ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА | 1994

Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба оила

 

  1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. (ҚҶТ аз 26.12.11г., №791)
  3. Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
  4. Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
  5. Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ, инчунин таҳсил ва молумулк манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад.  (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 2.  Муносибатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим мегарданд

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон  ба миён меоянд, тартиби  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд. ((ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183); ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила

 

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси  мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул намояд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 4. Истифодаи қонунгузории гражданӣ дар  муносибатҳои оилавӣ

 

Қонунгузории гражданӣ дар танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 5. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

   (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти  асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (қиёси ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791;  ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

 

Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои оилавӣ

(ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ истифода мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183; ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)