ҲАМКОРИИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ | 1994
Қонуни ҶТ аз 03.01.2014 № 2017)
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобила бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷие, ки барои иҷрои амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ, супоридани ҳуҷҷатҳо, баамалбарории таъқиби ҷиноятӣ, супоридани шахс ва дар муҳлати муайяншуда бозпас гардонидани шахси муваққатан супоридашуда, шахси мубталои бемории рӯҳӣ, ки нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, интиқоли транзитӣ ва супоридани муваққатии шахс, эътироф ва иҷрои санадҳои судӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.
2. Шаклҳои дигари ҳамкорӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ нашудаанд, метавонанд бо созиши тарафҳо муқаррар гарданд.
1. Дар мавриди мавҷуд набудани шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ мумкин аст дар асоси дархости давлати хориҷӣ ва ё дархости мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафҳо расонида шавад.
2. Мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дархост ирсол карда, ба давлати дархостшаванда дар шакли хаттӣ кафолат медиҳад, ки дар оянда дархости он тарафро дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ баррасӣ менамояд.
3. Мувофиқи шартҳои қисми 1 моддаи мазкур мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости давлати хориҷиро, танҳо дар сурати мавҷуд будани кафолати хаттии тарафи дархосткунанда ҷиҳати дар оянда қабул ва баррасӣ намудани дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафҳо, баррасӣ менамояд.
4. Мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба давлати хориҷӣ дар асоси ҳамкории тарафҳо Кодекси мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
5. Дар мавриди мавҷуд набудани шартномаи байналмилалӣ бо давлати хориҷӣ мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост оид ба расонидании ёрии ҳуқуқиро ба тарафи дархостшаванда бо роҳҳои дипломатӣ мефиристонад.
1. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мурофиаи ҷиноятӣ буда, вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ муроҷиат намуда, инчунин дархостҳои мақомоти марказӣ ва ваколатдори давлатҳои хориҷиро баррасӣ менамояд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти марказӣ ба судҳои давлатҳои хориҷӣ бо дархостҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба пешбурди мурофиаи судӣ муроҷиат намуда, дархостҳои дахлдори судҳои давлатҳои хориҷиро баррасӣ менамояд.
3. Мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурдашон қарордошта бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба гузаронидани амалҳои мурофиавие, ки розигии прокурор ва иҷозати судро талаб наменамоянд, ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ бевосита муроҷиат намуда, чунин дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷиро иҷро менамоянд.
4. Дархостҳои дигар оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ танҳо тавассути мақомоти марказӣ - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол ва қабул карда мешаванд.
1. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар асоси талаботи Кодекси мазкур ва ё шартномаи байналмилалии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.
2. Дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда дар шакли хаттӣ дар бланкаи расмӣ, ки бо имзои роҳбари мақомоти ваколатдор ё шахсе, ки ӯро иваз мекунад ва муҳри нишондор тасдиқ карда шудаанд, тартиб дода мешаванд.
3. Дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда бо забони дар шартномаи байналмилалии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда ва дар сурати набудани он, бо забони давлати дархостшаванда ё дархосткунанда ё бо забони пазируфтаи тарафҳо тарҷума ва ирсол карда мешаванд.
4. Дархост аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ тавассути почта, дар ҳолатҳои фаврӣ бо почтаи электронӣ, факс ё воситаи дигари алоқа фиристонида мешавад. Дар чунин ҳолат нусхаи аслии дархост тавассути почта на дертар аз панҷ шабонарӯз пас аз лаҳзаи ирсол тавассути почтаи электронӣ, факс ё воситаи дигари алоқа фиристонида мешавад.
5. Дар сурати рад кардан аз ирсоли дархост, ҳамаи мавод аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоте, ки дархостро пешниҳод кардааст, бо дарҷ намудани камбудиҳое, ки бояд бартараф карда шаванд ё сабабҳои ғайриимкон будани ирсоли дархост, бозпас гардонида мешаванд.
6. Мақомоти марказӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дархости мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ, ки тавассути почтаи электронӣ, факс ё воситаи дигари алоқа ворид шудаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Иҷрои чунин дархост танҳо дар мавриди тасдиқ шудани ирсол ё супоридани нусхаи аслии дархост ба иҷро расонида мешавад. Маводи иҷрои дархост танҳо дар сурати аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани нусхаи аслии дархост ба мақомоти марказӣ ва ваколатдори давлати хориҷӣ фиристонида мешавад.
1. Ҳуҷҷатҳои дар робита бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ пешниҳодшуда, ки аз ҷониби шахси расмии мақомоти ваколатдори тарафҳои дархосткунанда ва ё дархостшаванда тартиб дода шуда, бо муҳри мақомоти ваколатдор тасдиқ карда шудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе тасдиқи иловагӣ (легализатзия ё опостил) қабул карда мешаванд.
2. Вазъи мурофиавии иштирокчиёни пешбурди ҷиноятии дар давлати хориҷӣ амалишаванда ҳангоми иҷрои дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқарраркунии иловагӣ зарурат надорад.
Далелҳои дар ҳудуди давлати хориҷӣ аз тарафи шахсони мансабдори он дар рафти иҷрои дархостҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба даст овардашуда ва ё ба дархости ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсолшаванда оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи мутақобила замимашуда, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ ва дода шудаанд, бо далелҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд.
1. Далелҳои шайъие, ки аз тарафи дархостшаванда бо тартиби иҷрои дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нигоҳ дошта, пас аз анҷоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба тарафи дархостшаванда баргардонда мешаванд, агар нисбат ба онҳо ба мувофиқаи дигар нарасида бошад.
2. Ҳангоми ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ супоридани далелҳои шайъӣ бо тартиби иҷрои дархост, мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз талаби бозпас гардонидани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дархосткунанда пас аз анҷоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ даст кашад, агар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати истифодаи онҳо дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ ба пешбурди парвандаи ҷиноятии дигар ё талаби қонунии шахси сеюм вобаста ба ҳуқуқ ба моликияти дахлдор ва ё нисбат ба он дар суд баҳс ҷой надошта бошад.
1. Хароҷот вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетии барои таъмини мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура, суд ё муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда, ки иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида, ба амал бароварда мешавад.
2. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти зерин зимни иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби тарафи дархосткунанда ба амал бароварда мешавад:
1) даъвати иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳудуди тарафи даъваткунанда, аз ҷумла ҳангоми супоридани муваққатии шахс;
2) гузаронидани экспертиза;
3) таъмини бехатарии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ;
4) истирдоди транзитии шахси супоридашуда тавассути ҳудуди давлати сеюм ба тарафи дархосткунанда.