Қувваҳо, шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ | 1994
Моддаи 16. Қувваҳои мудофиаи гражданӣ
Қувваҳои мудофиаи гражданӣ аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ, дигар воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ки дар вазорату идораҳо, ташкилотҳо, хадамоти мудофиаи гражданӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи нақшаҳои мудофиаи гражданӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои амалиётҳои ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ҷудо карда мешаванд, иборатанд.
Моддаи 17. Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва вазифаҳои асосии онҳо
Қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии ҳарбӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъин шудаанд.
Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ асоси қувваҳои мудофиаи гражданиро ташкил медиҳанд.
Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ бо техникаи махсус, инчунин бо силоҳи оташфишон ва сард таҷҳизонида мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
Фаъолияти қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати ҷангӣ, ҳақиқатан оғоз ёфтани амалиётиҳои ҳарбӣ ё аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он ҷорӣ карда шудани вазъияти ҳарбӣ, инчунин дар замони осоишта дар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ, эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо, садамаҳои калон ва фоҷиаҳое, ки саломатии аҳолиро зери хатар монда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазирро талаб менамоянд, оғоз меёбад.
Вазифаҳои асосии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз инҳо иборатанд:
-кофтуков ва наҷотдиҳии одамоне, ки ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар зери вайронаҳо, дар биноҳо ва иншоотҳои харобгардида, осебдида ва оташгирифта дармондаанд;
-расонидани ёрии аввалаи тиббӣ ба ҷабрдидагон ва тайёр намудани онҳо барои эвакуатсия ба муассисаҳои муолиҷавӣ;
-бурдани тадқиқоти муҳандисӣ, кушодани таҳхонаҳои зери вайронаҳо монда ва харобгардида, тоза намудани вайронаҳо, дар онҳо сохтани роҳравҳо ва гузаргоҳҳо, рафъи садамаҳо ва оқибатҳои онҳо дар шабакаҳои коммуналию энергетикӣ ва технологӣ омодасозии хати ҳаракат, таҷҳизонидани нуқтаҳои идоракунӣ;
-таъмини гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир бо пешбурди тадқиқоти радиатсионӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ (биологӣ), анҷом додани назорати дозиметрӣ ва кимиёвии воҳидҳо;
-гузаронидани коркарди махсуси ҳайати шахсии воҳидҳо ва нерӯҳои ба ихтиёри онҳо додашуда;
-гузаронидани дегазатсия, дезактиватсия ва дезинфексияи сару либос ва дигар воситаҳои моддӣ, маҳалҳо, роҳҳо, иншоотҳо ва ҳангоми зарурат гузаронидани коркарди санитарии аҳолӣ;
-гузаронидани муоинаи зиддисӯхторӣ, маҳдуд ва хомӯш сохтани сӯхторҳо дар хатҳои ҳаракат ва мавзеъҳои осебдида;
-рафъи садамаҳо дар хатҳои алоқа баҳри таъмини алоқаи боэътимод, ки идоракунии воҳидҳо ва нерӯҳои ба ихтиёри онҳо додашуда, инчунин алоқаро бо мақомоти идораи болоӣ ва қувваҳои ҳамкор таъмин менамоянд;
-муоинаи сарчашмаҳои об, ба даст овардан, тоза кардан ва бо об таъмин намудани ҳайати шахсии ҷузъу томҳо ва нерӯҳои ба ихтиёри онҳо додашуда;
-ошкор сохтан, безарар ва нобуд сохтани лавозимоти ҷангии натаркида (аз ҷумла бомбаҳои авиатсионӣ) ва дигар маводи хатарноки тарканда, инчунин тоза кардани вайронаҳо ва қисмҳои осебдидаи конструксияҳои иншоотҳо бо усули тарконидан;
-гузаронидани санҷишҳои кимиёвию радиометрӣ ҷиҳати муайян намудани моддаҳои радиоактивӣ, заҳролудкунанда ва дигар маводи заҳрнок, танзими дараҷа ва таъмири таҷҳизотҳои дозиметрӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, назорати ҳолати воситаҳои ҳаводиҳии иншоотҳои муҳофизатӣ;
-таъминоти техникӣ ва ақибгоҳии ҷузъу томҳо.
Роҳбарии бевоситаи қӯшунҳои мудофиаи гражданиро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Тартиби пурра кардан ва таҷҳизонидани қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, ҳайат ва вазифаҳои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ
Нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ - ин отрядҳо, командаҳо, бригадаҳо, дружинаҳо ва дигар нерӯҳое мебошанд, ки дар заминаи ташкилотҳо бо принсипи ҳудудию истеҳсолӣ дар асоси штатҳои муқарраркардашуда таъсис дода шуда, бо техника ва молу мулки махсус муҷаҳҳаз ва барои иҷрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ омода карда шудаанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
Ба нерӯҳои ғайриҳарбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дохил шаванд: мардҳои синни аз 18 то 63-сола, занҳои синни аз 18 то 58 - сола, ғайр аз шахсони ӯҳдадории ҳарбӣ дошта, ки амрномаҳои сафарбарсозӣ доранд, маъюбони гурӯҳҳои I, II, III, занҳои ҳомиладор, занҳое, ки дорои фарзандони то синни 8 - сола мебошанд, инчунин занҳое, ки маълумоти миёна ва олии тиббӣ гирифта, фарзандони то синни 3-сола доранд.
Тартиби таъсис додан ва фаъолияти нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ
Назорати заҳролудшавии муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар воситаҳо, инчунин ҳангоми сар задани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо ва дигар касалиҳои сирояткунанда аз ҷониби шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ бурда мешавад.
Ба ҳайати шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ дохил мешаванд:
-стансияҳои санитарӣ-эпидемиологӣ;
-лабораторияҳо ва стансияҳои ветеринарӣ;
-лабораторияҳои агрокимиёвӣ;
-стансияҳои муҳофизати растаниҳо;
-стансияҳои обу ҳавосанҷӣ;
-лабораторияҳои назорати аналитикии муҳити зист.
Шабакаи дидбонӣ ва назорати лабораторӣ дар замонҳои осоишта ва ҷанг вазифадор аст, ки мунтазам ва сари вақт оид ба ҳолати муҳити зист ва сар задани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо ва дигар касалиҳои сирояткунанда ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумот диҳад, чораҳои зарурӣ андешад ва вазифаҳое, ки оид ба мудофиаи гражданӣ дар назди онҳо гузошта мешаванд, иҷро намояд.
Тартиби ташкил ва пешбурди шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.