УҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҲАРБӢ | 1994
Моддаи 683. Аз рӯйи даъват ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ
1. Барои аз рӯйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784),
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз рӯйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади фиристодан ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 684. Ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод накардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки бояд ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шаванд
1. Барои дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод накардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки бояд ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шаванд, аз тарафи шахси масъуле, ки ба зиммаи ӯ ин масъулият вогузор шудааст,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 685. Ба кор қабул кардани ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки ба қайди ҳарбӣ гирифта нашудаанд
1. Барои ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки дар ҷойи истиқоматашон ба қайди ҳарбӣ гирифта нашудаанд ва аз тарафи корфармо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба кор қабул карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477),
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 686. Хабардор накардани ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ дар хусуси даъват шудан ба комиссариати ҳарбӣ
1. Барои ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватиро дар хусуси даъват шуданашон ба комиссариати ҳарбӣ хабардор накардани роҳбарон ё дигар шахсони мансабдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ки ба кори баҳисобгирии ҳарбӣ масъуланд ё мамониат кардан барои саривақт ҳозиршавии онҳо ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ, омӯзиш ё маҳалли даъват (Қоуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 25.06.2021 № 1784),
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 687. Саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии ҳарбӣ ба ӯҳдадороии ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ заруранд
1. Барои саривақт ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод накардани дафтари ҳавлӣ, варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ) ӯҳдадорони ҳарбӣ ва шаҳрвандони синни даъватӣ барои ба қайди ҳарбӣ гирифтан ё баровардан аз қайди ҳарбӣ,
ба андозаи аз чор то шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз шаш то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз ҷониби шахсони мансабдори комиссияи ташхисии тиббию меҳнатӣ ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи ҳамаи ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватии маъюб эътирофшуда (сарфи назар аз гурӯҳи маъюбиашон) пешниҳод нагардидани маълумот,
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод накардани маълумот дар бораи тағйир ёфтани насаб, ном, номи падари ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи санаю ҷойи таваллуди онҳо, инчунин доир ба ҳолати қайди вафоти ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ,
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани қоидаҳои баҳисобгирии ҳарбии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саривақт ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи тағйир ёфтани ҷойи истиқомат, кор ё вазифа хабар надодани ӯҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ,
огоҳӣ дода ё ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз шаш то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои қасдан нобуд кардани ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи қайди ибтидоии ҳарбӣ),
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои қайди ҳарби (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи қайди ибтидоии ҳарбӣ),
ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои тибқи даъват аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани даъватшаванда,
ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 691(1) Саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784)
Барои қасдан саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1784, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980)