ШАХСОНЕ, КИ БОЯД БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДА ШАВАНД | 1994

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

Моддаи 22. Шартҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ

Танҳо шахси воқеии мукаллаф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синну соли муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс расидааст.

Моддаи 23. Синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад

1) Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

2) Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобграрии ҷиноятӣ кашида мешаванд: одамкушӣ (моддаи 104), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110), қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111), одамрабоӣ (моддаи 130), таҷовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зӯроварии дорои хусусяти шаҳвонӣ (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), ғасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш (моддаи 199), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 202), парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо (моддаи 214), авбошӣ дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 237), дуздӣ (моддаи 244), ғоратгарӣ (моддаи 248), роҳзанӣ (моддаи 249), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (моддаи 252), қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 255) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966, аз 19.07.2022 № 1895).

3) Дар ҳолатҳои алоҳидаи дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида танҳо он шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки аз синни шонздаҳсола болотар аст.

4) Агар ноболиғ дар вақти содир намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ба синну соли дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рӯҳӣ, ки бо парешонҳолии рӯҳӣ алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусусияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 24. Номукаллафӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ба шахсе, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонуни ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудааст, чораҳои дорои хусусияти маҷбурии тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Шахсе, ки дар ҳолати мукаллафӣ ҷиноят содир намуда, вале то баровардани ҳукми суд мубталои бемории рӯҳие шудааст, ки барои дарки хавфи кирдори худ ё идора кардани онро имконият намедиҳад, ҳамчунин ҷазо дода намешавад. Суд метавонад нисбати чунин шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро раво бинад ва пас аз шифо ёфтан ин шахсро ҷазо додан мумкин аст, агар мӯҳлатҳои дар моддаи 75 ҳамин Кодекс пешбинишуда нагузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 25. Ҷавобгарии ҷиноятии шахсони дорои парешонҳолии дардмандонаи рӯҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад (мукаллафии маҳдуд)

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Шахси мукаллафе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят бар асари парешонҳолии рӯҳи наметавонист пурра хусусияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онро идора намояд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳолати мукаллафии маҳдуд ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта шуда, барои таъин намудани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ асос шуда метавонад.

Моддаи 26. Ҷавобгарии ҷиноятии шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ ҷиноят содир намудаанд

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Шахсе, ки дар ҳолати мастӣ дар асари истеъмоли машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҷиноят содир кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Дар сурати ҷиноятро содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд дар баробари муқаррар намудани ҷазо метавонад чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330).