ХУСУСИЯТҲОИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗОДИҲИИ НОБОЛИҒОН | 1994

Моддаи 86. Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон

1) Шахсоне ноболиғ эътироф мегарданд, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Ба ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, мумкин аст ҷазо ё чораҳои маҷбуркунӣ дорои хусусияти тарбиявӣ дошта таъин карда шаванд.

Моддаи 87. Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд

1) Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд, аз инҳо иборатанд:

а) ҷарима (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617);

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617);

в) корҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617);

г) корҳои ислоҳӣ;

д) маҳрум сохтан аз озодӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҷарима танҳо дар сурате таъин карда мешавад, ки ноболиғ даромади мустақилона ё молу мулке дошта бошад, ки ба он ҷарима андохтан мумкин аст. Ҷарима ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 06.10.2008 № 422).

3) Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ноболиғон ба мӯҳлати аз як то ду сол таъин карда мешавад. Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида андозаи ниҳоии ҷарима аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад. Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудани ноболиғ аз пардохти ҷарима ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима суд ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) мутобиқи тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 ҳамин Кодекс иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

4) Корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз чил то як саду шаст соат таъин карда мешавад, ки он аз иҷрои корҳои барои ноболиғон мувофиқ берун аз вақти таҳсил ё корҳои асосӣ иборат аст. Давомнокии иҷрои чунин намуди ҷазо нисбати ноболиғони то синни шонздаҳсола аз ду соат дар як рӯз ва нисбати ноболиғони синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола аз се соат дар як рӯз зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

5) Корҳои ислоҳӣ ба ноболиғон дар ҷои корашон ба мӯҳлати аз ду моҳ то як сол таъин карда мешаванд. Дар айни замон аз панҷ то понздаҳ фоизи музди меҳнати маҳкумшудагон ба ҳисоби даромади давлат нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

6) Ба ноболиғоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир намудаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи Қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дигар намуди ҷазоро пешбинӣ накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набудаи дар Қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи Қисми умумии ҳамин Кодекс таъин менамояд. Маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати ноболиғоне таъин карда мешавад, ки (Қонуни ҶТ аз 17.05.2010 № 617):

а) дар синни то шонздаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то ҳафт сол;

б) дар синни аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то даҳ сол (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

7) Маҳрум сохтан аз озодиро ноболиғон дар ҷойҳои зерин адо мекунанд:

а) ноболиғони ҷинси марде, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ноболиғони ҷинси зан - дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ;

б) ноболиғони ҷинси марде, ки қаблан маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд - дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми пурзӯр.

Моддаи 88. Таъин намудани ҷазо ба ноболиғон

1) Ҳангоми ба ноболиғ таъин намудани ҷазо, ба ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 60 ҳамин Кодекс пешбинигардида, инчунин шароити зиндагӣ ва тарбияи ӯ, дараҷаи инкишофи рӯҳӣ, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои дигари шахсӣ, инчунин таъсири шахсони дигар ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Ба шахсе, ки дар синни аз чордаҳсолагӣ то шонздаҳсолагӣ якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин мебошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо аз даҳ сол зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ба шахсе, ки дар синни аз шонздаҳсолагӣ то ҳаждаҳсолагӣ якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин аст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо аз дувоздаҳ сол зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Андозаи ниҳоии ҷазои ҷарима ба ноболиғон барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва ё аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо доир ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 89. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта

1) Агар ҳисоб карда шавад, ки ислоҳи ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта имконпазир аст, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ба ноболиғ чунин чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин кардан мумкин аст:

а) огоҳ кардан;

б) ба назорати падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ё мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон супурдан (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

в) ба зимма гузоштани ӯҳдадории барқарор кардани зарари расонидашуда;

г) маҳдуд кардани фароғат ва муқаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.

3) Ба ноболиғ мумкин аст ҳамзамон якчанд чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шавад. Давомнокии мӯҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии таъсиррасонии тарбиявиро, ки дар бандҳои "б" ва "г" қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, мақоми таъиннамудаи ин чораҳо муқаррар менамояд.

4) Дар ҳолати мунтазам аз чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта саркашӣ намудани ноболиғ, он бо дархости мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон бекор карда шуда, мавод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ноболиғ мувофиқи қонун ба мақоми дахлдор фиристода мешавад.

Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон

1) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд бо татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки дар қисми дуюми моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, аз ҷазо озод карда шавад.

2) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд аз ҷазо озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки мақсадҳои ҷазо мумкин аст танҳо бо роҳи ҷойгир кардани ӯ дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатӣ-тарбиявӣ барои ноболиғон ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид мӯҳлати дар муассисаи нишондодашуда нигоҳ доштан аз мӯҳлати ҳадди болоии ҷазо, ки Кодекси мазкур барои ҷинояти содиркардаи ноболиғ пешбинӣ намудааст, зиёд буда наметавонад.

3) Нигоҳ доштани ноболиғ дар муассисаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда нишон додашуда мумкин аст то ба охир расидани мӯҳлате, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ кардааст, қатъ карда шавад, агар тибқи хулосаи мақоми махсуси давлатӣ, ки ислоҳшавиро таъмин менамояд, ноболиғ барои ислоҳшавии худ ба татбиқи минбаъдаи чораи мазкур дигар эҳтиёҷ надошта бошад. Дароз кардани мӯҳлати нигоҳ доштан дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатӣ-тарбиявӣ барои ноболиғон баъди ба охир расидани мӯҳлати пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда танҳо дар мавриди зарурати ба охир расидани тайёрии таҳсилоти умумӣ ё касбӣ роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 91. Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудани ноболиғон

1) Шахсоне, ки дар синну соли ноболиғӣ ҷиноят содир намуда, ба корҳои ислоҳӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, пас аз воқеан адо намудани мӯҳлати зерин метавонанд шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386):

а) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст.

Моддаи 92. Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани ҷазо

1) Ба шахсе, ки барои ҷинояти дар синни то ҳаждаҳсолагӣ содирнамудааш бо маҳрум сохтан аз озодӣ ё бо корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст, қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо нисбати шахси маҳкумшуда дар сурате татбиқ шуданаш мумкин аст, ки агар ӯ бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ё таълим роҳи ислоҳшавиро пеша карда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани қисми мӯҳлати адонашудаи ҷазо дар ҳолати воқеан адо намудани мӯҳлати зерин имконпазир аст, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617):

а) на камтар аз чоряки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз нисфи мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст, инчунин барои ҷинояти қасдона, агар шахс қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад.

4) Ҳангоми бо корҳои ислоҳӣ иваз кардани қисми адонашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ, онҳо дар доираи мӯҳлатҳои барои ин намуди ҷазо муқарраргардида таъин шуда, набояд аз мӯҳлати адонашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ зиёдтар бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

5) Нисбати шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 91 ҳамин Кодекс тадбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

6) Агар шахсе, ки ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаҳои 68 ва 88 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ӯ ҷазо таъин менамояд.

7) Дар мавриди аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ, тартиби пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 93. Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукм

Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукми айбдоркунии дар моддаҳои 75 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳангоми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои мӯҳлати ҷазо озод намудани ноболиғон нисфи он ихтисор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 94. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ

Барои шахсоне, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати дар қисми сеюми моддаи 84 ҳамин Кодекс пешбинигардидаи барҳам додани доғи судӣ ихтисор гардида, мутобиқан баробар аст ба (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):

а) як сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна;

б) се сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 95. Татбиқи муқаррароти ҳамин боб нисбати шахсони аз ҳаждаҳ то бистсола

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

Дар ҳолатҳои истисно, бо дарназардошти кирдори содиршуда ва шахсият, суд метавонад нисбат ба шахсоне, ки дар синни аз ҳаждаҳсолагӣ то бистсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, муқаррароти ҳамин бобро татбиқ намояд, ба ғайр аз дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир кардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)