ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БО КОРҲОИ МАВСИМӢ МАШҒУЛАНД | 1994
МАШҒУЛАНД
Корҳое, ки вобаста ба шароитҳои иқлимӣ ва ё дигар ҳолатҳои табиӣ дар давраи муайян (мавсим), дар муддати на зиёда аз шаш моҳ иҷро карда мешаванд, ҳамчун корҳои мавсимӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
1. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд шартҳо дар бораи бастани шартнома оид ба корҳои мавсимӣ ва муҳлати иҷрои он нишон дода шаванд.
2. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба корҳои мавсимӣ муҳлати санҷишӣ бо мақсади мувофиқати корманд ба корҳои ба ӯ фармудашаванда муқаррар карда намешавад.
Моддаи 241. Асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд
Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд, ғайр аз асосҳое, ки дар моддаи 42 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мумкин аст, бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои зерин бекор карда шаванд:
- боздошта шудани кори корфармо дар муҳлати зиёда аз ду ҳафта бо сабаби хусусияти истеҳсолӣ;
- ба кор ҳозир нашудани корманд пайдарҳам дар муҳлати як моҳ бо сабаби корношоямии муваққатӣ.
1. Корманди мавсимӣ ҳуқуқ дорад, бо ташаббуси худаш ба таври хаттӣ то 7 рӯзи тақвимӣ корфарморо огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бекор кунад.
2. Корфармо уҳдадор аст, ба таври хатти корманди мавсимиро оид ба бекор кардани шартномаи меҳнатӣ дар асоси муқаррароти сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 45 Кодекси мазкур то 7 рӯзи тақвимӣ огоҳ намояд.
3. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ, аз ҷониби корфармо рухсатии истифоданашуда барои корҳои мутаносибан иҷрошуда ҷуброн карда мешавад.
4. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ бо сабаби барҳамхӯрии ташкилот, ихтисори шумора ва ё воҳиди кории кормандон кумакпулии азкорравӣ дар ҳаҷми музди миёнаи меҳнати якмоҳа пардохт карда мешавад.