ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД | 1994

Моддаи 40. Мудофиаи зарурӣ

1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа, ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зӯроварии барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯроварӣ алоқаманд бошанд, ҷиноят ҳисобида намешавад.

2) Ҳимоя аз таҷовузи бо зӯроварӣ марбут набуда, ки барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок нест, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯроварӣ қонунӣ ҳисобида мешавад, агар зимнан ба аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, роҳ дода нашуда бошад, яъне ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии таҷовуз мувофиқ нест.

3) Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективӣ баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро надошта бошад.

4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касбӣ ё дигар тайёрии махсус ё мақоми хизматиаш ё имконияти ба шахсони дигар ё мақомоти ҳокимият барои кӯмак муроҷиат карданаш, ба мудофиаи зарурӣ ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

5) Қасдан барангехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 41. Расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст

1) Ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои навро содир карданаш ба ӯ зарар расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни замон чораҳои зарурии бо ин мақсад андешидашуда аз ҳад набаромада бошанд, ҷиноят ҳисоб намешаванд.

2) Номутобиқатии ошкорои воситаю усулҳои  дастгир кардан ба хавфи кирдор ва шахси содирнамуда, инчунин ба ҳолатҳои дастгир кардан, ки дар натиҷаи онҳо ба шахс қасдан зараре расонида шавад, ки зарурати дастгир кардан онро талаб намекард, баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ҳуқуқи дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамударо дар баробари шахсони ба ин кор махсус ваколатдор, инчунин ҷабрдидагон ва шаҳрвандони дигар низ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

4) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани зарари дар вақти дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда расонидашуда ҳаракати ӯ дар мавриди аз дастгиршавӣ халос хӯрдан, қувваю имконияти дастгиршаванда, ҳолати рӯҳии ӯ ва ҳолатҳои дигари вобаста бо амали дасггир кардан ба назар гирифта мешаванд.

Моддаи 42. Зарурати ниҳоӣ

1) Дар ҳолати зарурати ниҳоӣ, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин шахс ё шахсони дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда расонидани зарар ба манфиатҳое, ки ҳамин Кодекс муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар номумкин бошад ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳоӣ аз ҳад нагузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мувофиқ набуда, дар натиҷа ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз ҳад гузаронидани зарурати ниҳоӣ эътироф мешавад. Чунин азҳадгузаронӣ танҳо дар ҳолати қасдан расонидани зарар боиси ҷавобгарӣ мегардад.

3) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани кирдори дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содиршуда хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда, воқеят ва наздикии фаро расидани он, имконияти воқеии шахс дар мавриди пешгирӣ намудани он, вазъи рӯҳии ӯ дар ҳолати бамиёномада ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

Моддаи 43. Маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, агар дар натиҷаи чунин маҷбуркунӣ шахс ҳаракати (беҳаракатии) худро идора карда натавонад, ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии рӯҳӣ, инчунин дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ, ки дар асари он шахс имконияти идора кардани амали худро нигоҳ доштааст, бо дарназардошти муқаррароти моддаи 42 ҳамин Кодекс ҳал мешавад.

Моддаи 44. Таваккали асоснок

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда ҳангоми таваккали асоснок ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба мақсади мазкур бо ҳаракати (беҳаракатии) ба таваккал марбутнабуда номумкин бошад ва шахсе, ки ба таваккал роҳ додааст, барои пешгирӣ намудани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.

3) Агар таваккал баръало бо таҳдиди ҳалокати одамон, фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, он асоснок эътироф карда намешавад.

Моддаи 45. Иҷрои фармон ё амр

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда аз ҷониби шахсе, ки бо мақсади иҷрои ҳатмии фармон ё амри мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ӯ додашуда амал кардааст, ҷиноят намебошад. Барои расонидани чунин зарар шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додааст.

2) Шахсе, ки бо мақсади иҷрои фармон ё амри ғайриқонунӣ қасдан ҷиноят содир кардааст, бо асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

3) Иҷро накардани фармон ё амри бараъло ғайриқонунӣ ҷавобгарии ҷиноятиро истисно мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)