ШАКЛ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 407. Шаклҳои назорати гумрукӣ
Шаклҳои назорати гумрукӣ чунинанд:
1) тафтиши ҳуҷҷату маълумот;
2) пурсиши шифоҳӣ;
3) гирифтани тавзеҳот;
4) мушоҳидаи гумрукӣ;
5) азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт;
6) муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт;
7) муоинаи шахс;
8) тафтиши маркировкаи мол бо маркаҳои махсус, мавҷудияти воситаҳои ҳаммонандсозӣ;
9) азназаргузаронидани бино ва ҳудуди он;
10) санҷиши гумрукӣ.
Моддаи 408. Тафтиши ҳуҷҷату маълумот
1. Мақомоти гумрук ҳуҷҷату маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт пешниҳодшударо мутобиқи ҳамин Кодекс, бо мақсади муқаррар кардани асли будани ҳуҷҷатҳо ва саҳеҳии маълумоти онҳо, инчунин дуруст ба расмият дароварда шудани онҳоро тафтиш менамоянд.
2. Дурустии маълумоти ба мақомоти гумрук пешниҳодшуда ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи муқоисаи онҳо бо маълумоти аз дигар манбаъҳо гирифташуда, аз ҷумла тибқи натиҷаи шаклҳои дигари назорати гумрукӣ, таҳлили маълумоти омори гумрукии махсус, коркарди маълумот бо истифодаи воситаҳои барномавӣ, инчунин бо дигар роҳҳое, ки қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тафтиш карда мешавад.
3. Ҳангоми назорати низоми гумрукӣ мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ба таври асоснок ҳуҷҷату маълумоти иловагиро танҳо бо мақсади тафтиши маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои гумрукӣ дарҷгардида дархост карда гиранд. Мақоми гумрук чунин ҳуҷҷату маълумотро дар шакли электронӣ ё хаттӣ талаб мекунад ва мӯҳлати пешниҳоди онҳоро муайян мекунад, ки бояд барои тафтиш кифоя бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Дархости ҳуҷҷату маълумоти иловаги ва тафтиши онҳо барои иҷозати мол ба муомилот монеа намешавад (моддаи 149), ба шарте агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 409. Пурсиши шифоҳӣ
Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд пурсиши шифоҳии шахсони воқеӣ, инчунин шахсонеро, ки намояндагони ташкилотҳои ваколатдори чунин молу воситаҳои нақлиёт мебошанд, бе тартиб додани тавзеҳи ин шахсон дар шакли хаттӣ доир намоянд.
Моддаи 410. Гирифтани тавзеҳот
1. Гирифтани тавзеҳот, яъне аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук дар бораи вазъе, ки барои назорати низоми гумрукӣ зарур аст, аз шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида, декларантҳо ва дигар шахсоне, ки бо интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумруки машғуланд ва чунин маълумотро доранд.
2. Тавзеҳот ба таври хаттӣ тартиб дода мешавад. Намунаи тавзеҳот аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 411. Мушоҳидаи гумрукӣ
Мушоҳидаи гумрукӣ яъне ошкоро, мақсадноқ мунтазам ё як маротиба, мустақим ё ғайримустақим (бо истифодаи воситаҳои техникӣ) аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақоми гумрук бо чашм мушоҳида кардани интиқоли молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта, амалиёти боркашонӣ ва дигар амалиёт мебошад.
Моддаи 412. Азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт
1. Азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, яъне азназаргузаронии мол, бағоҷи шахсони воқеӣ, воситаҳои нақлиёт, зарфҳои боркашӣ, тамғаҳои гумрукӣ, мӯҳру дигар воситаҳои ҳаммонандсозии мол бо мақсади назорати гумрукӣ аст, ки аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук сурат мегирад, ба шарте, ки чунин азназаргузаронӣ ба кушодани дари воситаҳои нақлиёт ё баровардани онҳо ва осеб дидани борҷомаи мол алоқаманд набошад.
2. Дар минтақаи назорати гумрукӣ азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт мумкин аст дар ғайби декларант ва дигар шахсони ваколатдори молу воситаҳои нақлиёт ва намояндагони онҳо сурат гирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони зикргардида хоҳиши ҳангоми муоинаи гумрукӣ иштирок карданро дошта бошанд.
3. Агар дар рафти азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт маълум гардад, ки миқдори мол ҳангоми декларатсиякунонӣ нодуруст нишон дода шудааст, мақоми гумрук миқдори молро барои мақсадҳои гумрукӣ мустақилона муайян мекунад.
4. Аз натиҷаи азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, агар натиҷаи чунин азназаргузаронӣ дар оянда зарур бошад, шахсони мансабдори мақомоти гумрук тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ санад тартиб медиҳанд. Бо талаби шахси ваколатдори мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт шахсони мансабдори мақомоти гумрук вазифадоранд санад тартиб диҳанд ё дар ҳуҷҷатҳои нақлиётии (боркашонии) дар дасти ин шахс буда дар бораи азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт сабт гузоранд. Нусхаи дуюми санади азназаргузаронии гумрукӣ ба шахси ваколатдори мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт супорида мешавад.
Моддаи 413. Муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт
1. Муоинаи гумрукӣ, яъне аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақоми гумрукӣ барои азназаргузаронии молу воситаҳои нақлиёт бо кушодани тамға, мӯҳр ва дигар воситаи ҳаммонандсозии амвол, кушодани борҷомаи мол ё боргоҳи воситаи нақлиёт ё зарфу контейнерҳо ва дигар ҷойҳо, ки дар онҳо мол ҳаст ё буданаш мумкин аст, гузаронида мешавад.
Муоинаи гумрукии мол баъди қабули декларатсияи гумрукии мол гузаронида мешавад. То қабули декларатсияи гумрукии моле, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад, муоинаи гумрукӣ бо мақсади ҳаммонандсозии мол барои мақсадҳои гумрукӣ ё ҳангоми будани маълумот доир ба вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муоинаи чунин маълумот, инчунин барои назорати гумрукӣ дар асоси тафтиши интихобӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298, аз 30.05.2017 № 1421).
2. Шахси мансабдори ваколатдори мақоми гумрук барои муоинаи гумрукӣ қарор қабул карда, декларант ё дигар шахси ваколатдори мол ва (ё) воситаҳои нақлиётро, агар ӯ маълум бошад, дар ин бора хабардор мекунад. Ҳангоми муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт шахсони зикршуда иштирок карда метавонанд ва бо талаби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти гумрук бошад, шахсони зикргардида ё намояндаҳои онҳо вазифадоранд иштирок намоянд. Ҳангоми набудани намоянда, ки интиқолдиҳанда махсус ваколатдор намудааст, чунин шахси воқеии идоракунандаи воситаи нақлиёт мебошад.
3. Ҳангоми набудани декларант ё дигар шахсҳои нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ваколатдор ва намояндаҳои онҳо мақоми гумрук ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин муоинаи гумрукӣ гузаронад:
1) дар сурати наомадани шахсони мазкур баъди гузаштани мӯҳлати дар қисми 1 моддаи 129 ҳамин Кодекс муайяншуда;
2) ҷой доштани таҳдид ба бехатарии давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот, наботот, муҳити табиии зист, ҳифзи арзишҳои маданӣ ва дигар ҳолатҳое, ки таъхирнопазир аст (аз ҷумла нишонаҳое, ки ба моддаи оташангез, ашёи дорои хатари таркиш, тарканда, заҳролудкунанда, моддаҳои химиявию биологии хатарнок, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, зудтаъсиркунанда, заҳролуд, заҳрнок, моддаҳои радиоактивӣ, маводи ядроӣ ва дигар моли шабеҳ ки аз бадбӯй будани мол далолат мекунанд);
3) таҳвили мол тавассути почтаи байналмилалӣ (боби 38);
4) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани молу воситаҳои нақлиёт бо вайрон кардани низоми гумрукии аз ин ҳудуд баровардани молу воситаҳои нақлиёт (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Молу воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зикршуда бо иштироки шахсони холис мавриди муоинаи гумрукӣ қарор мегиранд.
4. Агар як қисми моле, ки дар декларатсияи гумрукӣ чун моли як номгӯй аз муоинаи гумрукӣ гузашта бошад, натиҷаи чунин муоина ба ҳамаи чунин моли дар декларатсияи гумрукӣ қайдшуда дахл мекунад. Агар, декларант ё дигар шахсони нисбати мол ваколатдор чунин шуморанд, ки натиҷаи муоина ҳамаи молро фаро нагирифтааст, онҳо ҳуқуқ доранд гузаронидани муоинаи гумрукии иловагии қисми боқимондаи молро талаб намоянд.
5. Агар дар рафти муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт далели нодуруст нишон додани миқдори мол ҳангоми декларатсиякунони муқаррар карда шавад, мақоми гумрук миқдори молро барои мақсадҳои гумрукӣ мустақилона муайян мекунад.
6. Тибқи натиҷаи муоинаи гумрукӣ ду нусха санад тартиб дода мешавад. Дар санади гузаронидани муоинаи гумрукӣ маълумоти зерин нишон дода мешавад:
1) маълумот дар бораи шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки муоинаи гумрукӣ гузарониданд ва шахсоне, ки дар муоинаи гумрукӣ иштирок доштанд;
2) сабабҳои гузаронидани муоинаи гумрукӣ бе иштироки декларант ё дигар шахси нисбати молу воситаҳои нақлиёт ваколатдор;
3) натиҷаи муоинаи гумрукӣ.
Намуди санад аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ карда мешавад.
Нусхаи дуюми санад ба шахси нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ваколатдор ё ба намояндаи мол супорида мешавад, ба шарте, ки ӯ аниқ карда шуда бошад.
Моддаи 414. Муоинаи шахс
1. Муоинаи шахс ҳамчун шакли истисноии назорати гумрукӣ бо қарори сардори мақоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ӯ ҳангоми мавҷуд будани далели кофи барои гумонбар шудан ба он, ки шахси воқеии аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранда ё дар минтақаи назорати гумрукӣ ё дар минтақаи транзитии фурудгоҳи кушодаи байналмилалӣ қарордошта моли барои воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содирот аз ин ҳудуд манъбударо ё интиқоли онро бо вайрон кардани тартиботи дар ҳамин Кодекс муқарраршуда пинҳон карда, онро ихтиёран намедиҳад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Қарори муоинаи шахс аз тарафи сардори мақоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ӯ бо гузоштани амри хаттӣ ба гузориши шахси мансабдори мақомоти гумрук қабул карда мешавад.
2. Шахси мансабдори мақоми гумрук вазифадор аст, ки шахси воқеиро қабл аз шурӯи муоинаи шахси бо қарори муоина шудани шахс, ҳуқуқу вазифаҳояш ҳангоми муоина шинос карда, таклиф намояд, ки моли пинҳонкардаашро ихтиёран супорад.
Далели шиносоии шахси воқеи бо қарори муоина шудани ӯ бо роҳи аз тарафи шахси мазкур гузоштани сабти дахлдор дар ин қарор тасдиқ карда мешавад. Дар сурати аз чунин амал даст кашидан дар ин бора дар қарори муоина шудани шахс сабт гузошта мешавад ва бо имзои шахси мансабдори мақомоти гумрук, ки оид ба муоинаи шахс қарор қабул кардааст, тасдиқ карда мешавад.
3. Шахс аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ, ки бо ӯ ҳамҷинс мебошанд, дар ҳузури ду шахси холиси ҳамҷинсаш дар бинои алоҳидае, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ мувофиқ аст, муоина карда мешавад.
Ба ин бино даромадани шахсони воқеии дигар ва рафти муоинаи шахсро мушоҳида кардани онҳо манъ аст. Тани шахси муоинашавандаро бояд танҳо корманди тиб ташхис намояд ва ӯ ҳуқуқ надорад, ки аз иҷрои қарори сардори мақомоти гумрук ё шахси вайро ивазкунанда оид ба муоинаи шахс саркаши кунад.
Ҳангоми муоинаи шахсони ноболиғ ва ғайри қобили амал, намояндагони қонунии онҳо (падар ё модар, падархонд, сарпараст, парастор,) ё шахсони ӯро ҳамроҳикунанда ҳуқуқӣ иштирок доранд.
4. Шахс бояд боодобона муоина шуда, ба иззати нафси ӯ нарасанд, ба саломатӣ ва моли шахси муоинашаванда дар сатҳи зарурии барои ёфтани моли аз тарафи шахси воқеӣ пинҳонкардашуда зарари ғайриқонунӣ расонида нашавад.
5. Шахс (намояндаи қонунии вай) дар рафти муоина вазифадор аст талаботи қонунии шахси мансабдори муоинакунандаи мақоми гумрукро иҷро намояд ва ӯ ҳуқуқ дорад:
1) талаб намояд, ки қарори сардори мақоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ӯро дар бобати муоина шуданаш нишон диҳанд;
2) бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ шинос шавад;
3) баёнот диҳад, дархост пешниҳод кунад;
4) баъди тартиб додани санади муоина бо он шинос шавад ва изҳорот диҳад, он бояд ба ин санад дохил карда шавад;
5) аз забони модарӣ ё хизмати тарҷумон истифода намояд;
6) мутобиқи ҳамин Кодекс баъди анҷом ёфтани муоинаи шахс ба шарте, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳангоми муоина шуданаш поймолшуда ҳисобад, метавонад аз амали шахсони мансабдори мақомоти гумрук шикоят намояд.
6. Оид ба муоинаи шахс аз рӯи намунаи аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқгардида ду нусха санад тартиб дода мешавад.
Санадро шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шахсро муоина кардааст, шахси воқеие (намояндаи қонунии ӯ), ки нисбати вай муоина гузаронида шудааст, шахсони холис ва агар ташхиси бадан гузаронида шуда бошад, корманди тиббӣ имзо мекунад. Нусхаи дуюми санад ба шахсе, ки мавриди муоина қарор гирифтааст (намояндаи қонунии ӯ), супорида мешавад.
Моддаи 415. Тафтиши маркировкаи мол бо маркаҳои махсус, дар онҳо мавҷуд будани нишонаҳои ҳаммонандсозӣ
1. Мақомоти гумрук маркаҳои махсус доштани мол ё борҷомаи он, воситаҳои ҳаммонандсозӣ ё дигар усулҳои ишорагузории молро, ки барои тасдиқи воридоти расмии он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тафтиш мекунанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар моли дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда маркаҳои махсус, воситаҳои ҳаммонандсозӣ ё усулҳои дигари нишонагузорӣ надошта бошад, ин гуна далел ҳамчун ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе расмиёти гумрукӣ ва иҷозати мол барои муомилот овардани мол ҳисоб меёбад, ба шарте агар шахси дорандаи чунин мол акси ин ҳолатро исбот накунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 416. Азназаргузаронии бино ва ҳудуди он
1. Бино ва ҳудуди он бо мақсади тасдиқи мавҷудияти молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ буда, аз ҷумла шартан иҷозатдодашуда дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, анборҳои гумрукӣ, анборҳои озод, дар биноҳои мағозаи савдои бебоҷ инчунин дар дасти шахсоне, ки бояд мол мутобиқи шартҳои расмиёти гумрукӣ ё низоми гумрукии пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, мавриди азназаргузарони қарор мегиранд. Бино ва ҳудуди он ҳангоми будани маълумот оид ба талафи мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт, бегона ё истифода намудан бо дигар мақсад ё бо вайрон кардани талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои санҷиши чунин маълумот, инчунин дар асоси тафтиши интихоби тафтиш карда мешавад.
2. Бино ва ҳудуди дар қисми 1 ҳамин модда нишондоданашуда аз ҷониби мақомоти гумрук дар нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаҳои назорати гумрукӣ, ки қад - қади сарҳади гумрукӣ ташкил ёфтаанд, инчунин шахсонеро, ки моли овардаашонро ба таври чакана ё яклухт савдо мекунанд, дар сурати расидани маълумот дар мавриди дар бино ё ҳудуди таҳти ихтиёрдории ин шахсон мавҷуд будани молу воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани тартиби пешбининамудан ҳамин Кодекс оварда шудаанд ва барои тафтиши чунин маълумот аз назар гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Азназаргузаронии биноҳои истиқомати иҷозатдода намешавад.
4. Бино ва ҳудуди он бо нишон додани амрномаи аз тарафи сардори мақоми гумрук ё шахси ӯро ивазкунанда имзошуда ва шаҳодатномаи хизматӣ аз назар гузаронида мешавад. Номгӯи шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки ба ин биною ҳудуд ҳуқуқӣ даромадан доранд, инчунин намунаи амрнома аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад. Агар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари дастрасии шахсони ваколатдори мақомоти давлатиро ба объектҳои алоҳида муқаррар карда бошад, шахсони ваколатдори мақомоти гумрук хукуқ доранд ба объектҳои зикргардида бо тартиби муайянкардаи ин санадҳои ҳуқуқӣ ворид шаванд.
5. Ҳангоми роҳ надодани шахсони мансабдори мақоми гумрук ба бино ва ҳудуди он, шахсони мазкур ҳуқуқ доранд бо рафъ намудани муқовимат ва кушодани дари бинои махкам дар ҳузури ду шахси холис ба бино дароянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари ба объектҳои алоҳида ворид шудани шахсони мансабдори мақомоти давлатиро муқаррар кардааст. Мақомоти гумрук прокурорро аз ҳамаи ҳолатҳои воридшавӣ ба биною ҳудуди он бо рафъи муқовимат, кушодани дари биноҳои маҳкам дар давоми 24 соат огоҳ менамоянд.
6. Бино ва ҳудуди он бояд дар муддати кӯтоҳтарин аз назар гузаронида шавад ва он бояд аз 24 соат зиёд набошад.
7. Оид ба натиҷаи азназаргузарони тибқи намунае, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ мекунад, санад тартиб дода мешавад. Нусхаи дуюми санади мазкур ба дасти шахсе, ки бино ё ҳудуди он аз назар гузаронда шудааст, супурда мешавад.
Моддаи 417. Санҷиши гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Санҷиши гумрукӣ шакли назорати гумрукӣ мебошад, ки мақомоти гумрук баъд аз иҷозати мол бо мақсади санҷиши риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи дигар шаклҳои назорати гумрукии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва тадбирҳое, ки гузаронидани назорати гумрукии пешбининамудаи ҳамин Кодексро таъмин менамоянд, анҷом медиҳанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Санҷиши гумрукиро мақомоти гумрук метавонанд нисбат ба шахсони зерин гузаронанд:
1) декларантҳо ва шахсоне, ки дар моддаи 15 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, - агар дар натиҷаи татбиқи намудҳои дигари назорати гумрукии пешбининамудаи ҳамин боб маълумоте ошкор шуда бошад, ки аз беэътимодии маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукии пешниҳодшуда ё аз истифода ва ихтиёрдории мол бо риоя накардани талабот ва маҳдудиятҳои муқарраршуда шаҳодат диҳанд;
2) брокерҳои гумрукӣ (намояндагон), соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони анборҳои озод, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ, танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ва боркашонҳои гумрукӣ - ҳангоми ошкор шудани маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани баҳисобгирии молҳои аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда ва ҳисобот дар бораи онҳо ё риоя накардани дигар талаботу шартҳои фаъолияти навъи дахлдори муқарраркардаи ҳамин Кодекс шаҳодат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
3) шахсоне, ки моли воридкардаашонро ба таври чакана ё яклухт савдо мекунанд - ҳангоми ошкор шудани маълумоти гувоҳидиҳандаи он, ки молҳо ба ҳудуди гумрукӣ бо халалдор шудани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ворид гаштаанд ва ин боиси вайрон шудани тартиби супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ё риоя накардани мамнӯияту маҳдудиятҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда гардидааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Санҷиши гумрукӣ аз анҷом додани санҷиши далели ҷойгиркунонии молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ё таҳти расмиёти гумрукӣ, риояи талаботу шартҳои истифодаи молҳо дар низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукии марбута, инчунин ҳаққонияти маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зимни барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳодшаванда нишондодашуда тавассути муқоисаи ин маълумот бо маълумотҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ, бо ҳисобҳо, бо иттилооти дигари шахсони дар ҳамин модда зикргардида иборат аст. Ҳангоми гузаронидани санҷиши гумрукӣ амалиёти дигари назорати гумрукӣ метавонанд истифода гарданд. Тибқи зарурат санҷиши гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақомоти гумрук бо ҷалби мақомоти дигари давлатӣ гузаронида шавад.
4. Санҷишҳои гумрукӣ метавонанд нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бошанд. Санҷиши гумрукии нақшавӣ санҷишест, ки ба нақшаи даврии фаъолияти назоратии мақоми гумрук ворид карда шудааст. Санҷишҳои дигари гумрукӣ санҷишҳои ғайринақшавӣ мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Санҷишҳои гумрукӣ вобаста ба мақсаднокӣ метавонанд маҷмуӣ ва мавзуӣ бошанд ва вобаста ба ҷойи гузаронидан метавонанд камералӣ ва сайёр бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Санҷиши гумрукӣ дар асоси дастури сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ гузаронида мешавад. Дар дастур номгӯи мақоми гумруке, ки санҷишро мегузаронад, номгӯи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном, номи падари шахсоне, ки нисбаташон санҷиши гумрукӣ гузаронида мешавад, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари санҷишгарон, вазифаи онҳо, мавзӯи (масъалаҳои) санҷиши гумрукӣ ва мӯҳлати гузаронидани он қайд карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Мақомоти гумрук дар давоми панҷ рӯзи корӣ қабл аз оғози санҷиш ба таври хаттӣ шахси санҷидашавандаро аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ огоҳ менамояд. Қабл аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ шахсони мансабдори мақоми гумруке, ки чунин санҷиши гумрукиро мегузаронад, вазифадоранд ба роҳбари шахси ҳуқуқии (намояндагӣ ва филиалҳо) санҷидашаванда, дар вақти ҳозир набуданаш - ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ё ба шахсони дигари санҷидашаванда, дар вақти ҳозир набуданашон - ба намояндагони қонунии онҳо шаҳодатномаи хизматӣ ва дастур дар хусуси гузаронидани санҷиши гумрукиро нишон диҳанд, инчунин маълумоти заруриро ба китоби баҳисобгирии санҷишҳо (ревизияҳо) сабт намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678аз 01.10.2025 №2186).
7. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши гумрукӣ набояд аз сӣ рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Мӯҳлати мазкур метавонад аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то сӣ рӯзи дигар тамдид гардад. Тамдиди мӯҳлати гузаронидани санҷиши гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ сурат мегирад. Гузаронидани санҷиши гумрукӣ метавонад вобаста ба фосилаҳои вақте, ки байни ба шахс изҳор намудани талаботи мақоми гумрук оид ба пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумотҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷату маълумотҳои мазкур, инчунин барои бо дархости мақоми гумрук дастрас кардани маълумоту ҳуҷҷатҳои дигар сарф шудааст, бо қарори сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ боздошта шавад. Давраи танаффусҳо дар гузаронидани санҷиши гумрукӣ ба мӯҳлати умумии гузаронидани санҷиши гумрукӣ дохил намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Ҳангоми гузаронидани санҷиши гумрукӣ мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) пешниҳоди ройгони ҳама гуна ҳуҷҷату маълумотро (ҳамчунин ҳуҷҷатҳои бонкиро), аз ҷумла дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба гузаронидани амалиёти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ё ғайра бо молҳои тавассути сарҳади гумруки интиқолёбанда тааллуқ доранд, талаб намоянд ва бо онҳо шинос гарданд;
2) дар доираи салоҳияти худ ба хазина ва манбаъҳои маълумотии системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотии шахси санҷидашаванда бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи иттилоот роҳ ёбанд;
3) бино ва ҳудуди шахси санҷидашавандаро аз назар гузаронанд, инчунин азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукиро мувофиқи талаботи ҳамин Кодекс дар ҳузури намояндагони ваколатдори шахси санҷидашаванда анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) гузаронидани ҳисобрасии молҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд, инчунин санҷиши дурустии гузаронидани онҳоро анҷом диҳанд;
5) ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро, ки бо имзои шахси мансабдори ваколатдор ва мӯҳри шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ тасдиқ гардидаанд, аз шахсони санҷидашаванда талаб намоянд;
6) баёноти хаттиро аз шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ва шахсони дигари санҷидашаванда аз рӯи масъалаҳое, ки дар рафти гузаронидани санҷиши гумрукӣ пайдо мешаванд, талаб намоянд;
7) биноҳоро мӯҳри манъи истифода зананд;
8) ҳуҷҷатҳоеро, ки аз содир гаштани ҳуқуқвайронкунӣ шаҳодат медиҳанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ситонанд. Зимнан шахсони санҷишгар ҳуқуқи нусхабардорӣ кардани ҳуҷҷатҳои ситонидашударо доранд;
9) мутобиқи моддаи 418 ҳамин Кодекс молҳоро ситонанд ё ба ҳабс гиранд;
10) амалҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳанд.
9. Мӯҳри манъи истифода задан ба биноҳо ва ситонидани ҳуҷҷатҳое, ки аз содир гаштани ҳуқуқвайронкунӣ шаҳодат медиҳанд, дар мавридҳои истисноӣ, дар сурате ки наандешидани тадбирҳои мазкур боиси пинҳон мондани ҳуқуқвайронкунӣ мегардад, анҷом дода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
10. Барои мақсадҳои гузаронидани санҷиши гумрукӣ мақомоти гумрук метавонанд натиҷаҳои ҳисобрасии молҳоро, ки шахси дорои ваколат нисбати молҳо ё дорои масъулияти нигаҳдории чунин молҳо ё мақомоти назоратӣ гузаронидааст, хулосаҳои аудиторӣ, инчунин санаду хулосаҳоеро, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардаанд, истифода намоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
11.Натиҷаҳои гузаронидани санҷиши гумрукӣ бо санаде ба расмият дароварда мешаванд, ки шакли онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар кардааст. Санади санҷиши гумрукӣ дар давоми 10 рӯз пас аз ба анҷом расидани санҷиши гумрукӣ дар на камтар аз ду нусха тартиб дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
12. Дар санади санҷиши гумрукӣ бо назардошти хусусиятҳои гузаронидани намудҳои алоҳидаи санҷишҳои гумрукӣ бояд инҳо дарҷ ёбанд:
1) асоси таъин шудани санҷиши гумрукӣ, сана ва рақами дастур барои гузаронидани он, вазифаҳо, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари шахсоне, ки санҷишро гузаронидаанд;
2) санаи оғоз ва анҷоми санҷиши гумрукӣ (дар мавриди ҷо доштани танаффусҳо фосилаи онҳо нишон дода мешавад), инчунин макони тартиб дода шудани санади санҷиши гумрукӣ;
3) вазифаҳо, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари кормандони шахси санҷидашаванда, ки вазифадоранд санади санҷиши гумрукиро имзо намоянд, бо зикри ҳатмии давраи кориашон дар вазифаҳои ишғолнамуда, насаб ва сарҳарфи ном ва номи падари роҳбари шахси ҳукуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ва шахси ба зиммааш вазифаҳои сармуҳосиби (муҳосиби калон бо ҳуқуқҳои сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродии санҷидашаванда, ки мансабҳои зикршударо дар давраи санҷишӣ ишғол менамуданд, инчунин шахсони дигаре, ки ба санҷиши гумрукӣ ҷалб гардидаанд;
4) номгӯ, макони воқеъшавӣ ва тобеияти шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падар, ҷойи истиқомати соҳибкори инфиродии санҷидашаванда, рақами инфиродии андозсупорандаи онҳо, рақами суратҳисобҳои ҷорӣ бо зикри бонкҳо ва (ё) ташкилотҳои қарздиҳию молиявии ғайрибонкие, ки дар онҳо ҳисобҳои мазкур кушода шудаанд (дар сурати мавҷуд буданашон);
5) мавҷуд будани китоби баҳисобгирии санҷишҳо (ревизияҳо), инчунин иттилоъ дар хусуси навиштаҷоти дар он сабтшуда оид ба санҷиши гумрукии мазкур;
6) кӣ ва кай санҷишҳои гумрукиро дар давраи санҷишӣ бо худи ҳамон мавзӯъ қаблан гузаронидааст, чӣ гуна тадбирҳо вобаста ба далелҳои ошкоршудаи қонуншиканӣ андешида шудаанд;
7) кадом амалиёти (ҳуҷҷатҳои) молиявию хоҷагидорӣ, бо кадом усул ва мансуб ба кадом давра санҷида шудаанд;
8) макон, замон (агар он муқаррар карда шуда бошад) ва хусусияти ҳуқуқвайронкунии содиршуда, санадҳои қонунгузорие, ки талаботашон вайрон карда шудааст;
9) андозаи зарари расонидашуда (агар он мавҷуд бошад) ва оқибатҳои дигари ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоршуда;
10) маълумоти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 418 ҳамин Кодекс;
11) маълумоти дигаре, ки барои баррасии мавод оид ба натиҷаҳои санҷиши гумрукӣ ва қабули қарорҳо аз рӯи онҳо зарур аст.
13. Дар санади санҷиши гумрукӣ бояд дарҷи воқеӣ, амиқ ва дақиқи далелҳои ошкоршуда риоя гардад. Ба санади санҷиши гумрукӣ ворид кардани гумону тахмин ва маълумоти тасдиқнашуда дар бораи фаъолияти шахси санҷидашаванда мумкин нест. Ҳангоми гузаронидани санҷиши гумрукӣ шахсони мансабдори мақоми гумрук вазифадоранд, ки ҳама гуна далелу ҳолатҳои барои қабули қарори асоснок аҳамияти ҷиддӣ доштаро маълум намоянд.
14. Санади санҷиши гумрукӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми гумрук, ки санҷиши гумрукиро гузаронидаанд, ба имзо мерасад. Роҳбари шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо), дар вақти ҳозир набудани вай -намояндаи қонунии шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ё соҳибкори инфиродӣ, дар вақти ҳозир набудани он - намояндаи қонунии соҳибкори инфиродӣ, инчунин шахсе, ки вазифаҳои сармуҳосиби (муҳосиби калон бо ҳуқуқҳои сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии санҷидашавандаро ба зимма дорад, вазифадоранд санади санҷиши гумрукиро имзо намоянд. Дар ҳолати саркашӣ кардани шахсони дар ҳамин қисм зикргардида аз имзо кардани санади санҷиши гумрукӣ, дар он навиштаҷоти дахлдор сабт карда мешавад. Пас аз ба имзо расидани санади санҷиши гумрукӣ ё дар ин санад сабт кардани навиштаҷот дар хусуси аз имзо саркашӣ кардани он, нусхаи дуюми ин санад ба шахсе, ки дар ҳамин қисм зикр гардидааст, супорида мешавад. Дар ҳолати саркашӣ кардан аз гирифтани санади санҷиши гумрукӣ, дар он навиштаҷоти дахлдор сабт гардида, нусхаи дуюми санади мазкур ба унвони шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии санҷидашуда равон карда мешавад.
15. Дар ҳолати вуҷуд доштани раддия нисбат ба санади санҷиши гумрукӣ шахсони онро имзокунанда пеш аз имзо навиштаҷоти дахлдорро дар ин хусус сабт менамоянд ва на дертар аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба имзо расидани санад раддияи худро вобаста ба мазмуни он ба таври хаттӣ ба мақоми гумруке, ки санҷиши гумрукиро таъин намудааст, пешниҳод мекунанд. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат раддияҳо барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
16. Асоснокии ваҷҳе, ки дар раддия изҳор шудааст, аз ҷониби шахсони мансабдори санҷиши гумрукиро анҷомдодаи мақоми гумрук санҷида мешавад ва дар ин хусус хулосаи хаттие тартиб дода мешавад, ки бо он шахсони бо тартиби муқарраршуда пешниҳоднамудаи раддия бо санади санҷиши гумрукӣ бояд шинос карда шаванд.
17. Дар ҳолати ошкор шудани аломатҳои ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми гумрук, ки санҷишро мегузаронанд, то анҷоми санҷиши гумрукӣ санади фосилавии алоҳида тартиб дода мешавад. Дар асоси санади фосилавӣ мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ амал менамоянд. Далелҳои дар санади фосилавӣ нишондодашуда ба санади санҷиши гумрукӣ, ки пас аз анҷоми санҷиши гумрукӣ тартиб дода мешавад, ворид карда мешаванд. Тарзи таҳия кардан, ба имзо расонидан ва супоридани санади фосилавӣ бо ҳамон тартибест, ки барои санади санҷиши гумрукӣ муқаррар шудааст.
18. Қарорро дар шакли фармоиш аз рӯи санади санҷиши гумрукӣ сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ дар доираи салоҳияташон, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани маводҳои санҷиши гумрукӣ қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 24.12.2022 № 1932).
Моддаи 4171. Санҷиши гумрукии камералӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Санҷиши гумрукии камералӣ бо роҳи омӯхтан ва таҳлили маълумоти дар декларатсияҳои гумрукӣ ё ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва дигар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби шахси санҷидашаванда ҳангоми анҷом додани амалиётҳои гумрукӣ ё бо дархости мақомоти гумрук пешниҳодшаванда, ҳуҷҷат ва маълумоти аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин дигар ҳуҷҷат ва маълумоти дар мақомоти гумрук мавҷудбуда ва ба шахси санҷидашаванда тааллуқдошта, аз ҷумла дар асоси натиҷаи татбиқи низоми идораи таваккал, гузаронида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Санҷиши гумрукии камералӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук бидуни ҳозир шудан ба назди шахси санҷидашаванда дар асоси дастури мақоми гумрук дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ анҷом дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мақоми гумрук шахси санҷидашавандаро дар бораи оғози санҷиши гумрукии камералӣ тибқи тартиб ва шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ огоҳ менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Санаи оғози гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ санаи супоридани нусхаи дастур дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ ба шахси санҷидашаванда ҳисобида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Муҳлати гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози санҷиши гумрукӣ зиёд бошад. Муҳлати мазкур метавонад аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то 30 рӯзи дигар тамдид гардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Асосҳои гузаронидани санҷишҳои гумрукии камералӣ инҳо мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) маълумоте, ки дар натиҷаи таҳлили иттилооти дар захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба даст омадаанд ва дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) натиҷаҳои татбиқи низоми идораи таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) муроҷиат (дархост)-и мақомоти салоҳиятдори давлате, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи дахлдорро ба имзо расонидааст, дар бораи гузаронидани санҷиши шахсе, ки бо шахси хориҷӣ шартномаҳо вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст, инчунин маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз, гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) муроҷиати ташаббускоронаи шахс дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) натиҷаҳои гузаронидани назорати андозӣ ё гумрукӣ дар шаклҳои дигар ё татбиқи тадбирҳое, ки гузаронидани назорати гумрукиро таъмин менамоянд, ки аз вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷро накардани огоҳинома дар бораи рафъи қонуншиканиҳо шаҳодат медиҳанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) санҷиши маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳии шахси санҷидашаванда ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муфлисшавӣ аз ҷониби шахси санҷидашаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Санҷишҳои гумрукии камералӣ бидуни маҳдудияти даврияти гузаронидани онҳо гузаронида мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гумрукии камералӣ санади санҷиши гумрукии камералӣ аз рӯйи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тартиб дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Хусусиятҳои дигари гузаронидани санҷишҳои гумрукии камералӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 4172. Санҷиши гумрукии сайёр
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Санҷиши гумрукии сайёр аз ҷониби мақомоти гумрук дар маҳалли ҷойгиршавии декларантҳо ва дигар шахсони анҷомдиҳандаи фаъолиятеро, ки назорати он ба мақомоти гумрук вогузор шудааст ё маҳалли амалисозии воқеии фаъолият аз ҷониби чунин шахсон, гузаронида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Санҷиши гумрукии сайёр бо риояи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 417 ҳамин Кодекс дар асоси дастури мақоми гумрук, ки аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори он имзо шудааст, гузаронида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Санаи оғози гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр санаи супоридани нусхаи дастур дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр ба шахси санҷидашаванда ҳисобида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Муҳлати гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози санҷиши гумрукӣ зиёд бошад. Муҳлати мазкур метавонад аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то 30 рӯзи дигар тамдид гардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Асосҳои гузаронидани санҷишҳои гумрукии сайёр инҳо мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) маълумоте, ки дар натиҷаи таҳлили иттилооти дар захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба даст омадаанд ва дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) натиҷаҳои татбиқи низоми идораи таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) аризаи шахс дар бораи дохил намудан ба феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) пешниҳоди маълумот аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ба мақоми гумрук дар бораи тағйир додани маълумоте, ки ҳангоми ба феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дохил намудани онҳо дар бораи моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативӣ ё иҷораи иншоот, биноҳо (қисмҳои биноҳо) ва (ё) майдончаҳои кушода (қисмҳои майдончаҳои кушода), ки барои нигоҳдории муваққатии молҳо пешбинӣ шудаанд, пешниҳод шуда буд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) санҷиши маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) муроҷиат (дархост)-и мақомоти салоҳиятдори давлате, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи дахлдорро ба имзо расонидааст, дар бораи гузаронидани санҷиши шахсе, ки бо шахси хориҷӣ шартномаҳо вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) санҷиши маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз, гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
9) ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
10) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатие, ки дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
11) муроҷиати ташаббускоронаи шахс дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
12) зарурати гузаронидани санҷиш оид ба масъалаҳое, ки дар шикоят аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда, дарҷ шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
13) натиҷаҳои гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ, ки аз вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, аз ҷумла ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумот бо талаби мақомоти гумрук (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
14) натиҷаҳои гузаронидани назорати гумрукӣ дар шаклҳои дигар ё татбиқи тадбирҳое, ки гузаронидани назорати гумрукиро таъмин намуда, аз вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
15) барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳии шахси санҷидашаванда ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муфлисшавӣ аз ҷониби шахси санҷидашаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Санҷишҳои гумрукии сайёр бидуни маҳдудияти даврияти гузаронидани онҳо гузаронида мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гумрукии сайёр санади санҷиши гумрукии сайёр аз рӯйи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тартиб дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Хусусиятҳои дигари гузаронидани санҷишҳои гумрукии сайёр аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 418. Ба ҳабс гирифтан ё ситонидани амвол ҳангоми санҷиши гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Ҳангоми санҷиши гумруки мол дар ҳолатҳои зерин ба ҳабс гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845):
1) ҳангоми ошкор намудани моле, ки маркаи махсус, воситаҳои ҳаммонандсозӣ, ё тарзҳои дигари нишонагузорӣ надорад аз чунин нишонагузориро ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи он, ки мол бо роҳи қонуни ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, пешбини намудаанд ё онҳо дорои маркаю нишонаҳои қалбакӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) дар ҳуҷҷатҳои тиҷоратии шахси санҷидашаванда маълумот оид ба иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрук қайд нашуда бошад, ба шарте ки мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора шудани чунин маълумот дар ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ҳангоми муомилоти мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад, ҳамчунин ҳангоми ошкор намудани нодурустии ин гуна маълумот ё вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, ки дар онҳо чунин маълумот бояд зикр шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 30.05.2017 № 1421);
3) ошкор намудани далелҳои истифода ва (ё) ихтиёрдории моли шартан барои муомилот иҷозатшуда бо мақсади дигар, нисбати оне, ки онҳо аз пардохти боҷи гумрукию андозҳои воридотӣ қисман ё пурра озод карда шудаанд.
2. Моле, ки нисбаташ ҳабс муқаррар карда шудааст, барои нигоҳ доштан ба соҳибаш ё дигар шахсе, ки нисбати ин мол ваколатдор аст, дода мешавад. Ҷои нигоҳдории чунин мол минтақаи назорати гумрукӣ эълон карда мешавад (моддаи 403).
3. Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон молро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё ба муомилот баровардан мумкин набошад, инчунин ҳангоми будани асоси кофи оид ба эҳтимоли он, ки ҳабси мол барои эҳтиёт кардани он кофи нест, мақомоти гумрук онро меситонанд.
Моли ситонидашуда дар анборҳои муваққатӣ ё дар дигар ҷой, ки минтақаи назорати гумрукӣ мебошад, ҷойгир карда мешавад.
4. Ситонидан ё ба ҳабс гирифтани мол метавонад анҷом дода нашавад. Агар шахси молаш ошкоргардида таъмини супурдани пардохтҳоро, ки метавонад ситонида шавад, пешниҳод намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муомилоти онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст ё нисбати ин молҳо маҳдудияти миқдори муқаррар шудааст, мол метавонад ситонида ё ба ҳабс гирифта нашавад.
Боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо мақсади муайян кардани маблағи таъмини пардохти онҳо мутобиқи моддаи 372 ҳамии Кодекс ҳисоб карда мешавад.
5. Мол дар асоси қарори асосноки шахси мансабдори мақомоти гумрук, ки санҷиши гумрукӣ мегузаронад, дар ҳузури соҳиби мол ё намояндаи ӯ, инчунин дар ҳузури ду шахси холис ситонида ё ҳабс карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои ситонидан ё ба ҳабс гирифтани мол мутахассис даъват карда мешавад (моддаи 425). Пеш аз ситонидан ё ҳабси мол шахси мансабдори мақомоти гумрук вазифадор аст ба шахсе, ки молаш ситонида ё ҳабс карда мешавад, қарори ситонидан ва ҳабс намудани молро пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
6. Оид ба ситонидан ё ҳабс кардани мол протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол ё рӯйихати ба он замимагардида моли ситонидашуда ва ё ҳабсшуда номгӯи он, миқдор ва нишонаҳои хоса пурра қайд карда мешавад. Протоколи мазкурро шахси мансабдори мақоми гумрук, ки молро ситонидааст ё ҳабс кардааст ва шахс ё намоянда, ки молаш ситонида ё ҳабс карда мешавад, инчунин шахсони холис имзо мекунанд. Нусхаи протокол ба соҳиби мол ё намояндаи ӯ супурда мешавад.
7. Моли ситонида ё ҳабсшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки он метавонад мавриди мусодира қарор гирад, барои далели шайъи зарур гардад ё аз ҳисоби он боҷи гумрукӣ пардохта шавад, баъди як рӯзи анҷом ёфтани санҷиши гумрукӣ баргардонида ё аз ҳабс озод карда мешавад. Агар дар рафти санҷиш муқаррар нашавад, ки нисбати чунин мол қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда нашудааст, он ба соҳибаш баргардонида ё фавран аз ҳабс озод карда мешавад, вале хароҷоти нигоҳдории муваққатии мол аз ҳисоби буҷети давлат пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
8. Оид ба ихтиёрдории моли ситонидашуда ё ҳабсшуда дар санаде, ки дар он натиҷаи санҷиши гумрукии гузаронидашуда инъикос меёбад, қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
9. Моли ситонида ё ҳабсшудаи талабнашуда баъди ду моҳи ба охир расидани санҷиши гумрукӣ бо тартиби муқаррарнамудаи фасли VI ҳамин Кодекс ихтиёрдори карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).