ЭЪТИРОФ ВА ИҶРОИ ҲУКМҲО, ҚАРОРҲОИ СУДҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2014 № 2017)
1. Бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст дар ҳолатҳои зерин эътироф ва иҷро карда шаванд:
1) ҳангоми қабули шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудааст;
2) ҳангоми қабули шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳолати номукаллафӣ дар ҳудуди давлати хориҷӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок содир намуда, нисбаташ қарори суди давлати хориҷӣ оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ барои табобати маҷбурӣ қабул карда шудааст;
3) нисбат ба шахсе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, аз ҷониби суди давлати хориҷӣ маҳкум карда шуда, ҷазо иҷро нашудааст;
4) нисбат ба шахсе, ки аз ҷониби суди давлати хориҷӣ маҳкум карда шуда, супоридани ӯ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ рад карда шудааст;
5) ҳолатҳои дигаре, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
2. Қарор дар бораи эътироф ва иҷрои ҳукми суди давлати хориҷӣ вобаста ба даъвои гражданӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 518. Асосҳои супоридани маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё шахси гирифтори бемориҳои рӯҳӣ барои табобати маҷбурӣ ба давлате, ки шаҳрванди он мебошад
Дар асоси шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати дахлдори хориҷӣ ё созиши байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдор, шахсони мансабдори давлати хориҷӣ, ки дар асоси ҳамкории тарафҳо ба даст омадааст, шахсони зерин ба давлати шаҳрвандии онҳо дода мешаванд:
1) шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби суди давлати хориҷӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд,барои адои минбаъдаи ҷазо;
2) шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ дар ҳолати номукаллафӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок содир кардаанд ё пас аз содир намудани кирдори ҷиноятӣ ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор шуда, нисбаташон қарори суд дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта қабул карда шудааст, минбаьд барои табобати маҷбурӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 519. Шартҳои супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд
1. Супоридани шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда то иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё ба охир расидани табобати маҷбурӣ ба давлати шаҳрвандии онҳо дар асоси муроҷиати маҳкумшуда ё шахси нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқкардашуда, намояндагони қонунӣ ё хешовандони наздики онҳо, инчунин бо дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷии дахлдор бо розигии маҳкумшуда ё шахси нисбаташ чораҳои маҷбурии хусусияти тиббидошта татбиқкардашуда ва дар сурати озодона изҳор карда натавонистани иродаи худ - бо розигии намояндаи қонунии онҳо, иҷозат дода мешавад.
2. Супоридани шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё қарори суд бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони ӯ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 520. Тартиби ҳалли масъалаи супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд
1. Агар маҳкумшуда шаҳрванди давлати хориҷӣ бошад, муассисаи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба маҳкумшуда ҳуқуқи ӯро оид ба муроҷиат намудан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлате, ки ӯ шаҳрванди он аст, дар бораи супоридан барои адои минбаъдаи ҷазо бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур мефаҳмонад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз омӯхтан ва санҷидани мавод дар мавриди дуруст барасмият даровардан ва мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ё шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда қарор қабул мекунад ва дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки ташаббускори масъалаи супоридан аст, хабар дода мешавад.
3. Пас аз гирифтани маълумот аз мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи розӣ будан оид ба қабули маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар бораи ҷой, вақт, тартиб ва ташкили супоридани ин шахс аз муассисаи низоми иҷрои ҷазо ё муассисаи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки табобати маҷбурӣ мегирад, ба давлати хориҷӣ, супориш медиҳад.
4. Супоридани шаҳрвандони хориҷие, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, онҳоро аз ҳуқуқи дархост дар бораи шартан пеш аз муҳлат озод кардан, иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо ба ҷазои сабуктар, татбиқи санади авф, бахшиши ҷазо, инчунин қатъ намудан ё тағйир додани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳрум намекунад. Ҳама ҳуҷҷатҳо ё маълумоте, ки барои баррасии ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, метавонад аз мақомоти ваколатдори давлати иҷрои ҳукм ё иҷрои табобати маҷбурӣ тавассути Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шаванд.
Моддаи 521. Хабар додан дар бораи тағйир додан ё бекор кардани ҳукми суд, қатъ намудан ё тағйир додани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта нисбат ба шаҳрванди ба давлати хориҷӣ супоридашуда
1. Ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани ҳукми суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ намудан ё тағйир додани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда, ки барои адои ҷазо ё иҷрои табобати маҷбурӣ дар давлати хориҷӣ супорида шудаанд, инчунин татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазои маҳкумшудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарори дахлдорро ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ мефиристад.
2. Агар ҳукм бекор карда шуда, муҳокимаи нави судӣ таъин карда шавад, ҳуҷҷатҳои дигари барои ин зарурӣ ҳамзамон фиристода мешаванд.
Моддаи 522. Рад кардани супоридани маҳкумшуда ё шахси нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқкардашуда ба давлати хориҷӣ
1. Супоридани шаҳрвандони хориҷие, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:
1) кирдоре, ки шахс барои он маҳкум карда шудааст ё нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, мутобиқи қонунгузории давлате, ки маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, шаҳрванди он аст, кирдори ҷиноятӣ эътироф карда намешавад;
2) дар бораи супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, бо шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ созиш ба даст наомада бошад;
3) агар супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, метавонад ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
4) маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ дошта бошад;
5) бо сабаби махсусан вазнин ва ба ҷамъият хавфнок будани кирдори ҷиноятии содиршуда;
6) кирдори ҷиноятии содиршуда ба манфиатҳои миллӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал расонад ё таъсири зиёди ҷамъиятиро ба миён оварда бошад;
7) агар шахси супоридашаванда шаҳрванди давлати иҷрокунандаи минбаъдаи ҳукм набошад.
2. Илова ба асосҳои пешбининамудаи банди 1) қисми 1 моддаи мазкур, супоридани шаҳрванди хориҷӣ, ки аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, мумкин аст дар ҳолатҳои зерин рад карда шавад:
1) иҷро кардани ҷазо дар давлати хориҷӣ бо сабаби ба охир расидани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории ин давлат имконнопазир бошад;
2) дар лаҳзаи гирифтани дархост дар бораи супоридани маҳкумшуда муҳлати адонашудаи ҷазо камтар аз шаш моҳро ташкил диҳад;
3) аз маҳкумшуда ё давлати хориҷӣ оид ба таъмини иҷрои ҳукм дар қисми иҷрои даъвои гражданӣ ва талофӣ намудани зарари моддии расонидашуда кафолат гирифта нашуда бошад.
3. Илова ба асосҳои пешбининамудаи банди 1) қисми 1 моддаи мазкур, ҳангоми супоридани шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳолати номукаллафӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори ба ҷамъият хавфнок содир карда, нисбат ба ӯ қарори суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта қабул карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин мумкин аст рад карда шавад:
1) агар қонунгузории давлати хориҷӣ чунин чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидоштаро пешбинӣ накарда бошад;
2) давлати хориҷӣ имконияти таъмин намудани табобати зарурӣ ва чораҳои дахлдори амниятиро надошта бошад.
4. Пеш аз қабули қарор дар бораи супоридани маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлати хориҷӣ, мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бояд кафолат диҳад, ки маҳкумшуда мавриди шиканҷа ва намудҳои дигари муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода намешавад.
Моддаи 523. Баррасии дархост дар бораи қабули шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои минбаъдаи ҷазо ё табобати маҷбурӣ, инчунин эътироф ва иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, намояндагони қонунӣ ё хешовандони наздики онҳо, инчунин мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо розигии маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд ва дар сурати қобилият надоштани ӯ ба изҳори озодонаи иродаи худ - бо розигии намояндаи қонунии ӯ, метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост дар бораи аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазо ё табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
2. Мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост дар бораи эътироф ва иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ нисбат ба шахсоне, ки дар бандҳои 3) ва 4) қисми 1 моддаи 517 Кодекси мазкур зикр шудаанд, муроҷиат намоянд.
3. Пас аз ворид шудани дархост ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои минбаъдаи ҷазо ё табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд ва тасдиқи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани маҳкумшуда, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои моҳиятан ҳал кардани масъала дархост менамояд.
4. Дар сурати қонеъ кардани дархостҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мефиристад.
Моддаи 524. Тартиби аз тарафи суд баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ
1. Пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судя дар мурофиаи судӣ, бе иштироки маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, дар муҳлати як моҳ баррасӣ мешавад.
2. Дар қарори судя дар бораи иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ бояд инҳо дарҷ карда шаванд:
1) номи суди давлати хориҷӣ, вақт ва макони иҷрои ҳукм ё қарор дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта;
2) маълумот дар бораи ҷойи охирини истиқомати маҳкумшуда ё шахси нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурӣ татбиқкардашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи кор ва намуди машғулият то маҳкум шудан ё татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта;
3) бандубасти кирдори ҷиноятие, ки дар содир намудани он шахс гунаҳкор дониста шудааст ва дар асоси кадом қонуни ҷиноятӣ ӯ маҳкум карда шудааст ё нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд;
4) қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои содир намудани кирдори ҷиноятии аз тарафи маҳкумшуда ё шахси нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, муайян мекунад;
5) намуд ва муҳлати ҷазо (асосӣ ва иловагӣ), муҳлати оғоз ва анҷоми ҷазое, ки маҳкумшуда бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намояд, намуди муассисаи ислоҳӣ, тартиби рӯёнидани товони зарар аз рӯйи даъво, намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта, ки нисбат ба шахси дар табобати маҷбурӣ қарордошта, татбиқ мешаванд.
3. Агар мувофиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноят муҳлати ҳадди болоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷазои бо ҳукми суди давлати хориҷӣ таъиншуда камтар бошад, судя ҳадди болоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро, ки барои содир намудани он дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъин менамояд. Агар маҳрум сохтан аз озодӣ ба сифати ҷазо пешбинӣ нашуда бошад, судя намуди дигари ҷазоро дар ҳадди муайянкардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои содир намудани ин кирдори ҷиноятӣ муқаррар намудааст ва ба ҷазои таъиннамудаи ҳукми суди давлати хориҷӣ бештар мувофиқ аст, таъин мекунад.
4. Агар ҳукм вобаста ба ду ва ё якчанд кирдоре бошад, ки на ҳамаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф мешаванд, судя кадом қисми ҷазои таъиннамудаи ҳукми суди давлати хориҷиро, ки ба кирдори ҷиноятӣ мансубанд, муайян менамояд.
5. Ҳангоми баррасии масъалаи иҷрои ҷазо, дар сурати мавҷуд будани дархости дахлдор, суд метавонад ҳамзамон ҳалли масъалаи иҷрои ҳукми суди давлати хориҷӣ дар қисми даъвои гражданӣ ва рӯёнидани хароҷоти мурофиавиро ҳал намояд.
6. Суд дар як вақт ҳолати татбиқ шудани санадҳои авфи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда нисбат ба шахсони дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
7. Дар сурати бекор кардан ё тағйир додани ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ ё татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо дар давлати хориҷӣ ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба маҳкумшуда ё шахсе, ки дар табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, масъалаҳои аз нав баррасӣ намудани ҳукм ё қарори суд, инчунин татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо мувофиқи қоидаҳои моддаи мазкур ҳал карда мешаванд.
8. Агар ҳангоми баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба хулоса ояд, ки кирдоре, ки шахс барои он маҳкум карда шудааст ё нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят намебошад ё иҷрои ҳукм ва қарори суди давлати хориҷӣ бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан инчунин бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон аст, оид ба рад намудан аз эътирофи ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ қарор мебарорад.
9. Аз болои қарори суд тибқи тартиб ва муҳлатҳои дар Кодекси мазкур барои баррасии қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқарраршуда шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
Моддаи 525. Иҷрои минбаъдаи адои ҷазо ё табобати маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд
1. Пас аз қонеъ намудани дархост дар бораи қабул намудани маҳкумшудагоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, барои адои ҷазо ё табобати маҷбурӣ ва гирифтани розигии мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ барои супоридан, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба мувофиқасозии ҷой, вақт, тартиб ва ташкили додани ин шахсон ба муассисаҳои ислоҳии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё муассисаҳои тиббие, ки табобати маҷбуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, супориш медиҳад.
2. Иҷрои ҷазо ё анҷом додани табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур дарҷ шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур дарҷ шудаанд, шартан пеш аз муҳлат озод намудан, татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо, қатъ намудан ё тағйир додани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.
4. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки суди он ҳукм баровардааст, оид ба ҳолат ва натиҷаи иҷрои ҷазо ё табобати маҷбурӣ дар ҳолатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳангоми ба охир расидани иҷрои ҷазо ё табобати маҷбурӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) фавт ё фирор намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №