ШИКОЯТ ОВАРДАН АЗ АМАЛ (БЕАМАЛӢ) ВА ҚАРОРҲОИ ТАҲҚИҚБАРАНДА, МУФАТТИШ, РОҲБАРИ МАҚОМОТИ ТАФТИШОТ, ПРОКУРОР, СУД, СУДЯ ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755)
Моддаи 119. Шикоят
1. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин шахсони дигаре, ки манфиати онҳо халалдор шудааст, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амал (беамалӣ) ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, роҳбари мақомоти тафтишот, прокурор, суд, судя шикоят оваранд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
2. Шикоят шифоҳӣ ва хаттӣ шуда метавонад. Шикояти шифоҳӣ дар протокол инъикос меёбад, ки ба он шикояткунанда ва шахси мансабдори шикоятро қабулкарда имзо мегузоранд.
3. Шикояти шифоҳии шаҳрванд, ки ҳангоми ӯро қабул кардани шахси мансабдори дахлдор арз шудааст, бо асосҳои умумӣ дар қатори шикоятҳои дар шакли хаттӣ пешниҳодгардида ҳал карда мешавад. Ба шикоят маводи иловагиро замима кардан мумкин аст.
Моддаи 119(1). Тартиби ирсол намудани шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордошта
(Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777)
1. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯхдадор аст фавран ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро, ки ба унвонии он ирсол гардидааст, супорад.
2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯҳдадор аст шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро оид ба шиканҷа, дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин оид ба амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш на дертар аз се шабонарӯз ба прокурор ё суд, шикоят оид ба амал ва қарори прокурорро ба прокурори болоӣ ё суд супорад. Дигар шикоятҳо бояд дар ҳамин мӯҳлат пас аз ворид шудани онҳо ба маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба шахс ё мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, супорида шаванд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777).
Моддаи 120. Мӯҳлати пешниҳоди шикоят
1. Аз амал (беамалӣ) ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар тамоми давраи пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ шикоят кардан мумкин аст.
2. Шикоят аз қарори рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ва қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, ҳукм ва таъиноте, ки судҳои марҳилаи якум баровардаанд, дар мӯҳлати муайянкардаи Кодекси мазкур оварда мешавад.
Моддаи 121. Боздоштани иҷрои қарор вобаста ба шикоят
Шикоят бо тартиби мақарраркардаи Кодекси мазкур иҷрои қарореро, ки аз он шикоят оварда шудааст, бознамедорад, ба шарте ки дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 122. Тартиби умумии баррасии шикоят
1. Баррасии шикоятро ба зиммаи прокурор ва судяе, ки аз амали онҳо шикоят кардаанд ва инчунин ба зиммаи шахси мансабдоре, ки қарори аз он шикоятшударо тасдиқ намудааст, вогузоштан манъ аст.
2. Прокурор ё судя дар ҷараёни баррасии шикоят вазифадоранд, ки ваҷҳҳои дар он овардашударо ҳамаҷониба санҷад, ҳангоми зарурат маводи иловагӣ талаб намояд ва бо хоҳиши аризадиҳанда вобаста ба амал ва қарори аз он шикоятшуда аз вай тавзеҳот гирад.
3. Прокурор ё судяе, ки шикоятро баррасӣ мекунад, вазифадор аст дар доираи ваколати худ барои барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии поймолшудаи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин дигар шаҳрвандон, корхона, ташкилот ва муассисаҳо чораҳо андешад.
4. Агар аз амал ё қарори ғайриқонунии шикоятшуда ба шаҳрванд зарари маънавӣ, ҷисмонӣ ё моддӣ расида бошад, ба ӯ бояд ҳуқуқҳояш дар бораи ҷуброн ё бартараф кардани зарар ва тартиби татбиқи ин ҳуқуқ, ки боби 47 Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, фаҳмонда шавад.
Моддаи 123. Шикоят аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор
1. Аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ба прокуроре, ки иҷрои қонунҳоро ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ назорат мекунад, шикоят кардан мумкин аст. Аз амал ва қарори прокурор ба прокурори болоӣ ва ё суд шикоят карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
2. Прокурор вазифадор аст, ки шикоятро дар давоми се шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани он баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисно, агар барои санҷиши шикоят зарурати талаб карда гирифтани маводи иловагӣ ё андешидани чораҳои дигар пеш ояд, мумкин аст, ки шикоят дар мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз баррасӣ гардад ва дар ин бора шахси шикояткарда ва манфиатдор огоҳ карда мешаванд.
3. Дар натиҷаи баррасии шикоят қарори пурра ё қисман қонеъ гардонидани шикоят ба воситаи бекор кардан ё тағйир додани қарори шикоятшуда ё ин ки дар бораи рад намудани қонеъ гардонидани шикоят қарор қабул карда мешавад. Дар айни замон қарори қаблан қабулгардида тағйир дода намешавад, ба шарте, ки он боиси бад шудани вазъи шахсе гардад, ки шикоят карда ё ба манфиати он шахс шикоят арз шуда буд.
4. Шахси шикояткарда ва шахсони манфиатдор бояд аз қарори доир ба шикоят қабулгардида огоҳ карда шаванд.
Моддаи 124. Тартиби судии баррасии шикоят аз қарори прокурор
1. Агар шикояти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз ҷониби прокурор, прокурори болоӣ қонеъ нашуда бошад ва ё дар мӯҳлати муайянкардаи Кодекси мазкур ҳал нашуда бошад, онҳо ҳуқуқ доранд дар бораи рад кардани қабули аризаашон оид ба ҷиноят ё вайрон кардани қонун ҳангоми оғоз, боздоштан ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ба суд шикоят кунанд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
2. Шикоятро ба суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти прокуратура дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи прокурор дар бораи рад намудани қонеъгардонии он ё аз рӯзи гузаштани мӯҳлати як моҳи баъди додани шикоят, ба шарте, ки ба он ҷавоб нарасида бошад, арз кардан мумкин аст.
3. Шикоят аз ҷониби судя дар давоми даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани он бо огоҳ намудани шикояткунанда, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ва прокурор аз вақти баррасӣ дида баромада мешавад. Ба маҷлиси суд ҳозир нашудани шикояткунанда, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ва прокурор ба баррасии шикоят монеъ шуда наметавонад, вале судя метавонад ҳозир шудани онҳоро ҳатмӣ шуморад. Прокурор ба суд маводи бо шикоят алоқамандро пешниҳод менамояд. Дар оғози маҷлиси суд судя эълон мекунад, ки кадом шикоят баррасӣ мешавад, ба шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро мефаҳмонад. Пас аз ин шикояткунанда, агар дар маҷлиси суд иштирок дошта бошад, шикояти худро асоснок мекунад, сипас дигар шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ақидаҳои худро баён мекунанд. Ба шикояткунанда иҷозати бо луқмапартоӣ баромад кардан дода мешавад. Иштирокчиён ҳуқуқ доранд пас аз эълон кардани қарори суд, судя дар мӯҳлати як шабонарӯз бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва ба он дар ҳамин мӯҳлат эродҳо баён намоянд. Шинос шудан бо протокол бо имзои шахсони шиносшуда дар худи протоколи маҷлиси суд тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
4. Судя шикоятро асоснок эътироф намуда, дар бораи қонеъ намудани шикоят ва бекор кардани қарор ё ин ки беқаноат мондани шикоят қарор мебарорад. Қарори судя дар бораи бекор кардани қарори рад кардани оғоз, боздоштан ё ин ки қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ барои иҷро ба прокурор равон карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
5. Судяе, ки шикоят аз қарори прокурорро баррасӣ кардааст, моҳиятан дар баррасии парванда ҳуқуқи иштирок кардан надорад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 982).
Моддаи 125. Шикоят аз қарори суд ё эътироз ба он
1. Шикоят аз ҳукм, таъинот ва қарори суди марҳилаи якум, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд ё эътироз ба он тибқи қоидаҳои боби 38 Кодекси мазкур оварда мешавад.
2. Шикоят ё эътирози аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, тибқи қоидаҳои бобҳои 42 ва 43 Кодекси мазкур пешниҳод карда мешаванд.
ФАСЛИ V. ДИГАР МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ