ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ | 1994
Моддаи 273. Соҳибкорони инфиродӣ
Соҳибкорони инфиродӣ шахсони воқеие мебошанд, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд.
Соҳибкорони инфиродӣ метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандон ба муҳлатҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, банданд.
Соҳибкорони инфиродӣ мустақилона қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро бо назардошти талаботи Кодекси мазкур тасдиқ менамоянд.
Соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд, реҷаи кории кормандонро муқаррар намоянд, ки ҷалби кормандонро ба кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ мутобиқи Кодекси мазкур пешбинӣ менамояд.
Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ бо мувофиқаи корманд ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ муқаррар мегардад. Корфармо ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми тасдиқи шарти пардохти музди меҳнат яктарафа шартҳои шартномаи меҳнатиро тағйир диҳад.
Ба муносибатҳои меҳнатӣ бо иштироки соҳибкорони инфиродӣ амали созишномаҳо дар ҳолатҳое паҳн мегардад, ки агар корфармо ва кормандон дар ташкилоти муайян барои пешбурди музокира ва имзогузории чунин созишномаҳо муттаҳид бошанд.
Ташкили бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ мумкин аст дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардонида шавад.