ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ РОҲБАР ВА АЪЗОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ КОЛЛЕГИАЛИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ ВА КОРМАНДОНИ БА КОР ТАЪЙИН (ИНТИХОБ) НАМУДАИ МОЛИКИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ, ШАХСИ АЗ ҶОНИБИ ОН ВАКОЛАТДОРКАРДАШУДА (МАҚОМОТ) ВА Ё МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ | 1994
Моддаи 280. Асосҳои ҳуқуқии танзими меҳнати роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ
Муносибатҳои меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсиси ва шартномаи меҳнатӣ ба амал бароварда мешаванд.
1. Шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби молики шахси ҳуқуқӣ ва ё шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ва ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ба муҳлати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё созиши тарафҳо муқарраршуда баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
2. Бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ метавонад расмиёти иловагӣ муқаррар карда шавад, ки ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ мусоидат намояд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ метавонад бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи (мансаби) пардохтшавандаро дар дигар ташкилот танҳо бо розигии мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё молики шахси ҳуқуқӣ ё шахси ваколатдоркардашудаи он ишғол намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
Моддаи 283. Пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ
Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад, на камтар аз ду моҳ пештар ба тариқи хаттӣ молики шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомотӣ) аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқиро огоҳ карда, пеш аз муҳлат шартномаи меҳнатиро қатъ намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
Моддаи 284. Асосҳои иловагӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ
1. Ба истиснои асосҳои бо Кодекси мазкур пешбинишуда қарори молики шахси ҳуқуқӣ ё шахси аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани муносибатҳои меҳнатӣ асосҳои иловагӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
2. Дар ҳолати қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ то ба охир расидани муҳлати амали он ба ӯ ҷубронпулӣ барои пеш аз муҳлат қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳаҷм, шартҳо ва тартиби муайяннамудаи шартномаи меҳнатӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 285. Хусусияти танзими меҳнати аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони аз ҷониби молики шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ӯ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897)
1. Хусусияти танзими меҳнати роҳбари мақомоти иҷроия, ки бо боби мазкур танзим гардидааст, ба дигар аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ низ паҳн мегардад, агар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Хусусияти танзими меҳнати кормандони аз ҷониби молики шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ӯ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда) бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).