ФАРЗАНДХОНДӢ | 1994

Моддаи 125. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст

(ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

  1. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд.
  2. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.
  3. Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 126. Тартиби  ба фарзандхондӣ қабул кардан

 

  1. Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.

Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокуратура баррасӣ мегардад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои  ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза  медиҳанд.
  2. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгӯи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. 5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.

Фарзандхонд шудани  кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома  иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.

 

Моддаи 1261. Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак

(ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

  1. Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзандхондии кўдак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кўдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кўдакро доранд, манъ мебошад.
  2. Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
  3. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд

 

  1. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:

- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;

- шахсоне,ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона  доғи судӣ доранд;

- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст; (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон  маҳдуд эътироф намудааст;

- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш  маҳдуд эътироф намудааст;

- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи  падару модарро маҳдуд кардааст;

- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;

- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;

- шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад  кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

  1. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқна мегардад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан  ба фарзандхондӣ қабул кунанд.

 

Моддаи 128. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда

 

  1. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз шонздаҳ  сол кам набошад.
  2. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.

 

Моддаи 129. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кӯдак

 

  1. Барои фарзандхондии кӯдак розигии падару модари кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки падару модари ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии  мақоми васояту парасторӣ  зарур аст.

Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи наториалии давлатй ё маъмурияти муассисае, ки кӯдаки бе парастории падару модар монда  дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад ё маҳалли истиқомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён  карда шавад. 

  1. Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.
  2. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхондӣ  қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад.

 

Моддаи 130. Фарзандхондии кӯдак  бе розигии падару модар

 

Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак  талаб карда намешавад, агар:

- онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;

-   суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;

-  суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин Кодекс);

-  бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз  шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.

 

Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхондӣ

 

  1. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.

Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори  тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.

  1. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.

 

Моддаи 132. Фикри кӯдаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшавӣ

 

  1. Барои фарзандхондӣ намудани кӯдаке, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри ӯ лозим аст.
  2. Агар кӯдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси ӯро ба фарзандхондӣ гиранда зиндагӣ карда, ӯро падар ё модари  худ шуморад, фарзандхондӣ метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат  гирад.

 

Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кӯдакро ба  фарзандхондӣ  мегирад

 

  1. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
  2. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхондӣ зарур нест.

 

Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда

 

  1. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад.
  2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кӯдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси зан бошад ба кӯдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан ӯро ба сифати падари кӯдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кӯдаки ба фарзандхондӣ гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс насаб дода мешавад.
  3. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши ӯ насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
  4. Тағйир додани насаб, ном ва номи падари кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.
  5. Дар бораи тағйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.

 

Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда

 

  1. Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд.

Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхондкардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳиҷозатдода мешавад.

  1. Оид ба тағйирдодани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад.

(ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда

 

  1. Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
  2. Барои чунин сабт нисбати кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кӯдак зарур аст.
  3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ нишон дода мешавад.

 

Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак

 

  1. Кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулкиӣ ва ғайримолумулкии шахсӣ аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд.
  2. Кӯдакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайримолумулкӣ ва молумулкии шахсиро аз даст дода, аз ӯҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд.
  3. Ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ғаримолу мулкиӣ ва молумулкии шахсӣ ва ӯҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хоҳиши падар нигоҳ  дошта шуда метавонад.
  4. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кӯдак) ҳуқуқу ӯҳдадорӣ нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Ҳуқуқи падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кӯдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
  5. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кӯдаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.
  6. Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кӯдак фаро мерасад.

 

Моддаи 138. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ

 

Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.

 

Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кӯдак

 

  1. Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад. Судьяҳое, ки дар бораи фарзандхондӣ ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анҷом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхондӣ огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро нигоҳ доранд.
  2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кӯдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 140. Бекор кардани  фарзандхондии  кӯдак

 

  1. Фарзандхондии кӯдак ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
  2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мешавад.
  3. Фарзандхондӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак қатъ мегардад.

Суд вазифадор аст дар давоми се рӯзи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кӯдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ фиристад.

 

Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кӯдак

 

  1. Фарзандхондии кӯдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ  сӯиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд.
  2. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кӯдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар низ бекор кунад.

 

Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор  кардани фарзандхондии кӯдакро доранд

 

Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда,  ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин  прокурор  доро мебошанд.

 

Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии  кӯдак

 

  1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни кӯдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад.
  2. Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кӯдак бо ҳалномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кӯдак хилофи манфиати ӯ бошад, кӯдак барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад.
  3. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кӯдакро, ки бо сабаби фарзандхондӣ ба ӯ дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.
  4. Суд бо назардошти манфиати кӯдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро ӯҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кӯдак маблағ пардозанд.

 

Моддаи 144. Номумкинии  бекор  кардани  фарзандхондӣ баъди ба ба балоғат расидани  кӯдаки фарзандхондшуда

 

Бекор кардани фарзандхондии кӯдак мумкин нест, агар кӯдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби   бекор кардани фарзандхондӣ ба балоғат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркунӣ розигии байни шахси  фарзандхондкарда ва кӯдаки фарзандхондшуда, инчунин падару модари ӯ, агар  онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф накарда бошад.

 

Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак

 

Фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

- ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;

- фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;

- шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;

-  фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили  амалаш  маҳдуд эътироф карда бошад;

- шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;

- шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз ӯҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;

- фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;

- шахсоне, ки бинобар  вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро  амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор  диҳад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии  кӯдак

 

  1. Фарзандхондии кӯдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ӯ ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондӣ бармеоянд, аз байн  мераванд.
  2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.