ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ ХОНАГӢ | 1994
Моддаи 247. Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ
1. Кормандони хонагӣ шахсоне мебошанд, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо - шахси воқеӣ иҷро менамоянд.
2. Қарор дар бораи ба кор қабул намудан ва ё бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ ва маълумот оид ба кори ӯ дар дафтарчаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ворид карда намешавад.
3. Намудҳои корҳои хонагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Фаъолияти меҳнатии корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Муҳлати огоҳии хаттӣ оид ба бекор (қатъ) кардани шартномаи меҳнатӣ, андозаи ҷуброн ва тартиби пардохти он бо корманди хонагӣ дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.
1. Ба кормандони хонагӣ меъёрҳои давомнокии вақти корӣ ва вақти дамгирӣ, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, паҳн мегарданд.
2. Реҷаи кор, тартиби додани рӯзҳои истироҳат, рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, ба изофакорӣ, кор дар вақти шабона, рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, ҷалб намудани кормандони хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ танзим мешаванд.
Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ нисбати корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ, ки намунаашро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.
Баҳсҳои меҳнатии фардӣ байни корманди хонагӣ ва корфармо бо мувофиқаи тарафҳо ва ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.
Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ дар асоси муқаррароти пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ бо риояи талаботи Кодекси мазкур ба амал бароварда мешавад.