متاسفانه قانون پیدا نشد
ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СУДЯҲО, ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ, КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ДИПЛОМАТӢ, ИНЧУНИН ДИГАР КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӣ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ | 1994
Моддаи 286. Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ
Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатиро Кодекси мазкур бо хусусиятҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарт ва тартиби махсуси дохил шудан ба хизмат, адои хизмат ва қатъи он, шароити махсуси меҳнат, пардохти музди меҳнат, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва маҳдудиятро муқаррар намудаанд, танзим мекунанд.
Меҳнати шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ мебошанд, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шароитҳои махсус ва тартиби дохил шудан ба хизмат, адои он ва қатъи хизмат, шароитҳои махсуси меҳнат, шартҳои пардохти музд, рухсатиҳо, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва маҳдудиятҳои иловагиро муқаррар мекунанд, танзим менамоянд.
Хусусияти меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897)
Барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар самти кор бо ноболиғон қабули шахсони зерин манъ аст, агар:
- ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир карда бошанд;
- барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин доғи судӣ дошта бошанд;
- гирифтори бемориҳое бошанд, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).