ҚОИДАҲОИ УМУМИЕ, КИ БА НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ ТААЛЛУҚ ДОРАНД | 1994

Моддаи 399. Принсипҳои гузаронидани назорати гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Мақомоти гумрук ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ принсипи интихобии объектҳои назорати гумрукиро ба асос гирифта, танҳо бо ҳамон шаклҳои назорати гумрукӣ маҳдуд мешаванд, ки барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кифоя мебошанд. Интихоби шакли назорати гумрукиро шахси мансабдори мақоми гумрук муайян мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ҳангоми интихоби объектҳои назорати гумрукӣ, шаклҳои назорати гумрукӣ ва (ё) чораҳои таъмини назорати гумрукӣ низоми идораи таваккал истифода мешавад.
3. Аз тарафи мақомоти гумрук татбиқи шаклҳои назорати гумрукӣ ва (ё) чораҳои таъмини назорати гумрукӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ то иҷозати мол танҳо дар асоси низоми худкори идораи таваккал сурат мегирад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Назорати гумрукиро аз номи мақомоти гумрук шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ваколатҳои мансабӣ ба гузаронидани назорати гумрукӣ ваколатдор шудаанд, амалӣ менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Назорати гумрукӣ дар шакли тафтиши ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумот, инчунин дар шаклҳои дигар ё бо истифода аз чораҳои таъмини назорати гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук метавонад тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук бидуни иштироки кормандони мақомоти гумрук гузаронида шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Бо мақсади такмил додани назорати гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақомоти гумрукӣ давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад, бо онҳо оид ба ёрии байниҳамдигарӣ созишномаҳо мебандад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Назорати гумрукиро танҳо мақомоти гумрук мутобиқи ҳамин Кодекс амали менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Истифода нашудани шаклҳои алоҳидаи назорати гумрукӣ ё озод будан аз онҳо маънои озод намудани шахсонро аз ӯҳдадории риояи муқаррароти ҳамин Кодекс ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ надорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845аз 01.10.2025 №2186).
9. Тибқи зарурат мақомоти гумрук метавонанд ҳамаи шаклҳои назорати гумрукиро, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 430 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845(аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 399(1). Объектҳои назорати гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Ба объектҳои назорати гумрукӣ дохил мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) моли тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта тибқи талаботи ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) моли таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод, минтақаи озоди гумрукӣ, савдои бебоҷ, коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваққатӣ, реэкспорт, транзити гумрукӣ, нобудкунӣ, инчунин таҳти низомҳои махсус, ки нисбат ба моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда истифода мегарданд, қарордошта (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) моли дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта – агар мақомоти гумрук маълумот дошта бошанд, ки чунин мол бо вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва (ё) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳоди онҳо ба мақомоти гумрук мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) санадҳои ҳуқуқие байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешниҳод карда мешаванд, инчунин маълумоти дар чунин ҳуҷҷатҳо мавҷудбуда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) фаъолияти шахсон, аз ҷумла танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ, ки ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ё дар доираи низомҳои муайяни гумрукӣ анҷом дода мешавад, вобаста мебошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) бино ва ҳудуди анбори нигаҳдории муваққатӣ, анбори гумрукӣ, анбори озод ва мағозаи савдои бебоҷ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) бино, майдончаҳои кушода ва ҳудуди дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ барои нигаҳдории муваққатии мол истифода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 400. Мӯҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, дигар ҳуҷҷатҳо ва мол ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ
1. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол тафтиши декларатсияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба мақоми гумрук пешниҳодшаванда, инчунин тафтиши мол бо мақсади муқаррар кардани мувофиқати маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ дарҷгардида, дигар ҳуҷҷатҳо, ном, кишвари истеҳсол, миқдор ва нархи мол бояд дар давоми на дертар аз ду рӯзи кории баъди декларатсияи гумрукиро қабул намудани мақомоти гумрук, нишон додани мол ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс мӯҳлатҳои аз ин кӯтоҳро муқаррар кардааст, анҷом дода шавад.
2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати тафтиши молро дароз намояд, агар моли барои тафтиш пешниҳодшуда ба ҷойҳои борпечони барои намунаҳои алоҳида ва (ё) номгӯи молҳо ва (ё) маълумот оид ба борҷома ва маркировкаи ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва (ё) нақлиётии мол тақсим карда нашуда бошад. Мӯҳлати тафтиши мол бо шарте дароз карда мешавад, ки вазъияти зикршуда ба мақомоти гумрук иҷрои амалиётро барои муқаррар кардани мувофиқати мол ва маълумот дар бораи он имкон намедиҳад. Мӯҳлати тафтиши мол ба мӯҳлате, ки ба шахси нисбати мол ваколатдор барои партияи молро ба молҳои алоҳида ҷудо кардан зарур аст, тамдид карда мешавад.
Моддаи 401. Молу воситаҳои нақлиёте, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд
1. Молу воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз вақти убури сарҳади гумрукӣ ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон то лаҳзаҳои зерин таҳти назорати гумрукӣ ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) иҷозат барои муомилоти озод;
2) нобудкунӣ;
3) даст кашидан ба манфиати давлат;
4) гузаронидани мол ба моликияти давлатӣ ё ихтиёрдории онҳо бо дигар усул мутобиқи фасли VI ҳамин Кодекс;
5) талафот дар натиҷаи нобудшавӣ ҳангоми садама ё таъсири қувваи рафънопазир ё дар натиҷаи коҳиши табиӣ дар шароити мӯътадили боркашонӣ, нигаҳдорӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845);
6) воқеан содир кардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Истифода ва ихтиёрдории моли воридгардида ва воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта тибқи тартиб ва шартҳои дар ҳамин Кодекс муайяншуда ба ҷо оварда мешавад.
2. Молу воситаҳои нақлиёти ватанӣ ҳангоми аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани онҳо аз лаҳзаи қабули декларатсияи гумрукӣ ё иҷрои амали бевоситаи баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то убури сарҳади гумрукӣ таҳти назорати гумрукӣ ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Мақомоти гумрук назорати иҷрои ӯҳдадории шахсонро ҷиҳати воридоти бозпаси молу воситаҳои нақлиёти ватанӣ ё маҳсули коркарди онҳоро мувофиқи шартҳои низоми гумрукӣ, тибқи тартиби пешбининамудаи ҳамин фасл анҷом медиҳанд, агар чунин мол (маҳсули коркард), ки пештар аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда буданд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман бозпас оварда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 402. Назорати минбаъдаи гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Мақомоти гумрук назорати гумрукии молҳои дармуомилот будаеро, ки ба ҳудуди гумрукӣ ворид карда шудаанд, бо мақсадҳои зерин анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) санҷиши маълумотҳое, ки барасмиятдарории гумрукии чунин молҳоро мутобиқ ба талаботу шартҳои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;
2) санҷиши мавҷудияти маркировка ё аломатҳои дигари ҳаммонандсозии молҳо, ки барои тасдиқи воридоти расмии молҳо ба ҳудуди гумрукӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Назорати минбаъдаи гумрукӣ ба низоми баҳодиҳиву идоракунии таваккалҳо асос ёфта, бо тартиби пешбининамудаи боби 50 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
3. Назорати минбаъдаи гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақомоти гумрук дар давоми як соли баъд аз ҳолати таҳти назорати гумрукӣ қарор доштанро гум кардани молҳо амалӣ гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 402(1). Мушоияти гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Мақомоти гумрук мушоияти гумрукиро бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта татбиқ менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақомоти гумрук мушоияти гумрукии воситаҳои нақлиётро дар ҳолатҳои зерин татбиқ менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
1) ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
- пешниҳод накардани таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс ё пешниҳод кардани таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи камтар аз андозаи мутобиқи моддаи 383 ҳамин Кодекс муайяншаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда иҷро накардани уҳдадориҳо, ки бо қарорҳои эътибори қонунӣ пайдонамуда дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан муқаррар шудаанд ва ҳадди ақал яке аз қарорҳои мазкур иҷро нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- аз ҷониби интиқолдиҳанда дар муҳлати муқарраргардида иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба супоридани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо мутобиқи ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- интиқоли молҳои зераксизӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- ҳангоми ошкор намудани аломатҳои риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми идораи таваккали мақомоти гумрук (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) ҳангоми интиқоли моли хориҷии таҳти назорати гумрукӣ қарордошта, дар ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс интиқоли онро тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни татбиқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ пешбинӣ менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мақоми гумрук интиқолдиҳандаро дар бораи қабули қарор оид ба татбиқи мушоияти гумрукӣ огоҳ менамояд ва мушоияти гумрукиро дар муҳлати на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи қабули чунин қарор ташкил менамояд.
4. Барои мушоияти гумрукӣ ба андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 403. Минтақаҳои назорати гумрукӣ
1. Минтақаҳои назорати гумрукӣ бо мақсади назорати гумрукӣ дар шакли азназаргузаронӣ ва муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, нигаҳдошт ва интиқол таҳти назорати гумрукӣ ташкил карда мешаванд.
Минтақаҳои назорати гумрукӣ қад-қади сарҳади гумрукӣ, дар маҳалҳои барасмиятдарории гумрукӣ, маҳалҳои батанзимдарорӣ ва амалиёти гумрукӣ, дар маҳалҳои борбардорию борфарорӣ, азназаргузаронӣ ва муоинаи онҳо, дар маҳалҳои нигоҳдории муваққатӣ, истгоҳи васоити нақлиёте, ки бори таҳти назорати гумрукӣ бударо мекашонанд ва маҳалҳои дигари мутобиқи ҳамин Кодекс муайяншуда, ташкил карда мешаванд.
2. Дар сурати мунтазам ҷойгиршавии моли таҳти назорати гумрукӣ минтақаҳои назорати гумрукӣ муваққатан ё доимӣ буда метавонанд. Минтақаҳои назорати гумрукии муваққатӣ дар асоси шартҳои зерин ташкил карда мешаванд:
1) барои барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт берун аз маҳали иҷрои амалиёти гумрукӣ (моддаи 465) - агар иҷрои чунин амалиёт муайян кардани минтақаҳои назорати гумрукиро вобаста ба зарурати таъмини бемамониати фаъолияти мақомоти гумрук талаб намояд;
2) ҳангоми зарурати иҷрои азназаргузаронӣ ва муоинаи молу воситаҳои нақлиёте, ки мақомоти гумрук берун аз минтақаи доимии назорати гумрукӣ ошкор кардаанд;
Қарор дар бораи ташкили минтақаҳои назорати гумрукии муваққатӣ аз тарафи сардори мақомоти гумрук ё шахси ивазкунандаи ӯ дар шакли хаттӣ қабул карда мешавад.
3. Тартиби ташкил ва аломатгузории минтақаҳои назорати гумрукӣ, инчунин талабот ба онҳо, ба истиснои ташкили минтақаи назорати гумрукӣ қад - қади сарҳади гумрукӣ, аз тарафи мақоми салоҳиятдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад. Минтақаҳои назорати гумрукии қад - қади сарҳади гумрукӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Тартиби ташкил ва аломатгузории минтақаҳои назорати гумрукӣ, инчунин талабот ба онҳо, дар сурати сохтани онҳо дар минтақаи нуқтаи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми салоҳиятдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти дигари тиҷоратӣ, интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, шахсон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти дигари давлатӣ аз сарҳади минтақаҳои назорати гумрукӣ ва дар ҳудуди онҳо танҳо бо иҷозати мақомоти гумрук ва таҳти назорати онҳо мумкин аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидианд. Дар чунин ҳолатҳо ба минтақаҳои назорати гумрукӣ бо роҳи қаблан огоҳ намудани мақомоти гумрук дохил шудан мумкин аст.
Дар нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои зикргардида нисбати иҷрои амалиёти интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва шахсон аз сарҳади минтақаи назорати гумрукӣ танҳо дар доираи низоми муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
5. Мол танҳо дар минтақаҳои назорати гумрукӣ тафтиш карда мешавад.
Моддаи 404. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои назорати гумрукӣ заруранд
1. Шахсоне, ки молу воситаҳои нақлиётро аз сарҳади гумрукӣ интиқол медиҳанд, брокерҳои гумрук (намояндаҳо), соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ ва боркашонҳои гумрукӣ вазифадоранд ба мақомоти гумрук ҳуҷҷату маълумотеро пешниҳод намоянд, ки мутобиқи ҳамин Кодекс барои назорати гумрукӣ заруранд.
2. Мақоми гумрук ҳуҷҷату маълумотеро, ки барои назорати гумрукӣ заруранд, ба таври хатти талаб менамояд ва мӯҳлати пешниҳоди онҳоро вобаста ба мӯҳлате, ки барои назорати гумрукӣ кифоя аст, муқаррар менамояд. Бо муроҷиати асосноки шахс ин мӯҳлат аз тарафи мақоми гумрук ба мӯҳлати барои пешниҳоди ҳуҷҷату маълумоти зарурӣ дароз карда мешавад.
3. Барои назорати гумрукӣ мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд аз бонк ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда оид ба алоқамандии амалиёти шахсон бо фаъолияти иқтисодии берунӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо, ки дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, инчунин оид ба амалиёти брокерҳои гумрукӣ, соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ ва боркашонҳои гумрукӣ низ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гиранд.
4. Бо мақсади тафтиши дурустии маълумот баъди иҷозати мол барои муомилот, мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, ҳисобу китоби бухгалтерӣ ва дигар маълумот, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои электрониро, ки ба амалиёти иқтисодии хориҷии ин мол тааллуқ доранд ва ин маълумот дар бораи моли ба минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бошад - инчунин барои амалиёти дигар нисбати ин мол аз декларант ё дигар шахсоне, ки ба ин мол муносибат доранд, талаб карда гиранд.
5. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд барои назорати гумрукӣ аз мақомоте, ки шахсони ҳуқуқиро ба қайд мегиранд ва аз дигар мақомот маълумот талаб намоянд.
6. Ҳуҷҷатҳои барои назорати гумрукӣ зарурӣ бояд аз тарафи шахсон баъди соле, ки мол статуси таҳти низоми гумрукӣ буданашро гум мекунад, дар давоми се соли тақвими нигоҳ дошта шаванд. Брокерҳои гумрук (намояндаҳо), соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ ва боркашонҳои гумрукӣ баъди соле, ки амалиёти гумрукӣ гузаронида шудааст, бояд се соли тақвими ҳуҷҷатҳоро нигоҳ доранд.
Моддаи 405. Пешниҳоди ҳисобот бо мақсади назорати гумрукӣ
Брокерҳои гумрукӣ (намояндаҳо), соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ, танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, боркашонҳои гумрукӣ, инчунин шахсони дорои моли шартан иҷозатшуда ва (ё) онро истифода мебаранд, бо талаби мақомоти гумрук вазифадоранд дар бораи моли нигоҳдошташаванда, интиқолшаванда, фурӯхташаванда, коркардашаванда ва (ё) истифодашаванда тибқи намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
Моддаи 406. Норавоии расонидани зарари ғайриқонунӣ дар вақти назорати гумрукӣ
1. Ҳангоми назорати гумрукӣ ба боркашонҳо, декларант, намояндагони онҳо, соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ва дигар шахсони манфиатдор, инчунин ба молу воситаҳои нақлиёт набояд зарар расонида шавад.
2. Зараре, ки аз қарорҳои ғайриқонунии мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори он ҳангоми назорати гумрукӣ расидааст, аз ҷумла манфиати аз даст рафта (даромади ногирифта) бояд пурра ҷуброн карда шавад.
3. Барои зараре, ки ба шахс расидааст, мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
4. Зараре, ки ба шахс дар натиҷаи қабули қарори қонунӣ ва амали шахсони мансабдори мақомоти гумрук расидааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн карда намешавад.