ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ЗАНОН ВА ДИГАР ШАХСОНИ ДОРОИ УҲДАДОРИҲОИ ОИЛАВӢ | 1994
Моддаи 215. Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ
1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо зани ҳомила, занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ кӯдаки то се сола ё кӯдаки маъюб доранд, роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз ҳатман бо кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Шахсони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхӯрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ёрии ҳатмӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кумакпулиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Корфармо ин шахсонро инчунин дар ҳолати қатъи шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани муҳлати он бояд бо кор таъмин намояд. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи анҷоми муҳлати шартномаи меҳнатӣ, музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
2. Агар зан дар рӯзи ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ дар хусуси зиёда аз дувоздаҳ ҳафта ҳомиладор буданаш хулосаи тиббӣ пешниҳод намояд, корфармо уҳдадор аст муҳлати шартномаи меҳнатиро то рӯзи ба итмом расидани рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидан дароз кунад.
1. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон манъ аст.
2. Рӯйхати корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 217. Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ
1. Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.
2. Корфармо ҳуқуқ надорад шахсони зеринро бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, инчунин ба сафари хизматӣ фиристонад:
- заноне, ки кӯдаки то синни чордаҳ доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кӯдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия мекунанд;
- кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд ё кӯдакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кӯдакони маъюб дар асоси хулосаи тиббӣ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд бошанд.
1. Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кӯдак баъди ҳар се соати кор бо давомнокии зерин танаффус дода мешавад:
- барои як кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз си дақиқа;
- барои ду ё зиёда кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз як соат.
2. Танаффус барои ғизодиҳии кӯдак (кӯдакон) дар асоси аризаи кормандони дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, ба танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок ҳамроҳ карда мешавад ё ин ки дар шакли ҷамъшуда дар аввал ё дар охири рӯзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори вақти корӣ дода мешавад.
3. Танаффус барои ғизодиҳии кӯдак (кӯдакон) ба вақти корӣ дохил карда мешавад ва дар ин давра музди миёнаи меҳнати зан ё дигар намояндаи қонунии кӯдак нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 219. Муқаррар кардани вақти нопурраи корӣ барои занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд
Корфармо уҳдадор аст, дар асоси аризаи зани ҳомила ва дигар шахсони уҳдадориҳои оилавӣ дошта, ки кӯдаки то чордаҳсола ё кӯдаки маъюбро нигоҳубин мекунанд, инчунин ба корманде, ки нигоҳубини аъзои бемори оиларо мутобиқи хулосаи тиббӣ амалӣ менамояд, реҷаи вақти рӯзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд.
Истифодаи ҷамъи ҳисоби вақти корӣ барои занони ҳомила иҷозат дода намешавад, агар давомнокии рӯзи корӣ (басти корӣ) аз ҳашт соат зиёд бошад.
Моддаи 221. Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кӯдаки то як солу шашмоҳа доранд
1. Корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд.
2. То додани кори дигар ба зани ҳомила, ки таъсири омилҳои истеҳсолии номусоидро истисно менамояд, ӯ аз кор бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат барои ҳамаи рӯзҳои кории гузаронидашуда аз ҳисоби корфармо озод карда мешавад.
3. Занони кӯдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пештараи онҳо дода мешавад.
Моддаи 222. Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, ҳангоми муқаррар намудани навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда
1. Пеш аз рухсатӣ барои ҳомила ва таваллуд ё бевосита баъд аз он ё баъд аз тамом шудани рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак бо хоҳипш зан, новобаста аз собиқаи корӣ дар ташкилоти мазкур рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад.
2. Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.
1. Ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кӯдак - яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
2. Ба занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, новобаста аз рӯзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар маҷмӯъ пурра ҳисоб карда, дода мешавад.
1. Баъд аз ба охир расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба як солу шашмоҳагӣ расидани у рухсатӣ дода, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ дода мешавад.
2. Барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидани ӯ рухсатии бемузд бо хоҳиши кормандони зерин дода мешавад:
- бо интихоби падару модар - ба модар ё ки ба падари кӯдак;
- ба падар ё модари танҳое, ки кӯдакро тарбия менамояд;
- бибӣ, бобо, дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;
- ба корманд, ки кӯдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст.
3. Рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба се солагӣ метавонад пурра ё қисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, аз рӯи интихоби ӯ истифода карда шавад.
4. Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кӯдак будан, онҳо метавонанд рӯзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ гиранд.
5. Дар вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидани ӯ ба се солагӣ ба корманд ҷойи кор (мансаб) нигоҳ дошта мешавад.
6. Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рӯи ихтисос дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
7. Корманд уҳдадор аст, як моҳ пеш аз оғози кор корфарморо дар бораи хоҳиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигоҳубини кӯдаки то се сола огоҳ намояд.
1. Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кӯдаки то сесола ё кӯдаки маъюб доранд, корфармо уҳдадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.
2. Корфармо уҳдадор аст, занонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.
Ба кормандоне, ки кӯдакони навзодро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кӯдаки навзод - яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак барояшон рухсатӣ дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то расидан ба як солу шашмоҳагӣ ва сесолагӣ нигоҳубин кардани кӯдакашон (моддаи 224 Кодекси мазкур) рухсатӣ дода мешавад.
Кафолат ва имтиёзҳои зани кӯдакдор ба падароне, ки кӯдакро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), инчунин ба васии (парастори) ноболиғон татбиқ мешаванд.