ҲОЛАТҲОИ УМУМИИ МАРБУТ БА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲОИ ГУМРУКӢ. НАВЪҲОИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲО | 1994
Моддаи 340. Пардохтҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо
1. Ба пардохтҳои гумрукӣ дохил мешаванд:
1) боҷи гумрукӣ;
2) андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) пардохти махсуси гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1545).
2. Пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешаванд, агар онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда бошанд.
3. Боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохт карда мешаванд.
4. Пардохткунандагон, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳоеро, ки марбут ба пардохтҳои гумрукианд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1545)
1. Пардохти махсуси гумрукӣ намуди пардохти гумрукие мебошад, ки меъёри он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва/ё содироти моли муайян муқаррар карда мешавад.
2. Дар сурати муайян намудани пардохти махсуси гумрукӣ пардохтҳои гумрукии дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ситонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1545).
1. Боҷҳои гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукие, ки шартҳои таҳти ин низом ҷойгиркунони супурдани боҷҳои гумрукиро таъмин мекунанд, мувофиқи ҳамин Кодекс пардохта мешаванд.
2. Меъёрҳои боҷҳои гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва мувофиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибор пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347)
Меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347):
1) адвалорӣ - ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбанди қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешаванд;
2) махсус - тибқи ҳаҷми муқараршудаи воҳиди моли мавриди андозбанди қароргирифта ҳисоб карда мешаванд;
3) омехта - ҳар ду навъи зикршудаи меъёрҳои пардохти гумрукиро дар бар мегиранд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881)
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881)
Боҷҳои хоси гумрукӣ (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ) нисбат ба молҳои воридотӣ метавонанд муваққатан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881).
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932)
Намудҳои зерини воридот аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд:
1) воридоти пули миллӣ ё асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
2) воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
3) воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ройгон ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ барои мақсадҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо дода мешаванд;
4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг), барои ташаккул ё пурра кардани сармояи (фонди) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман барои истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошанд. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин баъд пардохта нашудаанд, ба буҷет ситонида мешаванд, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);
5) воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти муосири ташхису табобат, дорувории тиббӣ, ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
6) воридоти молҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ;
7) воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандае, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
8) воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда ва маводи дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;
9) воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) бевосита аз ҷониби истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) воридоти алюминийи аввалия;
11) воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, арзиши хизматрасонӣ ва таъмир;
12) воридоти молҳои махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мутобиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
13) воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
14) воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
15) воридоти техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии зерин, ба истиснои воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:
- техникаи кишоварзӣ;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин фурӯши моли (маҳсулоти) ниҳоии истеҳсолшуда;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсоли худӣ;
16) воридоти автомобилҳои нав бевосита аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (агар аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаи онҳо то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо рамзҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 тибқи номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 50 фоиз;
17) воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо (агар аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта бошад) (Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2162).
Эзоҳ: Муқаррароти бандҳои 5), 8) ва 13)-16) то 31 декабри соли 2026 амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
1. Таҳти мафҳуми имтиёзҳои тарифӣ чунин имтиёзе фаҳмида мешавад ки ҳангоми татбиқи сиёсати тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби яктарафа шартҳои муносибатҳои мутақобила ё нисбати моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, баргардонидани боҷи қаблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ кам кардани меъри боҷи гумрукӣ, муқаррар намудани квотаҳои тарифӣ барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
2. Имтиёзҳои тарифи мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба хироҷҳои гумрукӣ дохил мешаванд:
1) хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ;
2) хироҷи гумрукӣ барои мушоияти гумрукӣ;
3) хироҷи гумрукӣ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук;
4) хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ.
1. Ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук, инчунин барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ хироҷҳои гумрукӣ тибқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.
2. Хироҷҳои гумрукӣ аз ҷиҳати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасони маҳдуд шуда бошанд ва набояд асоси ғайримустақими ҳимояи моли ватанӣ ё бо мақсади ситонидани боҷу хироҷ асоси андозбандии моли хориҷи ҳангоми воридоти он гарданд.
Моддаи 349. Ба миён омадан ва қатъи ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. Ҳолатҳое, ки боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта намешаванд
1. Ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумруки ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолати зайл ба миён меоянд:
1) ҳангоми воридоти мол - аз лаҳзаи убури сарҳади гумрукӣ;
2) ҳангоми содироти мол - аз лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳое, ки мақсад аз онҳо мустақиман содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорида намешаванд, агар:
1) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамин Кодекс:
- аз мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида нашаванд;
- агар мол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шартан пурра озод карда шуда бошад - дар давраи амали ин гуна озодкунӣ ва бо риояи шартҳое, ки дар натиҷаи онҳо мол аз пардохти боҷу андозҳо озод карда шудааст;
2) агар то иҷозат барои муомилоти озод ва ҳангоми аз тарафи шахсон вайрон нашудани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс моли хориҷӣ бар асари садама ва ё таъсири қувваи рафънопазир ё дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ва ё талаф дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ тамоман нобуд ё тамоман талаф шуда бошад;
3) агар мол мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ гузаронида шавад.
3. Нисбати моле, ки барои муомилоти озод дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ва ё аз ин ҳудуд содир карда шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз қатъ меёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Шахси масъул барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз декларант ба ҳисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, ӯ мувофиқи қисми 2 моддаи 144 ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шахси масъул ҳисоб меёбад.
2. Ҳангоми риоя нашудани муқаррароти ҳамин Кодекс дар бораи истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ё иҷрои дигар талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои татбиқи расмиёти гумрукӣ ва низоми гумрукӣ, ки мазмуни онҳо пурра ё қисман аз супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карданро пешбинӣ менамояд, шахсони барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ, интиқолдиҳанда, шахсоне, ки ба зиммаи онҳо масъулияти риояи низомҳои гумрукӣ гузошта шудааст, ҳисоб мешаванд.
3. Ҳангоми насупурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми нодуруст ҳисоб кардан ва (ё) дер супурдани онҳо дар назди мақомоти гумрук шахсе ҷавобгар аст, ки масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба зимма дорад.
4. Ҳангоми интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ӯҳдаи шахси интиқолдиҳандаи ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиқоли ғайриқонунӣ иштирок мекунад, агар онҳо аз чунин интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт огоҳ буданд ва ё бояд огоҳ мебуданд, ҳангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ қарор додаанд, ба шарте, ки ҳангоми харидан ғайриқонунӣ ворид шудани онҳоро медонистанд ё худ бояд огоҳ мебуданд, ки ин ваҷҳ ба таври зарурӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онҳо барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, чунин масъулиятро ба зимма доранд.
Моддаи 351. Маҳдудиятҳо оид ба маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда наметавонад аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд супорида шаванд, зиёд бошад, чуноне, ки агар мол барои муомилоти озод ҳангоми ворид шуданаш ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе супурдани фоиз иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар натиҷаи тағйир ёфтани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз зиёд мешавад ва нисбати мол меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андози дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ амалкунанда аз тарафи мақоми гумрук ҳангоми арзи тағйири низоми гумрукӣ татбиқ мегардад. Дар ин ҳолат маблағи супоридаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми истифодаи низоми гумрукии пешина пардохта шудааст, ҳангоми супурдани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи шартҳои низомӣ аз нав интихобшудаи гумрукӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421).