ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ҲАЙАТИ ТЕХНИКӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ | 1994
Моддаи 264. Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ
1. Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ (минбаъдхизматчии гражданӣ) - шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд.
2. Қабул ба хизмати гражданӣ дар мақомоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Номгӯйи мансабҳои хизматчиёни гражданиро (ҳайати техникӣ ва хизматрасонро) дар мақомоти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
1. Хизматчии гражданӣ ҳуқуқ надорад:
- воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ, дигар молу мулки давлатӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода намояд;
- дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати гражданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансаби монеъ мешавад, иштирок намояд;
- мақоми хизматиашро бо мақсади ба хизмати гражданӣ алоқа надошта истифода намояд;
- маълумоте, ки сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад ва ба ӯ ҳангоми адои хизмати гражданӣ маълум шудааст, фош намояд.
2. Ба хизмати гражданӣ ба мансабе, ки ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва хоҷагӣ алоқаманд мебошад, наметавонад шахсе қабул карда шавад, ки ҷинояти вазнин, махсусан вазнин содир карда, доғи судиаш бардошта нашудааст.
Хизматчии гражданӣ дар асоси аризаи хаттиаш бо мувофиқаи байни роҳбарони ташкилотҳои дахлдор мумкин аст ба дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шавад.
1. Бо мақсади муайян кардани дараҷаи тайёрии касбӣ, сифатҳои кории хизматчии гражданӣ аттестатсия гузаронида мешавад.
2. Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии гражданиро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи дахлдори фаъолият муайян мекунад.
1. Пешравии хизматии хизматчии гражданӣ бо роҳи ба вазифаи баландтар ё ба мақомоти болоӣ гузаронидан таъмин карда мешавад.
2. Ҳуқуқи афзалиятнокро дар пешравии хизматӣ хизматчии граждание дорад, ки дараҷаи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, доимо ба такмили дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии худ машғул мешавад.
1. Хизматчии гражданӣ метавонад ба ташкилоти дахлдори таҳсилотӣ бо мақсади такмили дониш, малакаю маҳорат, гирифтани касб ва ихтисос равон карда шавад.
2. Таҳсил, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчии гражданӣ бо назардошти таҷрибаи илмӣ дар ҳолати бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот (кор) аз ҳисоби воситаҳои корфармо пардохт карда мешаванд.
3. Ба хизматчии гражданӣ, ки такмили ихтисос ё азнавтайёркуниро аз рӯи ихтисоси самти дахлдори фаъолияти хизмати гражданӣ гузаштааст, рухсатии музднок барои таҳсил дода мешавад.
1. Барои бовиҷдонона иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ, сифати баланди иҷрои кор, аз ҷумла корҳои мураккаб ва таъҷилӣ, барои ташаббускорӣ, фаъолияти эҷодӣ ва дигар комёбиҳо дар кор хизматчии гражданӣ ҳавасманд гардонида мешавад:
- пешравӣ дар хизмати гражданӣ;
- ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ.
2. Дар шартномаи коллективӣ метавонанд дигар чораҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ карда шаванд.
Ба хизматчии гражданӣ кафолат ва ҷубронҳои дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида татбиқ мегардад.
Низоми пардохти музди меҳнати хизматчии гражданиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.