ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ | 1994
Моддаи 20. Мавзӯи шартномаи меҳнатӣ
Мавзӯи шартномаи меҳнатиро муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо ташкил менамояд, ки мувофиқи он корманд корро (уҳдадориро) аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиботи дохилии меҳнат иҷро менамояд ва корфармо шароити меҳнатро муҳайё намуда, ба корманд сари вақт ва пурра музди меҳнат ва дигар пардохтҳоеро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, созиши тарафҳо муайян намудаанд, таъмин менамояд.
1. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд.
2. Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад.
3. Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.
4. Шахсони зерин метавонанд ҳамчун корфармо, тарафи шартномаи меҳнатӣ бошанд:
- мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо;
- шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё ба сифати корфармо ҳамчун истифодабарандаи меҳнати шахсони дигар ба қайд гирифта шудааст.
1. Тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд.
2. Маҷбур намудан барои бастани шартномаи меҳнатӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё уҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо бастани шартномаро пешбинӣ мекунанд.
3. Беасос рад кардан аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ аз ҳисоби квота, роҳхат ва брон ба кор фиристода шудаанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.
4. Рад кардани бастани шартномаи меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.
5. Бо талаби корманд ва ё мақомоти манфиатдор корфармо уҳдадор аст, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.
6. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст шартҳои иловагӣ гузошта шаванд (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа (мансаб).
1. Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Беасос рад кардан аз қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани шахсони зерин ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад:
- шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;
- шахсоне, ки корфармо мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ бандад (маъюбон ва шахсони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо).
2. Ҳангоми рад кардан аз қабул ба кор корфармо уҳдадор аст, бо талаби корманд дар муҳлати 3 рӯзи корӣ ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Дар хусуси чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
1. Мазмуни шартномаи меҳнатиро созиши тарафҳо, муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ муайян мекунанд.
2. Дар матни шартномаи меҳнатӣ бояд нишон дода шаванд:
- ном ва суроғаи корфармо, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;
- насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда;
- насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда, агар корфармо шахси воқеӣ бошад;
- ҷойи кор (ташкилот ва ё воҳиди муайян);
- вазифаи (мансаби) ишғолнамудаи корманд;
- хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;
- санаи оғози кор;
- муҳлати шартномаи меҳнатӣ;
- низом ва реҷаи вақти корӣ;
- вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд;
- андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд;
- тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;
- кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо;
- шартҳои суғуртакунонӣ;
- ҷавобгарии тарафҳо;
- санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ.
3. Бо розигии тарафҳо дар шартномаи меҳнати метавонанд дигар шартҳое, ки ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.
4. Шартҳои шартномаи меҳнатӣ танҳо бо розигии тарафҳо дар шакли хаттӣ тағйир дода мешаванд.
5. Ҳангоми иваз шудани ном, суроға ва ҷойи истиқомат, тарафҳо метавонанд ба шартномаи меҳнатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд, ки онҳо асос барои тағйир ёфтани дигар шартҳои шартнома намегарданд.
6. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатии муҳлатнок, дар он муҳлати амал ва ҳолатҳое (сабабҳое) нишон дода мешаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос шудаанд.
7. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ паст кардани сатҳи ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, манъ аст.
1. Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати зерин баста мешавад:
- ба муҳлати номуайян;
- ба муҳлати муайян - на камтар аз як сол, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми ҳамин қисм;
- барои иҷрои уҳдадориҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад;
- ба муҳлати иҷрои кори муайян;
- барои иҷрои корҳои мавсимӣ.
2. Агар дар шартномаи меҳнатӣ муҳлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб меёбад ва он бе розигии корманд аз нав барои муҳлати муайян баста намешавад.
3. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳангоми такроран бастани он бо корманде, ки уҳдадориҳои меҳнатиашро дар асоси шартномаи меҳнатии муайяни на камтар аз як сол басташуда иҷро менамояд, чунин шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисобида мешавад, агар тарафҳо дигар шартномаи меҳнатии мудлатнокро ба расмият надароранд.
4. Шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешавад, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.
5. Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад.
6. Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян бо мақсади даст кашидан аз додани кафолат ва ҷубронҳое, ки барои кормандони шартномаи меҳнатии ба муҳлати номуайян басташуда пешбинӣ шудаанд, манъ аст.
7. Агар яке аз тарафҳо баъд аз ба охир расидани муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ дар давоми рӯзи охирини кор (баст) қатъ намудани муносибатҳои меҳнатиро талаб накунад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб карда мешавад.
8. Шартномаи меҳнатӣ бо шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи корфармо - шахси ҳуқуқӣ ба муҳлати муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот ё созишномаи тарафҳо баста мешавад ва ба чунин шартнома муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур татбиқ намегардад.
1. Шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.
2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидан ба кори дигар аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад. Пешниҳоди тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби яке аз тарафҳои шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад ва он аз ҷониби тарафи дигар дар муҳлати то ҳафт рӯзи тақвимӣ аз рӯзи дода шудан баррасӣ карда мешавад.
3. Шартномаи меҳнатӣ бо шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ташкилот аз ҷониби молики ташкилот ва ё шахси ваколатдори ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
4. Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд);
- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);
- гувоҳномаи иқомат ва ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (барои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунад), ё шаҳодатномаи шахси гуреза;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд;
- барои уҳдадорони ҳарбӣ - билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;
- ҳуҷҷати аз муоинаи тиббии пешакӣ гузаштан (барои шахсоне, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд аз чунин муоина гузаранд);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди чунин маълумот зарур аст.
5. Корфармо ҳуқуқ надорад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб кунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Ба кор қабул намудан дар асоси аризаи корманд ва бо санади корфармо ё шахси ваколатдори ӯ ба расмият дароварда мешавад. Санади мазкур ба корманд бо гузоштани имзо дар давоми на дертар аз 3 рӯзи корӣ эълон карда мешавад. Ба кор қабул намудани кормандоне (кормандони хонагӣ ва хонакорон), ки дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ мегардад, ба расмият дароварда мешавад.
7. Ҳангоми ба кор қабул намудан корфармо уҳдадор аст, ки кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, дигар санадҳои меъёрии ба (вазифаҳои меҳнатии) корманд дахлдошта, шинос намояд.
8. Амали шартномаи меҳнатӣ аз рӯзи оғози воқеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
9. Агар шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шурӯъ карда бошад, дар ин ҳолат муносибатҳои меҳнатӣ аз рӯзи воқеан ба кор шурӯъ намудани корманд ба вуҷудомада ҳисобида мешаванд.
1. Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
2. Маҳдудиятҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд бо қарори молик ё шахси ваколатдори ӯ дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
1. Шартномаи меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созиши тарафҳо муқаррар гардида, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.
2. Дар давраи санҷиш ба корманд меъёрҳои Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ татбиқ мегарданд.
3. Ҳангоми ба кор қабул намудан санҷиш ба шахсони зерин муқаррар карда намешавад:
- шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;
- мутахассисони ҷавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисос маротибаи аввал тибқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд;
- шахсоне, ки тибқи озмун барои ишғоли вазифаҳои (мансаби) дахлдор ба кор қабул карда мешаванд;
- ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;
- ба маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд.
4. Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набуд ба ҳисоби муҳлати санҷиш дохил намегардад.
5. Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин қайд, корманд бе санҷиши пешакӣ ба кор қабулшуда ҳисоб меёбад.
6. Агар то ба охир расидани муҳлати санҷиш корфармо кормандро ба вазифаи (мансаби) баланд таъйин намояд, корманд аз санҷиш гузашташуда ҳисоб меёбад.
7. Агар баъд аз гузаштани муҳлати санҷиш тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи меҳнатӣ изҳор накунанд, амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.
8. Ҳангоми манфӣ будани натиҷаи кори корманд дар давраи санҷиш корфармо ҳуқуқ дорад на барвақтар аз ҳафт рӯзи ба охир расидани давраи санҷиш бо нишон додани сабабҳое, ки барои аз санҷиш нагузаштани корманд асос шудаанд, ӯро хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бо корманд қатъ намояд.
1. Корфармо ҳуқуқ дорад ба шахсоне, ки кор меҷӯянд, барои муҳлати дар шартнома муқарраргардида оид ба таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирдӣ бо мақсади омӯхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад.
2. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартнома бо шахсоне, ки омӯзишро хатм намудаанд, шартномаи меҳнатӣ баста мешавад.
3. Музди меҳнат ҳангоми омӯзиш тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.
4. Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
1. Ба кори дигари доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
2. Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созиши тарафҳо муайяншуда моҳиятан тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.
3. Барои дар худи ҳамон ташкилот ба кори дигар гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, инчунин якҷоя бо ташкилот гузаронидан, бояд ба таври хаттӣ розигии корманд гирифта шавад.
4. Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷойи кори дигар гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа (мансаб) ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ба ҳисоб нарафта, розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатиаш мувофиқ нест, гузаронад.
5. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ба кори дигар гузаронидан ҳисобида нашуда, бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии онҳо, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
6. Агар давом додани кор аз рӯи уҳдадории меҳнатӣ, ки дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо уҳдадор аст, ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардад.
1. Корфармо ҳуқук дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад.
2. Бо шартномаҳои коллективӣ мумкин аст машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон оид ба тағйирёбии шароити меҳнат барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад.
3. Корфармо уҳдадор аст кормандонро оид ба дар оянда тағйирёбии шароити меҳнат на дертар аз ду моҳ огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, пас шартномаи меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ӯ барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона кумакпулӣ пардохт карда шавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд муроҷиат кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо уҳдадор аст, исбот намояд, ки нигоҳ доштани шароити пештараи меҳнат имконнопазир аст.
4. Дар мавридҳое, ки тағйирот дар истеҳсолот, меҳнат ва ҳаҷми кор боиси ба таври оммавӣ аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо мақсади нигоҳ доштани ҷойи корӣ ҳуқуқ дорад, бо розигии намояндагони кормандон, бе риояи муҳлати огоҳонӣ, ки қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, шароити меҳнати кормандонро тағйир диҳад.
1. Ҳангоми бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар ва бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.
3. Ҳангоми рад намудани корманд аз давом додани кор вобаста ба тағйир ёфтани шароити меҳнат шартномаи меҳнатӣ бо корманд бо асосҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
1. Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боздорад.
2. Муваққатан боздоштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе гуноҳи кормандон ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар ба онҳо ба андозаи маоши моҳона музд дода мешавад.
3. Муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.
Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда, кормандони ихтисоснокро бе розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.
1. Бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ) кормандро бе розигии ӯ ба муҳлати то як моҳ муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатии ӯ мувофиқ намебошад, муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан ба корманд аз рӯи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз маоши миёнаи пештарааш музд дода мешавад.
2. Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсолӣ (корӣ) муҳлати ниҳоии муваққатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин андозаи мушаххаси музди меҳнат дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон муайян менамояд.
1. Хоҳиши корманд дар бораи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонда шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.
2. Номгӯйи сабабҳои узрнок барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан ва тартиби пардохти музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба кори дигар гузаронидани кормандро Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар онҳо баста нашуда бошанд, корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.
Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо уҳдадор аст, бо розигии намояндагони кормандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, ба роҳ монад:
- маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд;
- маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ;
- тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми 4 моддаи 31 Кодекси мазкур;
- муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) тибқи моддаи 33 Кодекси мазкур;
- давра ба давра озод кардани кормандон;
- андешидани дигар чорабиниҳо, агар онҳоро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ карда бошанд.
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897)
1. Ҳангоми иваз шудани молик ва ё азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардида мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
2. Молики нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи моликият ҳуқуқ дорад шартномаҳои меҳнатии молики пештараро бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот иҷро мекунанд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақомот ба тобеияти мақомоти дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи меҳнатиро қатъ карда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
1. Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:
- бо созиши тарафҳо;
- бо ташаббуси корманд;
- бо ташаббуси корфармо;
- бо гузаштани муҳлат;
- бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда;
- гузаштани корманд ба кори (вазифаи) интихобӣ ё таъйин намудани ӯ ба вазифае (мансабе), ки имконияти давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо санади корфармо, ба истиснои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар вафот кардан ё аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корфармо - шахси воқеӣ, кормандони хонагӣ ва хонакорон ба расмият дароварда мешавад.
1. Шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо метавонад ҳар вақт қатъ карда шавад.
2. Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки хоҳиши қатъ кардани шартномаи меҳнатиро бо созиши тарафҳо изҳор намудааст, ба тарафи дигари шартномаи меҳнатӣ огоҳинома мефиристад. Тарафе, ки огоҳиномаро гирифтааст, уҳдадор аст дар муҳлати 3 рӯзи корӣ дар хусуси қарори қабулнамудааш ба таври хаттӣ тарафи дигарро хабардор намояд.
3. Рӯзи қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо бо розигии корманд ва корфармо муайян карда мешавад.
4. Бо мувофиқа бо корманд дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқи корфармо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бе риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкур бо пардохти ҷубронпӯлӣ ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнати солонаи корманд пешбинӣ шуда метавонад.
1. Корманд ҳуқуқ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад.
2. Баъд аз гузаштани муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро фавран тибқи қисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супорида, бо ӯ ҳисобӣ кунад.
3. Бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо шартномаи меҳнатӣ то ба итмом расидани муҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате, ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи меҳнатиро дар муҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.
4. Дар давоми муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бозпас гирад, агар ба ҷойи кори ӯ ба таври гузаронидан, корманди дигар даъват нашуда бошад.
5. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ӯ, ки барои аз рӯи шартномаи меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.
6. Корманд ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷойи кор ба ӯ маълумоти нодуруст додааст ё уҳдадориашро оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат дар ҷойи кор вайрон кардааст, шартномаи меҳнатиро бе пешакӣ огоҳ намудани корфармо бекор кунад.
7. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.
1. Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосҳои зерин бекор карда шавад:
- барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон;
- қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани молик, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолкардааш ё кори иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897);
- бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам иҷро накардани ӯ, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд;
- бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир нашудан, аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз 3 соат набудан дар ҷойи кор;
- ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад;
- дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор;
- ба қувваи қонунӣ даромадани қарори мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорҳое, ки давом додани корро истисно менамоянд;
- аз тарафи корманд содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ки дар асоси санади судӣ имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд;
- аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартоӣ баъд аз ба маълумоти ӯ расонидани қарори суд дар хусуси ғайриқонунӣ эътироф намудани корпартоӣ ва ё манъи корпартоӣ;
- қатъ гардидани иҷозати корманд ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз тарафи роҳбари мақомоти иҷроияи корфармо, муовини ӯ ва ё роҳбари сохтори корфармо вайрон намудани уҳдадориҳои меҳнатӣ, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба корфармо гардидааст;
- рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан;
- аз тарафи корманд вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ё бехатарӣ аз сӯхтор ва ё ҳаракат дар нақлиёт, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз ҷумла ҷароҳат ва садама гардидаанд ё метавонад гарданд;
- аз тарафи корманд фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, ки ба ӯ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ маълум шудаанд;
- қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;
- вайронкунии дағалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовини ӯ;
- аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ӯ гум шудани боварии корфармо асос мегардад;
- аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад;
- пешниҳоди маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва риоя накардани дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор;
- манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудан.
2. Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд.
3. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз рӯи асосҳое, ки дар сархатҳои якум (ба ғайр аз барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ) ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур, сархати дуюми моддаи 48 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, роҳ дода мешавад, агар бо розигии корманд ба кори дигар гузаронидани ӯ имконнопазир бошад.
4. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваққатӣ (ба ғайр аз озодкунӣ мувофиқи сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур) ва дар давраи дар рухсатӣ ё сафари хизматӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ, роҳ дода намешавад.
5. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корфармо ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.
Моддаи 43. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ҳангомӣ бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар ихтисори шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат
1. Ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми кор боиси ихтисор шудани шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат гардидааст, ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.
2. Ҳангоми баробар будани тахассус ва самаранокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:
- ба кормандоне, ки ду ва зиёда аъзои оилаи ғайриқобили меҳнат доранд;
- ба шахсоне, ки дар оилааш дигар корманди музди меҳнати мустақилдошта мавҷуд нест;
- ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи зиёди кори доранд;
- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, ихтисоси худро аз рӯи тахассуси дахлдор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонидаанд, ба шарте, ки баъд аз хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рӯи ихтисос кор кунанд;
- ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;
- ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба шахсоне, қи ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо баландшавии нури радиатсионӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки сабаби маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ алоқаманд аст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳои зикршуда кӯчонида шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурӯҳ баробар карда шудаанд;
- ба маъюбони тибқи квота ба кор қабулгардида;
- ба ҷабрдидагони амалҳои террористӣ ва савдои одамон;
- ба ихтироъкорон ва навоварон.
3. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст дигар ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.
Моддаи 44. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон
1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 42 Кодекси мазкур) баъд аз пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон сурат мегирад.
2. Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон бояд дар муҳлати даҳ рӯзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи меҳнатиро дорад, ба корфармо дар бораи қарори қабулшуда доир ба додани розигӣ барои бо корманд қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ хабар диҳад.
3. Корфармо ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё намояндагони дигари кормандон қатъ намояд.
1. Корфармо уҳдададор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, дар муҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳ кунад:
- ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон на дертар аз ду моҳ;
- ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардааш мувофиқ набудани корманд аз сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатӣ на камтар аз як моҳ.
2. Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷӯи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рӯз бо нигоҳ доштани музди кор ба кор набарояд.
3. Бо созишномаи тарафҳо шартномаи меҳнатӣ метавонад аз рӯи асосҳои зикршуда то ба охир расидани муҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди меҳнати миёнаи рӯзона барои ҳар рӯзи боқимондаи то ба охир расидани ин муҳлат бекор карда шавад.
4. Корфармо ӯҳдадор аст дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумот диҳад.
1. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ баъд аз ба итмом расидани муҳлати он қатъ мегардад. Агар баъд аз гузаштани муҳлат муносибатҳои меҳнатӣ идома ёбад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба муҳлати номуайян идомадошта ҳисобида мешавад.
2. Шартномаи меҳнатие, ки дар вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ӯ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи ба кор баргаштани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард, қатъ мегардад.
3. Шартномаи меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъд аз ба охир расидани он қатъ мегардад.
1. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ, ки дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 25 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани муҳлат бо асосҳои пешбиникардаи моддаҳои 38 ва 39 Кодекси мазкур бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.
2. Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро накардани корманд пеш аз муҳлат бекор карда шавад.
Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, қатъ карда мешавад:
- ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;
- ба охир расидани муҳлати ваколат;
- ҳангоми ба кор барқарор шудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;
- ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, ки дар асоси он корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, ҳалномаи суд, ки бо он корманд ва ё корфармо ғайриқобили амал эътироф гаридааст ё қобилияти амали ӯ маҳдуд карда шудааст ва давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд;
- бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ, инчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо - шахси воқеӣ;
- дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 49. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани корманд ба вазифаи (мансаби) интихобӣ ва ё таъйин намудани ӯ ба вазифа (мансаб)
1. Шартномаи меҳнатӣ бо корманд бинобар гузаштан ба вазифаи (мансаби) интихобӣ ва ё таъйин намудани ӯ ба вазифа (мансаб) қатъ карда мешавад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони чунин вазифа (мансаб)-ро ишғолкунанда ишғоли дигар вазифа (мансаб)-ҳои пардохтшаванда манъ карда шуда бошад.
2. Асос барои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ санади интихоб шудан ва ё таъйин намудани корманд ба вазифа (мансаб) мебошад.
1. Корфармо уҳдадор аст бо талаби мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандро аз кор дур кунад.
2. Корфармо корманди дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор дар ҳамон рӯзи (басти) корӣ ба кор роҳ намедиҳад ва дар ин давра ба ӯ музд дода намешавад.
3. Аз кор дур кардани корманд бо санади корфармо ба муҳлати то муайяншавӣ ва ё бартараф намудани сабабҳое, ки боиси аз кор дуркунӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
1. Ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта дода мешавад:
- бо ташаббуси корфармо, дар ҳолатҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои якум, дуюм, панҷум, понздаҳум ва шонздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур;
- дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда, ба истиснои ҳолати қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (сархати чоруми моддаи 48 Кодекси мазкур) ва ҳангоми вафоти корманд (сархати панҷуми моддаи 48 Кодекси мазкур) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
2. Ҳаҷми кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.
1. Собиқаи меҳнатии кормандро яке аз ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ менамояд:
- дафтарчаи меҳнатӣ;
- шартномаи меҳнатӣ;
- иқтибос аз санади корфармо, ки ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатиро бо сабаби бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ тасдиқ менамояд;
- иқтибос аз китоби пардохти музди меҳнати кормандон (ведомост);
- рӯйхати хизматӣ (номгӯйи маълумотҳо дар хусуси кор, фаъолияти меҳнатии корманд), ки аз тарафи корфармо имзо шуда, бо муҳри ташкилот ё ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст;
- маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси супоридани андухти нафақавӣ;
- маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси пардохти саҳмҳои ҳатмии суғуртаи иҷтимоӣ;
- маълумотномаи бойгонӣ дар хусуси фаъолияти меҳнатии корманд;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд.
2. Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯйи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Корфармо уҳдадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушояд. Ба кормандоне (кормандони хонагӣ ва хонакороне), ки дар назди щахсони воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.
4. Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор қайд карда мешаванд.
5. Дар рӯзи қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии ӯро диҳад. Сабаби аз кор озодшавӣ дар дафтарчаи меҳнатӣ бо нишон додани меъёри дахлдори Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад ва дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Ҳангоми бо гуноҳи корфармо кашолкорӣ намудан аз супоридани дафтарчаи меҳнатӣ барои ҳар рӯзи кашолкорӣ ба корманд музди миёнаи меҳнаташ дода мешавад.
Корфармо уҳдадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ аз рӯи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамин ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), вақти кор ва андозаи меҳнат маълумотнома диҳад.
1. Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.
2. Ҳангоми баррасии баҳс дар суд корфармо уҳдадор аст, зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.
Моддаи 55. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ
1. Ҳангоми аз ҷониби суд ё корфармо ба кор барқарор намудани корманд, корфармо уҳдадор аст, ҷуброни зарари ба корманд расонидашударо пардохт намояд.
2. Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:
- ҳатман пардохт кардани вақти маҷбуран ба кор ҳозир нашудан ба андозаи на камтар аз музди меҳнати аз даст дода;
- ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти судӣ);
- имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.
3. Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи моҳонаи корманд камтар буда наметавонад.
1. Шартномаи меҳнатӣ аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар дар ҳолатҳои зерин баста шуда бошад:
- бо фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин;
- ошкоро бар хилофи қонун, асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ;
- рӯякӣ ва қалбакӣ;
- бо шахси ба синни понздаҳ нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда;
- бо шахси ба синни муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нарасида;
- бо шахси ғайри қобили амал эътирофгардида;
- берун аз қобилияти ҳуқукдории шахси ҳуқуқӣ;
- бо оқибати маҳдуд кардани ваколат;
- дар натиҷаи гумроҳӣ.
2. Беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо сабаби ба корманд напардохтани музди меҳнат, ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар имтиёзҳо намегардад.
3. Беэътибор донистани шартҳои алоҳидаи шартномаи меҳнатӣ сабаби пурра бекор шудани тамоми шартҳои шартномаи меҳнатӣ намегардад.