ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР | 1994
Моддаи 32. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила
- Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
- Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.
Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби насаб
- Зану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Интихоби насаби зану шавҳар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)