ҲАЛЛИ БАҲСҲО | 1994

  Моддаи 159. Шикоят
1. Ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси мазкур қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд.
2. Шикоят нисбат ба санадҳои мақомоти андоз ҳамзамон маънои шикоят нисбат ба қарорҳои дар асоси чунин санадҳо қабулшударо дорад.
3. Андозсупоранда метавонад ба мақомоти болоии андоз ва (ё) суд шикоят намояд.
4. Шикоятҳои (аризаҳои даъвогии) андозсупоранда, ки ба суд пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
5. Шикоят нисбат ба санади санҷиши андоз, маблағҳои иловатан ҳисобшудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақомоти андоз дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани қарори мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
6. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани шикоят ба мақомоти андоз, муҳлати дар қисми 5 ҳамин модда муқарраршуда тибқи аризаи асоснокшудаи шахс аз ҷониби мақомоти болоии андоз дар доираи муҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, барқарор карда мешавад.
7. Мақомоти андоз шикояти андозсупорандаро баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул намуда, дар муҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз ворид гардидани шикоят шахси шикояткунандаро расман (хаттӣ ё электронӣ) огоҳ менамояд. Дар ҳолати зарурӣ муҳлати баррасии шикоят то 10 рӯзи тақвимӣ тамдид карда мешавад, агар тағйири муҳлат ба иҷрои муқаррароти қисми 10 ҳамин модда вобаста набошад.
8. Агар дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 7 ҳамин модда андозсупоранда аз мақомоти ҳудудии андоз ҷавоби расмӣ нагирад, ӯ ба мақомоти болоии андоз ва (ё) суд муроҷиат менамояд.
9. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси дархости андозсупоранда муҳлати пешниҳоди шикоятро то 30 рӯз тамдид намояд.
10. Мақомоти андоз ҳангоми баррасии шикояти андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқарраргардида санҷиши андозӣ, аз ҷумла санҷиши такрории андозиро таъин намояд;
- ба андозсупоранда ва (ё) мақомоти андозе, ки санҷиши андозӣ гузаронидааст, ҷиҳати пешниҳоди иттилооти иловагӣ ё ин ки тавзеҳот вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда дархост фиристад;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин ба мақомоти салоҳиятдори андози давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои марбут ба мавзӯи санҷиш дархост фиристад;
- бо иштироки андозсупоранда (шахси ваколатдори ӯ) ва шахси масъули мақомоти андоз, ки санҷиши андозӣ гузаронидааст, шикояти пешниҳодшударо баррасӣ намояд.
11. Аз натиҷаи баррасии шикоят мақомоти болоии андоз ё мақоми ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул намуда, нусхаи онро ба андозсупоранда ва ба мақомоти андозе, ки нисбат ба қарори он шикоят пешниҳод гардидааст, ирсол менамояд.
12. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят намояд.
  Моддаи 160. Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо
1. Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо (минбаъд - Шӯро) мақомоти байниидоравии машваратӣ оид ба баррасии пешазсудии баҳсҳои андоз дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад, ки ҳайати он аз ҳисоби намояндагони мақомоти соҳаи молия, адлия, дастгирии соҳибкорӣ, андоз, мақомоти соҳавӣ, коршиносон ва машваратчиёни мустақил таъсис дода мешавад.
2. Фаъолияти Шӯро дар доираи вазифа ва касбияти иштирокчиёни он ройгон амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти Шӯро аз баррасии пешазсудии масъалаҳои марбут ба андозбандии андозсупоранда ва мақомоти андоз, шикоятҳои андозсупорандагон нисбат ба санад ва қарорҳои мақомоти андоз ва масъалаҳои дигаре, ки хулосаи соҳавиро талаб менамоянд, иборат мебошад.
4. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои матраҳшуда Шӯро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба қабули қарори дахлдор хулосаи тавсиявӣ пешниҳод менамояд.
  Моддаи 161. Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо
1. То ба охир расидани баррасии аризаи (шикояти) андозсупоранда нисбат ба санад ё қарори мақомоти андоз тибқи муқаррароти бобҳои 17 ва 18 Кодекси мазкур танҳо қисми эътирофгардидаи уҳдадориҳои андозӣ пардохт ва ситонида мешавад.
2. Фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидан танҳо нисбат ба маблағи эътирофшудаи андозҳои иловатан ҳисобшуда, аз ҷумла маблағҳои андозии баъди баррасии шикоят аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда ҳисоб карда мешаванд.
  ФАСЛИ V. МАҚОМОТИ АНДОЗ