ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА | 1994
Моддаи 228. Муқаррароти умумӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан
1. Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷойи кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
2. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, ӯ ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 4 моддаи 26 Кодекси мазкур муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зарарноку хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд уҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити меҳнат дар ҷойи кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.
3. Хусусияти дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
1. Дар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд аст, дар ду вазифаи (мансаби) роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.
2. Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнати зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст.
3. Дар ду (якчанд) ҷой ҳамроҳ кор кардани хешовандони наздике, ки дар қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст дар ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд мебошад, манъ аст.
4. Барои гуруҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, инчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнатӣ ё пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
1. Корманд ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.
Моддаи 231. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан заруранд
Барои бо дигар корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан илова ба ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи моддаи 26 Кодекси мазкур корманд маълумотнома дар бораи хусусият ва шароити меҳнати ҷойи кори асосӣ (ҷойи кор, вазифа (мансаб), шароити меҳнат) пешниҳод мекунад.
Давомнокии умумии рӯзи кории ҷойи кори асосӣ ва кори дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз меъёри давомнокии кори ҳамарӯзаи муқарраркардаи моддаи 74 Кодекси мазкур набояд аз 4 соат зиёд бошад.
1. Ба кормандоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан фаъолият менамоянд, рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосиашон дар як вақт пешниҳод карда мешавад.
2. Агар давомнокии рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз давомнокии рухсатии ҷойи кори асосӣ камтар бошад, корфармо бо хоҳиши корманде, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунад фарқияти давомнокии рӯзҳои рухсатиро ба ӯ ҳамчун рухсатии бе музд пешниҳод менамояд.
Бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой коркардан ба кормандони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, кормандоне, ки дар шароитҳои вазнин, зарарнок ва ё хатарноки меҳнат фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 235. Асосҳои иловагии қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бо ташаббуси корфармо
Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, сарфи назар аз асосҳои муқаррарнамудаи моддаи 42 Кодекси мазкур бо ташаббуси корфармо дар ҳолате қатъ карда мешавад, ки агар бо корманд ҳамчун кори асосӣ шартномаи меҳнатӣ баста шавад.