ШИКОЯТ АЗ ҚАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ОНҲО | 1994

Моддаи 45. Ҳуқуқ барои шикоят
Ҳар шахс ҳуқуқ дорад нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо шикоят намояд, ба шарте, ки бо чунин қарор, амал (беамали) ба ақидаи ин шахс, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ поймол карда ё барои амалӣ гаштани онҳо монеаҳо эҷод шуда ё ғайриқонунӣ ба зиммаи ӯ ӯҳдадории нав гузошта шуда бошад.
Моддаи 46. Тартиби пешниҳоди шикоят
1. Аз қарор, амалӣ (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо ба мақомоти гумрук, прокуратура ва (ё) суд шикоят кардан мумкин аст.
Пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори онҳо ба мақомоти гумрук имконияти ҳамзамон ё минбаъд ба прокуратура ё суд пешниҳод намудани шикоятномаи дорои ҳамин мазмунро истисно наменамояд. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, ки ба мақомоти гумрук, прокуратура ё суд ирсол шудааст, аз ҷониби ҳамин мақомот баррасӣ мегардад.
2. Тартиби пешниҳоди шикоят, тартиби баррасӣ ва тартиби ҳалли шикоятӣ ба прокуратура ва суд фиристодашавандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Тартиби пешниҳоди шикоят, баррасӣ ва ҳалли шикояте, ки ба мақомоти гумрук нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо ирсол шудааст, тибқи ҳамин боб муқаррар гардида, ҳангоми шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он истифода бурда мешавад, ба истиснои қарорҳои мақомоти гумрук (шахсони мансабдори мақомоти гумрук) нисбати парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.
Моддаи 47. Тартиби пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он ба мақомоти гумрук
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ба мақоми болоии гумрук шикоят карда мешавад.
Шикоят нисбати амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук ба мақоми гумрукие, ки ин шахс хизматро адо мекунад (вазифаи давлатиро ишғол менамояд) ва агар нисбати қарори амали (беамалии) сардори мақоми гумрук бошад, ба мақоми болоии гумрук арз карда мешавад.
Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад мустақиман ба мақоми болоии гумрук, инчунин тавассути мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниҳод шудааст, дода шавад.
2. Мақоми гумрук, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниҳод шудааст, онро бо маводи тасдиқкунанда ба мақоми болоии гумрук дар давоми 5 рӯзи ворид шуданаш ирсол менамояд.
Агар мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо шикоят гирифтааст, ҳуқуқи баррасиро надошта бошад, вазифадор аст дар мӯҳлати 5 рӯз онро ба мақоми гумруке фиристад, ки бояд мувофиқи ҳамин модда шикоятро баррасӣ намояд ва дар ин бора шахси шикоятнамударо ба таври хаттӣ огоҳ созад.
3. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба ҳамин мақом пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 48. Мӯҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад дар муҳлати як моҳ дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз рӯзе, ки шахс дар бораи поймол гардидани ҳуқуқ, озодӣ ё манфиатҳои қонунӣ, гузоштани маҳдудият ҷиҳати амалӣ намудани онҳо ё ғайриқонунӣ ба зиммаи вай гузоштани ӯҳдадориҳо огоҳ шудааст ё бояд огоҳ мегардид;
2) аз рӯзи гузаштани мӯҳлати муқарраршуда барои қабули қарор ё иҷрои амал аз ҷониби мақоми гумрук ё шахси мансабдори он, ки қабул ва иҷрои амал мувофиқи ҳамин Кодекс пешбини шудааст.
2. Шикоят нисбати қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шудани нусхаи қарор ё гирифтани он пешниҳод карда шавад ва бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 49. Барқарор намудани мӯҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он
1. Ҳангоми гузаронидани мӯҳлати пешниҳоди шикоят бо сабабҳои узрнок он метавонад тибқи аризаи шахси нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят муроҷиатнамуда аз ҷониби мақоми гумруки ваколатдори баррасии чунин шикоят барқарор карда шавад.
2. Мӯҳлати гузаронидашудаи шикоят ҳангоми воқеан барои баррасӣ қабул намудани шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он барқароршуда ҳисоб меёбад.
Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он
1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он дар шакли хаттӣ супорида мешавад ва бояд аз ҷониби муроҷиаткунанда имзо карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шахсе, ки бо шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он муроҷиат намудааст, метавонад ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои дар шикоят зикршударо пешкаш нанамояд. Агар пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо барои баррасии шикояти мазкур дорои аҳамияти калон бошад ва ин ҳуҷҷатҳо дар мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ва шахси мансабдори он шикоят шудааст, мавҷуд набошад, мақоми гумруки баррасикунандаи шикояти мазкур ҳуқуқ дорад онҳоро аз шахси шикоятнамуда талаб кунад. Дар ин ҳолат мӯҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақоми гумрук, вале на бештар аз 3 моҳ боздошта мешавад. Ҳангоми аз ҷониби шахс пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақоми гумрук қарор нисбати шикояти мазкур бе назардошти далелҳое, ки барои тасдиқи онҳо ҳуҷҷатҳо пешниҳод нашудаанд, қабул карда мешавад.
Моддаи 51. Оқибати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ва шахси мансабдори он иҷрои қарор ва амали таҳти шикоят қарордоштаро бознамедорад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофи барои гумони он, ки шикоят нисбати қарор ё амал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, инчунин дар ҳолате, ки агар бознадоштани иҷрои қарор, амал метавонад хусусияти бебозгашт дошта бошад, мақоми гумруки баррасикунандаи шикоят ҳуқуқ дорад иҷрои қарор ва (ё) амали шикоятшавандаро то қабули қарор вобаста ба моҳияти шикоят пурра ё қисман боздорад.
Моддаи 52. Асосҳо барои моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он
1. Агар мӯҳлати муқарраргардидаи пешниҳоди шикоят риоя нашуда бошад ва шахс дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузаронидаи пешниҳоди шикоят бо ариза муроҷиат накарда бошад ё худ аризаи барқароркунии мӯҳлати гузашта барои шикоят рад карда шуда бошад, мақоми гумрук метавонад баррасии шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва ё шахси мансабдори он моҳиятан рад намояд.
2. Қарор ҳангоми моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он бояд дар давоми 3 рӯзи воридшавии шикояти мазкур қабул карда шавад.
3. Оид ба қарори мақомоти гумрук дар бораи моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он ба мақоми болоии гумрук ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Шахсе, ки нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят муроҷиат кардааст, метавонад то қабули қарор оид ба шикоят дар ҳама ҳолат шикояти худро бозхонад.
2. Шикояти такрорӣ оид ба ҳамин масъала метавонад дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 48 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шавад.
Моддаи 54. Мақоми гумруке, ки шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он баррасӣ менамояд
1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук аз ҷониби мақоми болоии гумрук баррасӣ карда мешавад.
2. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук аз ҷониби мақоми гумруке, ки ин шахс дар он хизмат менамояд (вазифаи давлатиро ишғол менамояд) ва шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) сардори мақоми гумрук аз ҷониби мақоми болоии гумрук барраӣ карда мешавад.
3. Аз номи мақоми гумрук қарор дар бораи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори онро сардори ҳамин мақоми гумрук ё шахси мансабдори аз ҷониби он ваколатдоршуда қабул менамояд. Ҳамзамон шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он наметавонад аз ҷониби шахси мансабдоре, ки қарори таҳти шикоят қарордоштаро қабул кардааст, амали (беамалии) таҳти шикоят қарордоштаро анҷом додааст ё шахсе, ки нисбат ба мансаби ишғолнамудаи он поёнтар қарор дорад, баррасӣ гардад.
Моддаи 55. Мӯҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бояд аз ҷониби мақоми гумрук дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавӣ ва дар ҳолатҳое, ки омӯзиш ва тафтиши иловагӣ талаб карда намешавад - дар давоми на зиёда аз 15 рӯз баррасӣ гардад.
Агар барои баррасии шикоят гузаронидани тафтиши махсус, дархости ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё худ қабули дигар чораҳо тақозо гардад, сардори мақоми гумруки баррасикунандаи шикоят метавонад мӯҳлати ҳаллӣ шикоятро на бештар аз як моҳ тамдид намояд ва дар ин бора ба муроҷиаткунанда хаттӣ, бо зикри сабаби тамдид хабар диҳад. Мӯҳлати умумии баррасии шикоят набояд аз ду моҳ зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 56. Қарори мақомоти гумрук оид ба шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Амал ҷиҳати татбиқи қарори мақоми гумрук дар бораи қонеъ намудани шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук, шахси мансабдори он бояд аз ҷониби мақомоти гумрук, ки қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук, шахси мансабдори он ғайриқонунӣ дониста шудааст, дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид шудани ин қарор ба ин мақомот анҷом дода шавад, агар дар қарори мазкур мӯҳлати дигаре муайян нашуда бошад.
Зараре, ки ба муроҷиаткунанда дар натиҷаи сари вақт иҷро накардани қарор расонида шудааст, мувофиқи моддаи 472 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори онро аз номи мақоми гумрук баррасӣ менамояд, ҳангоми ошкор намудани нишонаҳои гуноҳи шахси мансабдори мақомоти гумрук ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммаи шахси мансабдори мақоми гумрук гузошташуда барои ҷалби ин шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизоми тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳо меандешад.
3. Нусхаи қароре, ки оид ба баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он қабул гардидааст, ба шахси бо шикоят муроҷиаткарда дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 55 ҳамин Кодекс фиристода мешавад. Дар қарор далелу асосҳои қабули он, инчунин маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси бо шикоят муроҷиатнамуда ба овардани шикояти минбаъда нисбат ба қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нишон дода шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
4. Оид ба қарори мақоми гумрук нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он ба мақоми болоии гумрук ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук
1. Тибқи тартиби соддагардонидашуда нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ё дидбонгоҳи гумрукӣ вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ, ки арзиши он аз 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар намебошад, шикоят кардан мумкин аст (Конун аз 06.10.2008с. № 437).
2. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук аз шикояти шифоҳии шахс мувофиқан ба шахси мансабдори мақоми болоии гумрук ё дидбонгоҳи гумрукӣ ва дар сурати шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) сардори дидбонгоҳи гумрук - ба сардори гумрук, ки дар минтақаи фаъолияти он чунин дидбонгоҳи гумрук қарор дорад, иборат мебошад.
3. Баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ба тартиби соддагардонидашуда бетаъхир анҷом дода шуда, қарор нисбати он фавран қабул карда мешавад.
4. Ҳангоми шикоят тибқи тартиби соддагардонидашуда бо хоҳиши шахси нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук бо шикоят муроҷиатнамуда шахси мансабдори мақоми гумрук, ки ин шикоятро баррасӣ менамояд, дар бораи баррасии шикоят тибқи тартиби соддагардонидашуда санад таҳия менамояд, ки он дар бораи шахси мансабдори баррасикунандаи шикоят, шахси бо шикоят муроҷиатнамуда, мазмуни мухтасари шикоят ва қарори қабулшуда маълумотро дар бар мегирад. Ҳангоми рад кардани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда дар ҳамин санад сабабҳои чунин рад нишон дода мешавад. Шакли санадро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. санади баррасии шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук бо тартиби соддагардонидашуда шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шикоятро баррасӣ намудааст ва шахсе, ки бо шикоят муроҷиат кардааст имзо мегузоранд. Нусхаи санад дар бораи баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда ба шахси бо шикоят муроҷиатнамуда супорида мешавад.
5. Баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда ва қабули қарор барои шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он тибқи тартиби умумӣ монеъ шуда наметавонад.
ФАСЛИ II. РАСМИЁТИ ГУМРУКӢ
ЗЕРФАСЛИ 1. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ