ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ БА СИННИ ҲАЖДАҲ НАРАСИДА | 1994
Моддаи 207. Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ
Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
1. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарноқ, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст.
2. Рӯйхати корҳоро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Аз ҷой ба ҷойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки меъёри муқарраргардидаи кор барои онҳо вазнин мегардад, манъ мебошад.
Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.
Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни ҳаждаҳ расидан ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.
Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад:
- барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола - на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;
- барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;
- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат дар як рӯз.
1. Пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рӯзи кории кӯтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад.
2. Меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида аз рӯи меъёрҳои умумии коркард баробар ба кормандони рӯзи кори кӯтоҳкардашудаи дар моддаи 127 Кодекси мазкур пешбининамуда, муқаррар карда мешаванд.
3. Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор дохил гардидаанд, инчунин аз таълими касбӣ дар истеҳсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард муқаррар карда шавад.
4. Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рӯзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд.
Ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст.
Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.