ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ КИ БА КОРҲОИ ВАЗНИН, ЗЕРИЗАМИНӢ ВА ШАРОИТИ МЕҲНАТАШОН ЗАРАРНОК МАШҒУЛАНД | 1994
Моддаи 236. Давомнокии вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд
1. Барои кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, давомнокии вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад.
2. Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо (мансабҳо), номгӯйи корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда ҳуқуқ медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 237. Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд
Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, дар фарқият бо музди меҳнати кормандоне, ки дар корҳои шароити меҳнаташ муқаррарӣ фаъолият менамоянд, бо роҳи баланд бардоштани маоши вазифавӣ ва ё иловапулӣ, вале на кам аз муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои соҳавӣ ва ё шартномаҳои коллективӣ, ки дар асоси андозаи музди меҳнати камтарин пешбинӣ намудаанд, муқаррар карда мешавад.
Ба кормандони ташкилот вобаста ба шароити меҳнат аз ҳисоби маблағҳои корфармо либос ва пойафзоли махсус, дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, моддаҳои шустушӯй ва тамиз, шир, хӯроки табобатию пешгирикунанда дода мешаванд, ки аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам буда наметавонанд.