ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ | 1994
Моддаи 101. Чораҳои пешгирӣ
1. Чораҳои пешгирӣ амалҳои маҷбурие мебошанд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё ҳаракатҳои халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд.
2. Чораҳои пешгирӣ инҳоянд:
- забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат;
- кафолати шахсӣ;
- супоридани хизматчии ҳарбӣ таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ;
- таҳти назорат супоридани ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755);
- гарав;
- ҳабси хонагӣ;
- ба ҳабс гирифтан.
Моддаи 102. Асосҳои татбиқи чораҳои пешгирӣ
1. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолате чораи пешгириро татбиқ карда метавонанд, агар:
- далелҳои аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъ овардашуда асоси кофӣ диҳанд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда метавонанд аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон шаванд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ё баррасии он аз тарафи суд мамониат кунанд, аз ҷумла маводи барои парванда аҳамиятдоштаро пинҳон ё сохтакорӣ кунанд ё бо роҳи ғайриқонунӣ ба шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда таъсир расонанд, бе сабабҳои узрнок бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳозир нашаванд, ҷинояти дигарро содир намоянд, ба иҷрои ҳукм монеъ шаванд.
2. Ҳангоми зарурати татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда хусусияти гумонбаркунӣ ё айбдоркунӣ, шахсият, синну сол ва вазъи саломатии онҳо, намуди машғулият, вазъи оилавӣ ва молумулкӣ, мавҷудияти ҷои доимии истиқомат ва ҳолатҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.
Моддаи 103. Татбиқ ва мӯҳлати амали чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда
Дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва бо дарназардошти ҳолатҳои дар моддаҳои 101 ва 102 Кодекси мазкур пешбинишуда мумкин аст дар ҳаққи гумонбаршуда чораи пешгирӣ татбиқ карда шавад. Агар дар ин ҳолат гумонбаршуда дастгир гардида ва сипас нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шуда бошад, ба ӯ бояд айбдоркунӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи татбиқи чораи пешгирӣ, дар ҳамон мӯҳлат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ эълон карда шавад. Агар дар ҳамин мӯҳлат айб эълон карда нашавад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бояд чораи пешгириро фавран бекор намояд.
Моддаи 104. Тартиби татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор
кардани чораи пешгирӣ
1. Дар бораи татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя қарор ва суд таъинот мебароранд, ки дар онҳо зарурати татбиқи чораи пешгирӣ, тағйир додан ва ё бекор кардани он нишон дода мешавад.
2. Ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан ҳамчун чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд татбиқ карда мешавад.
3. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ба гумонбаршуда ва айбдоршаванда қарор ё таъиноти татбиқ намудан, тағйир додан ё ин ки бекор намудани чораи пешгириро эълон мекунад, тартиби шикоят намуданро фаҳмонида, нусхаи қарор ё таъинотро ба ӯ месупорад. Иҷрои амалҳои мазкур бо имзои гумонбаршуда ё айбдоршаванда ва шахси мансабдоре, ки қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгириро эълон намудааст, тасдиқ карда мешавад.
4. Агар ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ талаб намоянд, чораҳои пешгирӣ бекор карда ё тағйир дода мешаванд. Бекор кардан ва тағйир додани чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси хонагӣ ва ба ҳабс гирифтан дар давраи тосудии парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо розигии прокурор амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333).
Моддаи 105. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат
1. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат дар гирифтани ӯҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомати доимӣ ё муваққатӣ бе иҷозати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя, монеъ нашудан ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва баррасии он дар суд, дар вақти таъиншуда ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ифода меёбад.
2. Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда риоя накардани талаботи забонхат дар ҳаққи ӯ чораи сахттари пешгирӣ татбиқ карда мешавад, ки ин талабот ҳангоми гирифтани забонхат бояд ба ӯ эълон карда шавад.
Моддаи 106. Кафолати шахсӣ
1. Кафолати шахсӣ аз тарафи шахси ба боварӣ сазовор қабул кардани ӯҳдадории хаттӣ аст, ки гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда ҳангоми дар озодӣ будан аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ё баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷиноятӣ машғул намешавад.
Шумораи кафилон бояд аз ду нафар кам набошад.
2. Кафолати шахсӣ бо дархости хаттии кафилон ва ризои шахсе, ки ба ӯ кафолат дода мешавад, татбиқ мегардад.
3. Кафилон забонхат дода, тасдиқ мекунанд, ки моҳияти гумонбар ё айбдор кардани шахсе, ки ба вай кафолат медиҳанд ва масъулияти кафил ба онҳо фаҳмонда шудааст.
4. Дар сурати аз ҷониби кафил иҷро накардани ӯҳдадориҳояш ӯ мутобиқи моддаи 117 Кодекси мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 107. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ
1. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ маънои ба зиммаи фармондеҳии қисми ҳарбӣ, қӯшун, сардори муассисаи ҳарбӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар он адои хизмат мекунанд ё барои таълими ҳарбӣ ҷамъ омадаанд, гузоштани вазифаи таъмини рафтори матлуби онҳоро дорад.
2. Нусхаи қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгирии мазкур ба ҳайати фармондеҳӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти назорати он супорида шудааст, дода мешавад. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ дар бораи муқаррар намудани назорат мақомотеро, ки ин чораи пешгириро татбиқ намудааст, огоҳ месозад.
3. Ҳайати фармондеҳӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳояш оид ба назорат кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ба ӯ тобеъ ҳуқуқ дорад чораҳои дахлдори пешбининамудаи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад, ки метавонанд рафтори дахлдори ин шахсон ва ҳозир шудани онҳоро бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ таъмин кунанд.
4. Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда содир намудани амале, ки ҷиҳати пешгирии он ҳамин чораи пешгирӣ андешида шуда буд, фармондеҳии қисми ҳарбӣ бояд фавран дар ин бора ба мақомоте, ки чунин чораро татбиқ кардааст, хабар диҳад.
Моддаи 108. Таҳти назорат супоридани ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда
(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755)
1. Таҳти назоратии падару модар, парасторон, васиён ё дигар шахсони сазовори эътимод, инчунин намояндагони муассисаҳои махсуси кӯдакон додани ноболиғон аз он иборат аст, ки яке аз шахсони номбаршуда ба зиммаи худ ӯҳдадории хаттӣ мегирад, ки ноболиғи дар озодӣ будаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ва баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷинояткорӣ машғул намешавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
2. Супурдани ноболиғ таҳти назоратии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда бо дархости хаттии онҳо имконпазир аст. Дар айни замон онҳо доир ба хусусияти ҷиноят ва ҷавобгариашон дар сурати риоя накардани ӯҳдадориҳои назоратӣ огоҳ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
3. Шахсоне, ки ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти назоратиашон супррида шудааст, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани ӯҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 109. Гарав
1. Гарав аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 864, а 29.01.2021 № 1755).
2. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо розигии прокурор татбиқ мекунанд. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва судӣ вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва вазъи молумулкии гаравгузор муқаррар менамоянд, ки он аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин, аз нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои вазнин кам буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
3. Ба гаравгузор, агар ӯ гумонбаршуда ё айбдоршаванда набошад, моҳияти гумонбарӣ ё айбдоркунии шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда фаҳмонида, бо имзои шахси нисбаташ ин чораи пешгирй татбиқшаванда, гаравгузор ва шахси мансабдори ин чораи пешгириро татбиқнамуда тасдиқ карда мешавад. Нусхаи қарор, таъинот барои супоридани гарав ба гаравгузор дода мешавад.
4. Дар сурати саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд чораи пешгирӣ иваз карда, маблағи гарав тибқи талаботи моддаи 118 Кодекси мазкур дар асоси қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
5. Дар дигар ҳолатҳо суд зимни ҳукм ё таъинот (қарор) баровардан дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъалаи ба гаравдеҳ баргардонидани маблағи гаравро ҳал менамояд. Ҳангоми қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давраи тафтиши пешакӣ маблағи гарав ба гаравдеҳ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё муовини ӯ баргардонида мешавад.
Моддаи 110. Ҳабси хонагӣ
1. Ҳабси хонагӣ аз комилан ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷамъият бе таҳти ҳабс қарор додан, вале бо татбиқи маҳдудиятҳои ҳуқуқии муайянкардаи суд, судя иборат аст.
2. Ҳабси хонагиро метавон бо чораҳои зерин дар алоҳидагӣ ва дар якҷоягӣ татбиқ кард:
- тамоман ё дар вақти муайян набаромадан аз манзил;
- манъи гуфтугӯи телефонӣ, мукотибот ва истифодаи воситаҳои алоқа, ба истиснои ҳолатҳои дар сархати панҷуми ҳамин қисм пешбинишуда;
- манъи робита бо шахсони муайян ва дар хонаи худ қабул кардани ягон шахс;
- истифодаи воситаҳои электронии назоратӣ, вогузории ӯҳдадорӣ доир ба гирифта гаштани ин воситаҳо бо худ ва кори онҳоро таъмин намудан;
- ӯҳдадор кардан дар хусуси ҷавоб додан ба зангҳои назорати телефонӣ ё дигар ишораҳои (сигналҳои) назоратӣ, занг задан бо телефон ё шахсан ҳозир шудан дар вақти муайян ба мақомоти таҳқиқ ё дигар мақомоти назораткунандаи рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда;
- ба зери назорат гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ё ин ки манзил, инчунин муҳофизати манзил ё дигар ҷои ба ӯ чун манзил ҷудо кардашуда;
- чораҳои дигар, ки рафтори дахлдор ва аз ҷамъият ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро таъмин менамоянд.
3. Асосҳо ва тартиби ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ кардани ҳабси хонагӣ, муқаррар намудан ва дароз кардани мӯҳлати он, бекор кардани ҳабси хонагӣ бо меъёрҳои дахлдори марбут ба чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан танзим мегарданд.
4. Дар қарори судя ва таъиноти суд дар бораи ба ҳабси хонагӣ гирифтан маҳдудиятҳои мушаххасе, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ мегарданд, инчунин мақомот ё шахси мансабдоре нишон дода мешавад, ки чунин назоратро анҷом медиҳад.
Моддаи 111. Ба ҳабс гирифтан
1. Ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае татбиқ карда мешавад, ки барои ҷинояти содиркардаашон қонуни ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз ду сол пешбинӣ намудааст. Дар мавридҳои истисно ин чораи пешгирӣ, мумкин аст, нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда оид ба ҷиноятҳое, ки барояшон қонун ҷазои маҳрум кардан аз озодиро ба мӯҳлати камтар аз ду сол пешбинӣ намудааст, татбиқ карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати доимӣ надошта бошанд ё шахсияташон муқаррар карда нашуда бошад ё ин ки онҳо аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд пинҳон шуда бошанд ё чораи пешгириро риоя накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1702).
2. Ҳангоми зарурати интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо ризои прокурор дархости дахлдорро дар шакли қарор ба суд пешниҳод менамоянд. Дар қарор дар бораи пешниҳод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан асос ва сабабҳое, ки аз рӯи он зарурати ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирӣ ғайриимкон аст, дарҷ карда мешавад. Ба қарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиқ менамояд, ҳамроҳ карда мешавад. Агар дархост нисбат ба гумонбаршуда, ки бо тартиби муқарраркардаи моддаҳои 92 ва 94 Кодекси мазкур дастгир шудааст, оғоз карда шавад, қарор ва маводи номбурда ба судя на дертар аз 8 соат то ба охир расидани мӯҳлати дастгиркунӣ бояд пешниҳод карда шавад.Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҳимоятгар бояд бо дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва маводе, ки асоснокии дархостро тасдиқ менамоянд, то ба суд ирсол намудани он шинос карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
3. Қарори оғоз кардани дархост дар бораи интихоб кардани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз ҷониби судяи суди шаҳр ва ноҳия ё ин ки суди ҳарбии гарнизон бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда, прокурор, ҳимоятгар, ба шарте, ки ҳимоятгар дар парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, аз рӯи маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё ин ки аз рӯи маҳалли дастгиршавии гумонбаршуда дар муддати 8 соат аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод баррасӣ карда мешавад. Гумонбаршудае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 92 ва 94 Кодекси мазкур дастгир шудааст, ба маҷлиси суд оварда мешавад. Дар маҷлиси суд инчунин намояндаи қонунии гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболиғ, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани тарафҳо, ки аз вақти гузаронидани маҷлиси суд сари вақт огоҳонида шудаанд, барои баррасии дархост монеъ шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои ҳозир нашудани гумонбаршуда ё айбдоршаванда.
Маҷлиси суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 276 Кодекси мазкур, бо назардошти талаботи моддаҳои 273, 277, 278, 279, 281, 290, 293, 299, 301 ва 306 Кодекси мазкур гузаронида мешавад. Ҳамзамон, шахси дархостпешниҳоднамуда ё прокурор дархостро асоснок мекунад, сипас мавқеи тарафи ҳимоя оид ба моҳияти дархост муайян карда мешавад. Ҳангоми баррасии дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд бо таҳқиқи мавод вобаста ба қонунӣ будани дастгиркунӣ ва мувофиқи мақсад будан ё набудани татбиқи чораи пешгирӣ, бо назардошти талаботи дар моддаи 102 Кодекси мазкур нишондодашуда маҳдуд мегардад. Иштирокчиёни маҷлиси суд ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи эълони қарори суд дар муддати як шабонарӯз бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва ба он дар ҳамин мӯҳлат эрод пешниҳод намоянд. Дар бораи шинос шудан дар протоколи маҷлиси суд шахсони шиносшуда имзо мегузоранд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
5. Судя дархостро баррасӣ карда, яке аз қарорҳои зеринро мебарорад:
- дар бораи ба сифати чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтани гумонбаршуда ё айбдоршаванда иҷозат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755);
- дар бораи рад кардани дархост;
- дар бораи ба таъхир гузоштани қабули қарори дархост ба мӯҳлати на зиёда аз 72 соат барои пешниҳоди далелҳои асосноки дастгиркунӣ. Дар ин маврид судя дар қарор муқаррар менамояд, ки мӯҳлати дастгиркуниро то чанд рӯзу соат дароз мекунад.
6. Қарори суд, судя ба шахси дархостро пешниҳодкарда, прокурор, гумонбаршуда ё айбдоршаванда равон карда мешавад ва бояд фавран иҷро гардад.
7. Дар хусуси ба ҳабс гирифтани ҳамон як шахс аз рӯи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ пас аз баровардани қарори суд дар бораи рад кардани интихоби ин чораи пешгирӣ танҳо ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои нав, ки зарурати татбиқи ба ҳабс гирифтани шахсро ба миён меоваранд, такроран ба суд бо дархост муроҷиат кардан мумкин аст.
8. Агар масъалаи ба ҳабс гирифтани судшаванда дар мурофиаи судӣ пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафҳо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо ҳал намуда, дар ин бора қарор ё таъинот мебарорад.
9. Аз қарори судя дар бораи ба сифати чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтан ё ин ки рад кардани он ба суди болоӣ бо тартиби кассатсионӣ дар муддати 3 шабонарӯз аз рӯзи баровардани қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин аст. Суде, ки чунин қарорро қабул кардааст, бояд на дертар аз рӯзи дигари ба охир расидани ин мӯҳлат шикоят ё эътирозро якҷоя бо мавод ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи шикоят ва ё эътироз дар муддати на дертар аз 3 шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавии мавод қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, аз 16.04.2012 № 809).
10. Шахсе, ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, вазифадор аст, ки барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба шахсони дар моддаи 100 Кодекси мазкур нишондодашуда, дар хусуси хизматчиёни ҳарбӣ бошад, ба фармондеҳи қисми ҳарбӣ хабар диҳад.
Моддаи 112. Мӯҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва тартиби дароз кардани он
1. Чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ҳангоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ набояд аз ду моҳ зиёд бошад.
2. Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан аз вақти ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда то рӯзи аз тарафи прокурор ба суд фиристодани парванда ҳисоб карда мешавад. Ба ин мӯҳлат вақти нигоҳ доштани шахс дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ (тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти пешбурди тосудӣ), инчунин мӯҳлати ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан ба ҳисоб гирифта мешавад.
3. Дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда дар вақти тафтиши пешакӣ то шаш моҳ аз ҷониби судяи суди ноҳия ва шаҳр ё суди ҳарбии гарнизон бо тартиби муқарраркардаи қисмҳои 2 ваЗ моддаи 111 Кодекси мазкур танҳо дар сурати ғайриимкон будани анҷом додани тафтиш дар мӯҳлати 2 моҳ ва дар сурати набудани асос барои нисбат ба айбдоршаванда татбиқ намудани чораи дигари пешгирӣ мумкин аст. Минбаъд дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ танҳо дар ҳаққи шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин айбдоршаванда, инчунин дар ҳаққи шахсони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содирнамудае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ надоранд, мумкин аст, ба шарте, ки барои гумон кардан асосҳои кофӣ бошанд, ки онҳо аз тафтиш ва суд берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон мешаванд. Дар ин сурат дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштанро судяи ҳамон суд дар асоси дархости муфаттиш бо ризои прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, барои ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ бо ризои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодкарда ба мӯҳлати то 12 моҳ амалй менамояд.
4. Мӯҳлати зиёда аз 12 моҳ дар ҳабс нигоҳ доштан танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, нисбат ба шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин айбдор карда мешаванд, аз ҷониби судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муфаттиш, ки бо ризои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ пешниҳод гардидааст, ба муҳлати то 18 моҳ дароз намудан мумкин аст. Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад.
5. Минбаъд ба дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан роҳ дода намешавад ва айбдоршаванда бояд фавран озод карда шавад, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 8 ҳамин модда пешбинишуда.
6. Маводи тафтиши анҷомёфтаи парвандаи ҷиноятӣ барои шиносшавӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бояд дар мӯҳлати на дертар аз 30 шабонарӯз то анҷоми мӯҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан, ки қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда муайян кардаанд, пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
7. Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ маводи парвандаи ҷиноятӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ дар муддати камтар аз 30 шабонарӯз то анҷоми мӯҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан пешниҳод шуда бошад, он гоҳ пас аз гузаштани ин мӯҳлат айбдоршаванда ҳатман озод карда мешавад. Дар ин маврид айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд минбаъд бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шаванд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
8. Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ мӯҳлати пешбиникардаи қисми 6 ҳамин модда оид ба пешниҳоди маводи парвандаи ҷиноятии мазкур ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ риоя шуда бошаду лекин 30 шабонарӯз барои шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ камӣ кунад, муфаттиш ҳуқуқ дорад на дертар аз 5 рӯзи то анҷом ёфтани мӯҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан бо ризои прокурорҳои дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда пешбинишуда мувофиқан ба судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дархост пешниҳод намояд.
9. Судяи суди дахлдор дар давоми 5 шабонарӯзи баъди қабул кардани дархост бояд яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:
- дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан то лаҳзаи анҷом додани шиносшавии айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз ҷониби прокурор ба суд фиристонидани парвандаи ҷиноятӣ, ба истиснои ҳолати дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда;
- дар бораи рад кардани дархост ва аз ҳабс озод кардани айбдоршаванда.
10. Ба мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчунин мӯҳлатҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:
- муддати дастгир шудани шахс ба сифати гумонбаршуда;
- муддати дар ҳабси хонагӣ будан;
- муддати дар ҳабс будани шахс дар ҳудуди давлати хориҷа аз рӯи талаботи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё ин ки мутобиқи талаботи моддаи 481 Кодекси мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ӯ (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755);
- муддати дар асоси қарори суд ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан;
11. Дар сурати такроран татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда дар рафти тафтиши пешакии ҳамон як парванда, инчунин парвандаи ҷиноятии ба он ҳамроҳ ё аз он ҷудо кардашуда мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати пештар таҳти ҳабс қарор доштанашон ҳисоб карда мешавад.
12. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки мӯҳлати бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда ба охир расидаасту аз рӯи ҳолатҳои кор бошад, чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан тагйир додан мумкин нест, мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо тартиби муқарраркардаи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда дароз карда мешавад. Дар ин маврид мӯҳлати дар суд будани парвандаи ҷиноятӣ ба инобат гирифта намешавад.