ЭКСПЕРТИЗА ВА ТАҲҚИҚ ҲАНГОМИ НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 419. Муқаррар кардани экспертиза ҳангоми назорати гумрукӣ
1. Молу воситаҳои нақлиёт ё ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи молу воситаҳои нақлиёт ё амалиёти (амали) нисбати онҳо гузаронидашаванда маълумот доранд, дар ҳолатҳое мавриди экспертиза қарор мегиранд, ки дар рафти назорати гумрукӣ барои эзоҳи масъалаҳои пайдошуда маълумоти махсус зарур бошад.
2. Экспертиза аз ҷониби коршиноси лабораторияи гумрукӣ, инчунин дигар ташкилотҳои дахлдор ё дигар коршиносоне, ки мақомоти гумрук таъин мекунад, гузаронида мешавад. Ба сифати коршинос мумкин аст ҳар шахсе, ки барои додани хулоса маълумоти махсус дорад, таъин карда шавад. Барои гузаронидани экспертиза коршинос дар асоси шартнома ҷалб карда мешавад. Ҳангоми таъини экспертиза бо ташаббуси декларант ё дигар шахси манфиатдор шахсони мазкур ҳуқуқ доранд ба мақомоти гумрук номзади коршиносро пешниҳод намоянд.
3. Оид ба таъини экспертиза шахси мансабдори мақоми гумрук бо розигии сардори ин мақомот ё муовини ӯ дар ин бора қарор мебарорад, ки дар он сабаби гузаронидани экспертиза, ному насаби коршинос, номи ташкилоте, ки бояд дар он экспертиза гузаронида шавад, масъалаҳои ба зиммаи коршинос гузошташуда, рӯйихати мавод ва ҳуҷҷатҳои ба ихтиёри коршинос гузошташаванда, мӯҳлати гузаронидани экспертиза ва пешниҳоди хулоса ба мақомоти гумрук қайд карда мешавад.
Дар қарор ҳамчунин дар бораи огоҳонии коршинос оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ қайд мешавад.
4. Мӯҳлати экспертиза бояд аз мӯҳлатҳои зерин зиёд набошад:
1) аз мӯҳлати нигоҳдории муваққатӣ (моддаи 103), ба шарте агар мол то гирифтани натиҷаи экспертиза иҷозат дода нашавад;
2) шаш моҳ ба шарте агар экспертиза нисбати воситаҳои нақлиёт анҷом дода шавад;
3) як сол дар дигар ҳолатҳо.
5. Шахси мансабдори мақоми гумрук вазифадор аст декларант ё дигар шахси ваколатдори молро, ба шарте, ки ин шахс аниқ бошад, бо қарори таъин шудани экспертиза шинос намояд ва ҳуқуқҳои дар моддаи 423 ҳамин Кодекс пешбинигардидаро фаҳмонида, дар қарор сабти дахлдор мегузорад, ки онро шахси мазкур ё намояндааш тасдиқ менамояд.
6. Хароҷоти мақомоти гумрук, лабораторияҳои гумрукӣ ва дигар коршиносону ташкилотҳое, ки экспертиза гузаронидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки экспертиза бе ташаббуси мақомоти гумрук гузаронида шуда бошад, аз ҳисоби буҷети давлат пардохта мешавад.
Моддаи 420. Хулосаи коршинос
1. Коршинос дар асоси тадқиқоти гузаронидашуда ва бо назардошти натиҷаи онҳо аз номи худ ба таври хатти хулоса пешниҳод мекунад.
2. Дар хулосаи коршинос бояд замон ва макони гузаронидани тадқиқот, аз тарафи ки, дар кадом асос гузаронидани экспертиза, масъалаҳои дар назди коршинос гузошташуда, объекти тадқиқот, маводу ҳуҷҷатҳои ба коршинос пешниҳодшуда, мундариҷа ва натиҷаи тадқиқот, бо нишон додани усулҳои татбиқшуда, арзёбии натиҷаи тадқиқот, хулосаҳо тибқи масъалаҳои пешниҳодшуда ва асоснокии онҳоро зикр намояд.
Маводу ҳуҷҷатҳое, ки аз хулосаи коршинос ё якчанд коршинос далолат мекунанд, ба хулоса замима мегарданд ва қисми таркиби он мебошанд.
Агар коршинос дар рафти экспертиза ҳолатҳои мавҷудаи муҳимро муайян кунад, ки аз ин хусус дар назди ӯ масъала гузошта нашуда буд, вай ҳуқуқ дорад мулоҳизаҳояшро доир ба ин ҳолатҳо ба хулоса ҳамроҳ кунад.
3. Агар экспертиза бо иштироки якчанд коршинос гузаронида шуда бошад, хулоса аз тарафи ҳамаи онҳо имзо карда мешавад. Агар байни коршиносон мухолифат пайдо шавад, ҳар яки онҳо хулосаашонро алоҳида тартиб медиҳанд.
4. Мақоми гумрук, ки экспертизаро таъин намудаст, ба декларант ё дигар шахсони ваколатдор нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт, агар ин шахсон аниқ бошанд, нусхаи хулосаи коршинос, маълумоти ӯро оид ба имконпазирии надодани хулоса месупорад.
5. Ҳангоми қабули қарор мақомоти гумрук хулосаи коршиносонро тибқи натиҷаи экспертиза, аз ҷумла экспертизаи бо ташаббуси декларант ё шахси дигари манфиатдор гузаронидашударо барраси менамоянд.
Моддаи 421. Экспертизаи иловагӣ ва такрорӣ
1. Ҳангоми нофаҳмо ё номукаммал будани хулоса мумкин аст гузаронидани экспертизаи иловагӣ ба ҳамин коршинос, коршиносӣ дигар ё ташкилот супурда шавад.
2. Дар сурати бо хулосаи коршиноси гумрукӣ аз рӯи экспертизаи аввалия ва (ё) иловагии гумрукӣ розӣ набудани декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ваколатдор ва намояндаҳои онҳо ё мақоми гумруке, ки экспертизаро таъин кардааст, экспертизаи гумрукии такрорӣ гузаронида мешавад. Гузаронидани экспертизаи гумрукии такрорӣ ба комиссияи иборат аз 2 (ду) ва зиёда коршиносон, ба истиснои коршиносе (коршиносоне), ки экспертизаи аввалия ва (ё) иловагиро гузаронидааст (гузаронидаанд), супорида мешавад. Коршиносе (коршиносоне), ки экспертизаи аввалия ва (ё) иловагиро гузаронидааст (гузаронидаанд), метавонад (метавонанд) зимни гузаронидани экспертизаи такрорӣ иштирок намояд (намоянд) ва ба комиссия тавзеҳот диҳад (диҳанд), аммо дар таҳқиқот ва омода намудани хулосаи коршинос иштирок намекунад (намекунанд) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
3. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ мутобиқи моддаҳои 419 ва 420 ҳамин Кодекс таъин карда мешавад.
Моддаи 422. Ҳуқуқ ва масъулияти коршинос
1. Коршинос ҳуқуқ дорад:
1) маводи марбут ба экспертизаро дида барояд;
2) бо розигии мақоми гумрук ба кори экспертиза дигар коршиносонро ҷалб кунад;
3) барои гузаронидани экспертиза маводи иловагии заруриро талаб карда гирад;
4) аз додани хулоса даст кашад, ба шарте ки маводи ба ӯ пешниҳодшуда пурра набошад ё он барои гузаронидани экспертиза дониши зарурӣ надошта бошад. Маълумот дар бораи надодани хулоса ба мақомоти гумрукӣ экспертизаро таъинкарда ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешавад;
5) бо иҷозати мақомоти гумрук ҳангоми назорати гумрукӣ дар гузаронидани амалҳои аниқ иштирок намояд.
2. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дар рафти экспертиза ё тайёри бадастовардаи коршинос, ки аз маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва дигар сирри қонунан ҳифзшуда иборат аст, инчунин дигар маълумоти махфиро набояд ошкор кунад, истифода барад ё ба шахсони сеюм диҳад.
Моддаи 423. Ҳуқуқи декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ваколатдор ва намояндаҳои онҳо ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза
1. Ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза декларант шахси дигари нисбати мол ва ё воситаҳои нақлиёт ваколатдор ва намояндаҳои онҳо ҳуқуқ доранд:
1) ба коршинос раддияи асоснок пешниҳод намоянд;
2) оид ба таъин намудани коршиноси мушаххас дархост пешниҳод кунанд;
3) оид ба гузоштани масъалаҳои иловагӣ дар назди коршинос барои тибқи онҳо хулоса гирифтан дархост пешниҳод кунанд;
4) бо иҷозати мақоми гумрукии экспертизаро таъиннамуда дар он иштирок кунанд ва ба коршинос тавзеҳот диҳанд;
5) чошнӣ ва намунаи молро гиранд (моддаи 424);
6) бо хулосаи коршинос ё ахбори ӯ оид ба надодани хулоса шинос шаванд ва нусхаи чунин хулоса ё ахборро гиранд;
7) оид ба гузаронидани экспертизаи такрорӣ ё иловагӣ дархост пешниҳод кунанд.
2. Ҳангоми қонеъ гардидани дархости декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ваколатдор ё намояндаҳои онҳо, ки экспертизаро таъин намудаанд, шахси мансабдори мақомоти гумрук қарори дахлдор қабул мекунад.
Ҳангоми дархостро қонеъ накардан шахси мансабдори мақомоти гумрук бояд дар ин бора ба шахсе, ки дархост пешниҳод кардааст, ба таври хаттӣ иттилоъи асоснок диҳад.
Моддаи 424. Чошнӣ ва намуна
1. Шахси мансабдори мақоми гумрук дар рафти назорати гумруки ҳуқуқ дорад барои тадқиқот аз мол чошнӣ ё намунаи зарурӣ гирад. Оид ба гирифтани чошнӣ ё намунаи дар шакли муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ санад тартиб дода мешавад. Нусхаи дуюми санади мазкур бояд ба шахси нисбати мол ваколатдор, агар вай аниқ бошад ё ба намояндаи ӯ супорида шавад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ чошнию намуна бо иштироки коршинос ё мутахассис гирифта мешавад.
2. Чошнӣ ё намунаи моли таҳти назорати гумрукӣ бударо декларантҳо, шахсони нисбати мол ваколатдор, намояндаҳои онҳо, шахсони дар қисми 1 моддаи 442 ҳамин Кодекс зикргардида ва кормандони дигар мақомоти давлатӣ, бо иҷозати хаттии мақомоти гумрук гирифта метавонанд.
3. Чошнӣ ё намунаҳо дар ҳаҷми камтарин, ки барои тадқиқоти онҳо заруранд, гирифта мешаванд.
Иҷозати аз мол гирифтани чошни ё намуна аз тарафи шахсони дар қисми 2 ҳамин модда қайдшуда дода мешавад, ба шарте, ки ин амал:
1) назорати гумрукиро душвор нагардонад;
2) тавсифи молро тағйир надиҳад;
3) боиси саркашӣ кардан аз пардохти боҷҳои гумрукию андоз ё риоя накардани мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нагардад.
4. Ҳангоми гирифтани чошнӣ ва намунаи мол декларант барои чошнӣ ва намуна декларатсияи гумрукии алоҳида пешниҳод наменамояд, ба шарте агар онҳо дар декларатсияи гумрукии мол қайд шуда бошанд.
Агар чошнӣ ва намуна аз тарафи мақоми гумрук дар мӯҳлати таъиншуда баргардонида нашавад, декларант ҳуқуқ дорад арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро ба андозаи арзиши гумрукии чошнӣ ва намуна кам кунад.
5. Декларантҳо, шахсони нисбати мол ваколатдор, намояндаҳои онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми аз мол чошнӣ ва намуна гирифтани шахсони мансабдори мақомоти гумрук ва кормандони мақомоти дигари давлатӣ иштирок кунанд.
6. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми аз мол чошни ё намуна гирифтани кормандони мақомоти дигари давлатӣ, инчунин шахсони дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда иштирок намоянд.
7. Декларантҳо ва намояндагони онҳо вазифадоранд ба шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми гирифтани чошнӣ ва намунаи мол ба онҳо ёри расонанд, аз ҷумла аз ҳисоби худашон молро бор кунанд ва фароранд ва дигар амалиёти заруриро нисбати мол иҷро кунанд.
8. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд дар ғайби декларантҳо ва намояндагони онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 413 ҳамин Кодекс аз мол чошнӣ ё намуна гиранд. Дар чунин ҳолатҳо чошнӣ ё намуна дар ҳузури на камтар аз ду шахси холис гирифта мешавад.
9. Мақомоти гумрук бояд аз натиҷаи тадқиқоти чошнӣ ё намунаи моле, ки аз тарафи мақомоти дигари давлатӣ гирифта шудаанд, хабардор бошанд ва дар ин бора шахсони дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо огоҳ намоянд.
10. Тартиби аз мол гирифтани чошнӣ ё намуна, инчунин тартиби тадқиқи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
11. Баробари ба охир расидани тадқиқот чошнӣ ё намунаи мол ба соҳибаш баргардонида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин чошнӣ ва намуна мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нобуд ё партов карда шавад, инчунин агар хароҷоти баргардонидани чошнӣ ё намуна аз нархи онҳо бештар бошад.
Моддаи 425. Иштироки мутахассис ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ
1. Ҳангоми зарурат барои иштирок дар иҷрои амалҳои мушаххаси назорати гумрукӣ мумкин аст мутахассиси ба натиҷаи чунин амалҳо манфиатнадоштаи дорои донишу малакаи махсус, ки барои мусоидат ба мақомоти гумрук муҳим аст, махсусан ҳангоми истифодаи воситаҳои техникӣ ҷалб карда шавад.
2. Шахс ба сифати мутахассис дар асоси шартнома ҷалб карда мешавад.
3. Мутахассис ҳуқуқ дорад:
1) бо маводи дахлдори амале, ки бо иштироки ӯ иҷро мегардад, шинос шавад;
2) бо иҷозати шахси мансабдори мақоми гумрук ба иштирокчиёни ин амал саволҳои ба ин амал дахлдорро диҳад;
3) ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи натиҷаи иҷрои амал дар рафти назорати гумрукӣ тартиб дода мешаванд, аз назар гузаронад, пешниҳоду мулоҳизаҳояшро оид ба иҷрои ин амал баён кунад, ки бояд дар чунин ҳуҷҷатҳо қайд карда шаванд.
4. Мутахассис вазифадор аст:
1) дар амале, ки дониши махсусро талаб мекунад, иштирок кунад, оид ба амали пешгирифтааш шарҳу эзоҳот диҳад;
2) иҷро шудани ин амал, мазмун ва натиҷаи онро бо имзои худ тасдиқ кунад.
5. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти ҳангоми иҷрои амали назорати гирифтаашро, ки он сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва ё дигар сирри қонунан ҳифзшаванда мебошад, инчунин дигар маълумоти махфиро набояд ошкор кунад, бо мақсади дигар истифода барад ё ба шахси сеюм диҳад.
6. Хароҷоти мақомоти гумрук нисбати ҷалби мутахассис аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутахассис бе дархости мақомоти гумрук ҷалб шуда бошад.
Моддаи 426. Ҷалби мутахассисони мақомоти дигари давлатӣ барои мусоидат ба назорати гумрукӣ
1. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти назораткунандаро барои мусоидат ба назорати гумрукӣ ҷалб намоянд.
2. Хароҷоти вобаста ба ҷалби мутахассисони мақомоти дигари давлатӣ, ба шарте агар кори иҷрокардаи онҳо ба доираи вазифаҳои хизматиашон вобаста набошад, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.