин будан бо бинои санитарӣ-маишӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либоси махсус тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;
- муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё мақомоти маҳаллии он барои гузаронидани муоинаи шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор;
- шахсан ё ба воситаи намояндааш дар санҷиш ва тафтиши масъалаҳое, ки ба беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат вобаста аст, иштирок намояд;
- дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъе, ки ба ҳаёт ё саломатии ӯ таҳдид мекунад аз иҷрои кор даст кашида, дар ин хусус ба роҳбари бевоситааш ё корфармо хабар диҳад;
- ба маълумот ва тайёрии касбии ба амнияти иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба гирифтани маълумоти дақиқ аз корфармо дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва санитарӣ-гигиенӣ, имтиёз ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳуқуқ дорад;
- ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат дар вақти боздоштани кори ташкилот бинобар номутобиқӣ ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- ба овардани шикоят нисбати амал ё беамалии ғайриқонунии корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
Моддаи 346. Уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Корманд уҳдадор аст:
- ба роҳбари бевоситаи худ дар бораи ҳар як ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдода, омилҳои бемории касбӣ (заҳролудшавӣ), инчунин вобаста ба ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд, фавран хабар диҳад;
- аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузарад;
- воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, санитарӣгигиенӣ, пойафзол ва либоси махсусро, ки корфармо додааст, қабул намуда, онҳоро мақсаднок истифода барад;
- нишондодҳои муассисаҳои тандурустиро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муолиҷавӣ ва солимгардонӣ ҳангоми аз ҷониби корфармо маблағгузорӣ шудани онҳо, иҷро намояд;
- талаботи ҳифзи меҳнатро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, риоя намояд;
- аз дастурдиҳиҳо ва омӯзишҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари иҷрои корҳо, таҷрибаомӯзӣ дар ҷойи кор ва санҷиши доимии донистани талаботи ҳифзи меҳнат гузарад.
Моддаи 347. Ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат
Корфармо ҳуқуқ дорад:
- кормандонро барои фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнатӣ дар ҷойи кор, таклифи ратсионализаторӣ вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳавасманд гардонад;
- кормандонеро, ки талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро вайрон мекунанд, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор дур кунад ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашад.
Моддаи 348. Уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат
1. Уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ба зиммаи корфармо гузошта мешаванд.
2. Корфармо дар таъмини корҳои зерин уҳдадор аст:
- шароити дахлдори бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар ҳар як ҷойи корӣ таъмин намояд;
- барои бартараф намудани ҳама гуна хатар дар ҷойи корӣ ва раванди технологӣ, бо роҳи гузаронидани чораҳои пешгирикунанда, ба таҷҳизоти истеҳсолӣ ва раванди технологии бехатар иваз намудани он;
- бехатарии кормандон дар истифодаи бино, иншоот, таҷҳизот, амалӣ намудани раванди технологӣ, инчунин ашёи хом ва маводи дар истеҳсолот истифодашаванда;
- истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон;
- низоми меҳнат ва истироҳати кормандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таълими усулҳо ва тарзҳои бехатари иҷрои корҳо, дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таҷрибаомӯзӣ дар ҷойҳои кории кормандон ва санҷиши дониши онҳо доир ба талаботи ҳифзи меҳнат;
- ба кор роҳ надодани шахсоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз таълим, дастурдиҳӣ, таҷрибаомӯзӣ ва санҷиши донишҳо оид ба талаботи ҳифзи меҳнат нагузаштаанд;
- на камтар аз як маротиба дар панҷ сол гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат бо сертификатсияи минбаъдаи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилот;
- ба мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, мақомоти назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод кардани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои онҳо;
- санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хизматрасонии санитарию маишӣ ва муолиҷавию профилактикии кормандон мутобиқи талаботи ҳифзи меҳнат;
- бемамоният роҳ додани шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин намояндагони мақомоти назорати ҷамъиятӣ бо мақсади гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо ва тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ;
- дастурҳои шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатиро вобаста ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва баррасии пешниҳоди мақомоти назорати ҷамъиятиро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд;
- суғуртаи ҳатмии иҷтимоиикормандонро аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва аз бемориҳои касбӣ таъмин намояд;
- кормандонро бо талаботи ҳифзи меҳнат шинос намояд;
- дар муддати як моҳ натиҷаи аттестатсияи ҷойҳои корӣ ва дастурдиҳиро оид ба шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат дар ташкилот дар шакли электронӣ ва лавҳа омода ва чоп намояд;
- аз ҳисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузаронад.
3. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудҳои кор, мавҷудияти манбаъҳои хатари ҷиддӣ метавонанд барои корфармо уҳдадориҳои иловагӣ пешбинӣ гарданд.
4. Донистани қоидаҳо ва меъёрҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат кисми таркибии талаботи тахассусии пешниҳодшаванда ба корманд ба ҳисоб меравад ва дар дастурамали вазифавие (мансабие), ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, қайд мегардад.