ЧОРАҲОИ МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ ҚАРЗИ АНДОЗӢ | 1994

  Моддаи 144. Муқаррароти умумӣ оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ
1. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда қисман ё нопурра иҷро гардидани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ қарзи мазкур бо тартиби дар ҳамин боб пешбинишуда маҷбуран ситонида мешавад.
2. Қарзи андозии аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз андозсупоранда ва шахсони дигар маҷбуран ситонида мешавад.
3. Агар уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз бо кафолати бонкӣ ё замонатдиҳии шахси сеюм таъмин гардад, ҳангоми иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупоранда, мақомоти андоз маблағи қарзи андозиро аз ташкилоти қарзии молиявии кафил ё зомин маҷбуран меситонад.
4. Қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 145-149 ва 152 Кодекси мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
5. Қарзи андозӣ аз шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 151 Кодекси мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
6. Қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар навбати аввал аз ҳисоби маблағҳои пулии ӯ дар суратҳисобҳо дар ташкилоти қарзии молиявӣ ва дар сурати нокифоя будани онҳо, аз ҳисоби молу мулки дигари ин шахс маҷбуран ситонида мешавад.
7. Агар ситонидани қарзи андозии андозсупоранда аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои ӯ дар ташкилоти қарзии молиявӣ имконнопазир бошад, қарзи андозӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур аз шахсони дигар маҷбуран ситонида мешавад.
8. Агар даромади андозсупоранда аз фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё даромадҳои дигар ба суратҳисобҳои бонкии шахсони дигар ворид шуда бошанд, қарзи андозии андозсупоранда метавонад аз шахсони мазкур маҷбуран ситонида шавад.
9. Агар аз лаҳзае, ки андозсупоранда аз санҷиши андозӣ огоҳ шуда, маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари худро ба шахсони дигар интиқол дода бошад, қарзи андозии андозсупоранда метавонад аз шахсони мазкур маҷбуран ситонида шавад.
10. Муқаррароти қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур инчунин дар ҳолатҳое амалӣ карда мешаванд, ки интиқоли даромад аз фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё даромадҳои дигар ё интиқоли маблағҳои пулӣ ва молу мулки дигар ба шахсони дигар аз тариқи маҷмӯи амалиётҳо сурат гирифта бошад.
11. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 8-10 моддаи мазкур қарзи андозӣ аз шахсони дигар дар доираи даромадҳои аз фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) гирифтаи онҳо, даромадҳои дигари андозсупоранда, маблағҳои пулии ба онҳо додашуда, инчунин арзиши молу мулки дигар маҷбуран ситонида мешавад. Мақомоти андоз дар асоси маълумоти дар ихтиёр дошта ва вобаста ба ҳаҷми қарзи андозии андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки теъдоди шахсони дигар ва таносуби ҳаҷми қарзи андозиро нисбат ба ҳар яки онҳо мустақилона муайян намояд ва маҷбуран ситонад.
12. Ситонидани қарзи андозии эътирофнагардидаи андозсупоранда аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда мутобиқи муқаррароти моддаи 152 Кодекси мазкур танҳо бо тартиби судӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда эътироф шудани маблағи қарзи андозӣ ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи моддаи 145 Кодекси мазкур ба амал бароварда мешавад.
13. Муқаррароти боби мазкур нисбат ба ситонидани қарзҳои андозӣ дар робита бо интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нисбат ба агентони андоз татбиқ карда мешаванд.
  Моддаи 145. Маҷбуран ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкӣ
1. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда қисман ё пурра иҷро нагардидани талаботи огоҳинома оид ба пардохти қарзи андоз, маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии (аз ҷумла маблағҳо дар кортҳои корпоративии) андозсупоранда маҷбуран ситонида мешавад.
2. Муқаррароти моддаи мазкур танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ татбиқ карда мешавад.
3. Тартиби маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупоранда ё агенти андоз, ки дар муқаррароти ҳамин модда, моддаҳои 146-149 ва 152 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, нисбат ба шахсони дигар низ татбиқ карда мешавад.
4. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупоранда тавассути ирсоли қарори мақомоти андоз, супоришномаи инкассавӣ ва санади муқоисавии бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти андоз ва андозсупоранда дар шакли хаттӣ ё электронӣ тасдиқшуда ба ташкилоти қарзии молиявӣ амалӣ карда мешавад. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупорандагоне, ки ба номгӯи андозсупорандагони бемасъулият ворид гардидаанд ё андозсупорандагоне, ки нисбати онҳо ҷиҳати рӯёнидани қарзи андоз санади судӣ қабул шудааст, тавассути ирсоли қарори мақомоти андоз ва супоришномаи инкассавӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
5. Тартиби иҷро ва бекор кардани қарор, шакл ва тартиби ба имзорасонии санади муқоисавии аз ҷониби мақомоти андоз ва андозсупоранда дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ тасдиқшуда, шакл ва тартиби ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ирсол намудани супоришномаи инкассавии мақомоти андозро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
6. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст супоришномаи инкассавии мақомоти андозро дар барои аз суратҳисоби андозсупоранда ситонидани қарзи андозиро бо тартибе, ки қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, иҷро намояд.
7. Бозхондани қарор ва супоришномаҳои инкассавии иҷронашуда дар ҳолатҳои зерин тавассути муроҷиати расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом дода мешавад:
1) пардохти қарзи андозӣ, аз ҷумла тавассути ба ҳисоб гирифтани маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашуда мутобиқи боби 15 Кодекси мазкур;
2) батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи қарзи андозӣ мутобиқи боби 15 Кодекси мазкур;
3) беэътимод эътироф шудани қарзи андозӣ мутобиқи моддаи 131 Кодекси мазкур;
4) кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзи андозӣ ва фоизҳо аз рӯи ҳисоботи дақиқшудаи андозӣ, ки мутобиқи моддаи 100 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст.
8. Қарзи андозӣ аз суратҳисоби амонатии дархостӣ Конститутсияи  ва дар сурати нокифоя будани маблағ, аз суратҳисоби амонатии асъории дархостии андозсупоранда ситонида мешавад. Қарзи андозӣ аз суратҳисоби асъории андозсупоранда аз рӯи қурби Бонки миллии Тоҷикистон ба андозае ситонида мешавад, ки барои пардохти қарзи андозӣ кифоя бошад.
9. Ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои амонатии муҳлатноки андозсупоранда то ба охир расидани муҳлати амали онҳо манъ аст.
10. Ҳангоми аз суратҳисоби асъории андозсупоранда ситонидани қарзи андозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамзамон бо супоришномаи инкассавӣ қарори дорои маълумот оид ба фурӯши асъори андозсупорандаро ба ташкилоти қарзии молиявӣ ирсол менамояд. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст фармоиши мазкурро на дертар аз рӯзи ояндаи корӣ иҷро намояд. Пардохти хароҷоти амалиётии марбут ба фурӯши асъор аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд.
11. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст супоришномаи инкассавии мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо риояи талаботи ҳамин модда ирсол шудааст, аз суратҳисоби бонкии андозсупоранда бо пули миллӣ дар муҳлати на дертар аз як рӯзи корӣ пас аз гирифтани супоришномаи инкассавӣ ва ҳангоми аз суратҳисобҳои асъор ситонидани маблағҳои пулӣ на дертар аз ду рӯзи корӣ иҷро намояд.
12. Агар дар рӯзи ба ташкилоти қарзии молиявӣ ворид шудани супоришномаи инкассавии мақомоти андоз дар суратҳисоби андозсупоранда барои иҷрои ин дархост маблағҳои пулӣ нокифоя бошанд, он ба андозаи воридшавии маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои мазкур на дертар аз як ё ду рӯзи корӣ баъд аз рӯзи воридшавии чунин дархост вобаста аз асъори суратҳисоб, иҷро мешавад. Супоришномаи инкассавии мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом дода мешавад.
  Моддаи 146. Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисоби бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда
1. Ҳангоми имконнопазир будани ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи қарзи андозиро аз суратҳисобҳои қарздорони (дебиторони) андозсупоранда ситонад, аммо маблағи ситонидашаванда набояд аз уҳдадории андозии андозсупоранда зиёдтар бошад.
2. Маблағи қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ситонида мешавад.
3. Андозсупоранда (агенти андоз) уҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани дархост рӯйхати қарздорони (дебиторони) худро бо нишон додани маблағи қарзи дебиторӣ ба мақомоти андози дархосткунанда пешниҳод намояд.
4. Дар асоси рӯйхати қарздорони (дебиторони) андозсупоранда ва (ё) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин қарздорӣ мақомоти андоз ба қарздорони (дебиторони) андозсупоранда огоҳинома ирсол менамояд.
5. Қарздорони (дебиторони) андозсупоранда уҳдадоранд дар муҳлати 20 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома, ба мақомоти андози ирсолнамудаи огоҳинома санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниро бо андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намоянд.
6. Санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
1) ном ва рақами мушаххаси андозсупоранда (агенти андоз) ва қарздорони (дебиторони) ӯ;
2) маблағи қарзи қарздорон (дебиторон) дар назди андозсупоранда (агенти андоз);
3) маълумоти шахсӣ, муҳр ва имзои андозсупоранда (агенти андоз) ё имзои электронии рақамии андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ;
4) реквизитҳои бонкии андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ;
5) санаи таҳияи санади муқоисавӣ.
7. Санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ бояд баъд аз санаи гирифтани огоҳинома тартиб дода шавад.
8. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи огоҳиномаи зикргардида ва пешниҳод нагардидани маълумоти дархостшуда, қарздор (дебитор) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
9. Қарори мақомоти андоз дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар шакли хаттӣ ё электронӣ барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ва қарздорон (дебиторон) ирсол карда мешавад.
10. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст, ки қарор ва супоришномаи инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисоби бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда иҷро намояд.
11. Дар сурати пурра пардохт гардидани маблағи қарз аз ҷониби қарздорон (дебиторон), қарор ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз дар давоми 2 рӯзи корӣ бозхонд карда мешавад.
12. Агар аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда маблағ барзиёд ситонида шуда бошад, маблағи барзиёд ситонидашуда аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда ба қарздорон (дебиторон) баргардонида мешавад.
13. Тартиби боздоштан ва бекор намудани қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар асоси моддаҳои 136 ва 145 Кодекси мазкур бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  Моддаи 147. Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда
1. Дар ҳолати мавҷуд набудани маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ё нокифоя будани маблағҳои пулӣ барои пардохти қарзи андозӣ, мақомоти андоз метавонад маблағи қарзи андозиро дар ҳаҷми на зиёдтар аз уҳдадории андозӣ аз маблағҳои пулии дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда ситонад. Агар дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда барои пӯшонидани уҳдадориҳои андозсупоранда маблағи кофӣ набошад ё мақомоти андоз ба таври асоснок чунин шуморад, ки ситонидани андоз аз суратҳисобҳои бонкии он метавонад ба таъхир гузошта шавад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад илова ба ҳама гуна амалҳое, ки мутобиқи моддаи 144 Кодекси мазкур анҷом дода шудаанд, қарзи андозиро ба миқдори на зиёдтар аз уҳдадории андозӣ аз ҳисоби маблағҳои дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда ситонад.
2. Қарор оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур қабул ва бекор карда мешавад.
3. Баъди қабул гардидани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда нусхаи қарор ба андозсупоранда барои иҷро супорида мешавад. Аз лаҳзаи гирифтани қарор андозсупоранда уҳдадор аст, ки ҳамаи маблағҳои пулии нақди ба хазинаи андозсупоранда воридшавандаро (ба истиснои маблағҳои пулии нақди барои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар кардашуда) танҳо барои пӯшонидани қарзҳои андоз равона намояд.
4. Шахси мансабдори мақомоти андоз инвентаризатсияи маблағҳои пулии нақди дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбударо дар ҳузури хазиначӣ мегузаронад.
5. Ҳангоми иҷрои қарор оид ба ситонидани қарзи андоз аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда аз тарафи корманди мақомоти андоз санад дар бораи бақияи маблағҳои пулии нақд дар хазинаи андозсупоранда тартиб дода мешавад. Дар баробари ин андозсупоранда ё шахси масъули ӯ ба таври хаттӣ иҷрои талаботи мазкурро тасдиқ карда, дар ин хусус уҳдадорӣ мегиранд.
6. Аз хазинаи андозсупоранда гирифтани маблағҳои пулии нақди андозсупоранда аз тарафи мақомоти андоз дар асоси талаботи моддаи мазкур анҷом дода шуда, дар ин хусус санад дар се нусха дар ҳузури андозсупоранда ё намояндаи ӯ, шахсони холис бо нишон додани тамоми маблағи дарёфтшуда тартиб дода мешавад. Маблағи мазкур аз ҷониби мақомоти андоз худи ҳамон рӯз барои ба буҷети дахлдор гузаронидан ба ташкилоти қарзии молиявӣ супорида мешавад.
7. То пӯшонидани чунин қарзи андоз андозсупоранда ҳуқуқ надорад пардохтҳои дигарро, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, амалӣ намояд.
  Моддаи 148. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он
1. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он амали мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати маҳдуд намудани ҳуқуқи моликияти андозсупоранда ва ситонидани қарзи андозӣ мебошад.
2. Ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани онҳо барои пардохти қарзи андозе, ки андозсупоранда эътироф намудааст, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар сурати эътироф нагардидани қарзи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда, ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад.
3. Қисман ё пурра ҳабс намудани молу мулк маҳдуд кардани ҳуқуқи андозсупоранда ба ихтиёрдории молу мулки ҳабсшуда мебошад. Дар ин ҳолат соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ҳабсшуда бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақомоти андоз амалӣ карда мешаванд.
4. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онҳо танҳо дар ҳолати нокифоя будан ё набудани маблағ дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ё пули нақд дар хазина барои иҷрои уҳдадории андозӣ (қарзи андозӣ, фоизҳо, ҷаримаҳо) амалӣ карда мешаванд.
5. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онҳо баъд аз ирсол гардидани огоҳинома ба андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи моддаи 133 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
6. Танҳо он дороиҳое ҳабс ва фурӯхта мешаванд, ки арзиши онҳо барои пардохт кардани қарзи андозӣ кофӣ мебошад.
7. Барои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ тамоми молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда метавонанд фурӯхта шаванд.
8. Ҳабси воситаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ манъ аст.
9. Ҳабс ва ба фурӯш баровардани молу мулки ғайриманқули шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, нисбат ба молу мулки ин шахси хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
10. Ҳабси молу мулки андозсупоранда бо иштироки андозсупоранда (намояндаи ваколатдори ӯ), шахсони холис ва дар сурати саркашии андозсупоранда, бо ҷалби намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
11. Ба шахсоне, ки дар ҷараёни ҳабси молу мулк ҳамчун шахсони холис иштирок мекунанд, инчунин андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори андозсупоранда ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешавад.
12. То гузаронидани ҳабси молу мулк, шахсони мансабдори мақомоти андоз уҳдадоранд, ки ба андозсупоранда (намояндаи ӯ) қарор дар бораи ҳабс ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои онҳоро пешниҳод намоянд.
13. Ҳангоми гузаронидани ҳабс аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти андоз протокол дар бораи ҳабси молу мулк тартиб дода мешавад.
14. Протокол дар бораи ҳабси молу мулк ва рӯйхати ашёи ба он замимашаванда бояд номгӯи молу мулки ҳабсшуда бо ишораи ном, миқдор ва хусусиятҳои инфиродии ашё ва ба қадри имкон арзиши онҳоро дар бар гирад.
15. Шахсони холис ва андозсупоранда (намояндаи ӯ) бо ҳамаи ашёи ҳабсшаванда шиносонида мешаванд.
16. Дар қарор оид ба ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он макони нигоҳдории молу мулки ҳабсшаванда муқаррар карда мешавад.
17. Ба бегона кардан (ба истиснои ҳолате, ки бегонакунӣ таҳти назорат ё бо иҷозати хаттӣ ё электронии мақомоти андозе, ки ҳабсро амалӣ кардааст, гузаронида мешавад) ё харҷ намудани молу мулки ҳабсшуда роҳ дода намешавад.
18. Бо дархости андозсупоранда, ки нисбат ба молу мулки ӯ қарор дар бораи ҳабс қабул шудааст, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онро бо кафолати бонкӣ ва ё замонат мутобиқи моддаҳои 137-138 Кодекси мазкур иваз намояд.
19. Дар сурати маълумот доштани мақомоти андоз дар бораи ниятҳои андозсупоранда вобаста ба пинҳон намудан ё андешидани дигар амалҳое, ки иҷрои қарори мақомоти андозро дар бораи ҳабси молу мулк мураккаб ё имконнопазир мегардонанд, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад ҳабси молу мулки чунин андозсупорандаро дар вақти ғайрикорӣ анҷом диҳад.
20. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки мақомоти дахлдори давлатии дигарро дар бораи манъи истифодаи ҳама гуна амалҳо нисбат ба молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда огоҳ намояд.
21. Манъи ҳама гуна амал нисбат ба молу мулки ҳабсшуда мутобиқи қисми 20 моддаи мазкур барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
22. Аз ҷониби мақомоти дар қисми 20 моддаи мазкур пешбинигардида риоя нагардидани талаботи моддаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.
23. Ҳангоми пурра пардохт намудани қарзи андоз, пешниҳоди кафолати бонкӣ ва ё замонат, қарор дар бораи ҳабси молу мулк аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бекор карда мешавад.
24. Мақомоти андоз андозсупорандаро оид ба бекор кардани қарор дар бораи ҳабси молу мулк дар давоми 3 рӯз пас аз рӯзи қабул кардани чунин қарор огоҳ менамояд.
25. Қарор дар бораи ҳабси молу мулк аз лаҳзаи ҳабс то лаҳзаи бекор гардидани қарор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақомоти судӣ амал мекунад.
26. Муқаррароти ҳамин модда инчунин ба ҳабси молу мулки шахси ҳуқуқӣ - агенти андоз татбиқ карда мешаванд.
27. Баҳодиҳии молу мулки ҳабсшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти баҳодиҳӣ иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад.
28. Фурӯши маҳсулоти тайёр (молҳо), маҳсулоти кишоварзӣ (ба истиснои маҳсулоти зудвайроншаванда), инчунин арзишҳои моддии ҳабсшудаи дигаре, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд, тавассути музояда ба амал бароварда мешавад.
29. Арзиши коғазҳои қиматнок, маснуоти заргарӣ, маҳсулоти дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ашёи атиқа, асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалҳои ҳабсшуда бо ҷалби ҳатмии мутахассисони ин соҳаҳо муайян карда мешавад.
30. Молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда, мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории дахлдор ва тартиби амалӣ намудани усулҳо ва чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар музояда фурӯхта мешавад.
  Моддаи 149. Созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андозӣ
1. Андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ чораҳои дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинигардида амалӣ шуда истодаанд, метавонад нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявӣ пешниҳод намояд ва бо мақомоти андоз ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайи тақвимӣ оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андозӣ созишнома бандад.
2. Дар ҳолати ба имзо расидани созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти маблағи қарзи андозӣ, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии чораҳои дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинишуда ба муҳлати амали созишнома боздошта мешавад.
3. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад иловатан амали созишномаи зикршударо бо андозсупоранда як маротиба ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайи минбаъда тамдид намояд.
4. Муҳлати иҷрои созишномаи зикргардида ва боздоштани қарорҳои қаблан қабулгардидаи мақомоти андоз оид ба татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад ба муҳлати зиёдтар аз муҳлатҳои дар қисми 1 ва 3 моддаи мазкур зикргардида тамдид карда шавад.
  Моддаи 150. Муфлисшавии андозсупоранда (агенти андоз)
Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) пардохт нагардидани қарзи андозӣ ба буҷет пас аз андешидани тамоми чораҳои дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинишуда ё мавҷуд набудани маблағҳои пулии андозсупоранда дар суратҳисобҳои бонкӣ ва (ё) молу мулк ва (ё) қарзҳои дебиторӣ ҳангоми мавҷуд будани нишонаҳои муфлисшавӣ, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо ариза дар хусуси муфлис эътироф намудани андозсупоранда муроҷиат намояд.
  Моддаи 151. Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеӣ
1. Агар шахси воқеӣ (ба истиснои соҳибкори инфиродӣ) дар муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур уҳдадории худро оид ба пардохти қарзи андозӣ иҷро накунад, мақомоти андоз ба суд бо ариза дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз ҳисоби молу мулки шахси воқеӣ (минбаъд дар моддаи мазкур - ариза дар бораи андозситонӣ) муроҷиат менамояд.
2. Мақомоти андоз инчунин ҳуқуқ дорад ба суд дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулки шахси воқеӣ барои таъмин намудани иҷрои огоҳинома муроҷиат намояд.
3. Нусхаи ариза дар бораи андозситонӣ на дертар аз рӯзи пешниҳод ба суд аз ҷониби мақомоти андоз ба шахси воқеӣ фиристода мешавад.
4. Ариза дар бораи андозситонӣ ба суд дар ҳолате пешниҳод мегардад, ки агар маблағи умумии қарзи андозии шахси воқеӣ аз 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
5. Қарзи андозии шахси воқеӣ аз ҳисоби молу мулк дар асоси қарори суд ва муқаррароти моддаи мазкур ситонида мешавад.
6. Қарзи андозии шахси воқеӣ бо пайдарҳамии зерин ситонида мешавад:
1) аз суратҳисоби бонкии шахси воқеӣ;
2) аз ҳисоби пули нақди шахси воқеӣ;
3) аз ҳисоби молу мулки шахси воқеӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс ва ба фурӯш баровардани онро манъ кардааст.
7. Ба вайрон намудани тартиби пайдарҳамии ситонидани қарзи андозии шахси воқеӣ, ки дар қисми 6 моддаи мазкур муқаррар шудааст, роҳ дода намешавад.
8. Аз рӯзи ба ҳабс гирифтани молу мулки шахси воқеӣ то рӯзи иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҷарима ва фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохт нагардидани андозҳо ҳисоб карда намешаванд.
  Моддаи 152. Ситонидани қарзи андозӣ бо тартиби судӣ
1. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда эътироф нагардидани қарзи андозӣ (маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда), фоизҳо ва ҷаримаҳо) мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва муқаррароти қисми 3 моддаи 151 Кодекси мазкур ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат менамояд ва нусхаи аризаи даъвогиро ба андозсупоранда ирсол мекунад.
2. Аризаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро суди иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
3. Аризаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеиро суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда - шахси воқеӣ баррасӣ менамояд.
4. Ҳалномаи суд дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.