УСУЛҲОИ ТАЪМИНИ ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗӢ | 1994

  Моддаи 136. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ
1. Иҷрои уҳдадории андозии батаъхирафтодаи андозсупоранда бо усулҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) кафолати бонкӣ;
2) замонат;
3) боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ;
4) ҳисобкунии фоизҳо ба маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва пардохтҳо ба буҷет;
5) маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда;
6) ҳабси молу мулки андозсупоранда;
7) ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда;
8) ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда;
9) ситонидани қарзи андозӣ аз ҳисоби маблағҳои нақдии андозсупоранда.
2. Ҳабси молу мулк ва боздоштани амалиётҳои суратҳисоб дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба сифати чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупоранда дар асоси аризаи ӯ, метавонанд бо чораҳои зерин иваз карда шаванд:
1) пешниҳоди кафолати бонкӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 138 Кодекси мазкур ба расмият дароварда шудааст;
2) ба гарав гузоштани коғазҳои қиматнок, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок гардиш доранд;
3) замонати шахси сеюм, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 137 Кодекси мазкур ба расмият дароварда шудааст.
3. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани кафолати бонкӣ, мақомоти андоз ҳуқуқ надорад, ки дархости андозсупорандаро оид ба иваз намудани чораҳои таъмини дар ҳамин модда пешбинишуда рад намояд.
4. Агар андозсупоранда қарзи андозро дар давоми 20 рӯзи корӣ пас аз гирифтани огоҳинома оид ба пардохти андоз пардохт накарда бошад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад нисбат ба андозсупоранда усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии муқаррарнамудаи бандҳои 3) ва 5) - 9) қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, истифода намояд.
5. Қарорҳои тибқи бандҳои 3) ва 5) - 9) қисми 1 ҳамин модда қабулшуда бо назардошти ҳолатҳои зерин бекор карда мешаванд:
1) аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф шудани андозсупоранда;
2) дар асоси ҳалномаи суд пурра қонеъ гардидани шикояти андозсупоранда оид ба натиҷаи санади санҷишӣ;
3) аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии молиявӣ;
4) бартараф гардидани ҳолатҳое, ки боиси амалисозии усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ гардидаанд.
6. Дар ҳолати ба имзо расонидани созишнома дар бораи батаъхиргузорӣ ва пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда, истифодаи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии пешбининамудаи бандҳои 3), 5) - 9) қисми 1 моддаи мазкур муваққатан боздошта мешавад.
7. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти андоз бо кафолати бонкӣ ва замонат иваз намудани чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии андозсупоранда, амали чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардида, бекор ё муваққатан боздошта мешавад.
8. Баъд аз бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи усулҳои маҷбуран ситонидани андозҳо мутобиқи бандҳои 3) ва 5)-9) қисми 1 ҳамин модда шуда буданд, мақомоти андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) санади муқоисавии уҳдадориҳои андозии андозсупоранда бо мақомоти андоз дар муҳлати як рӯзи корӣ қарорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда ҳисобида, дар як вақт ба шахсони дахлдор огоҳинома ирсол менамояд. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии молиявии дахлдор ва андозсупоранда аз рӯзи фиристодашудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз оид ба иҷрои онҳо, иҷрошуда ҳисобида мешаванд.
9. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, тартиб ва шартҳои амалисозии онҳоро боби мазкур ва Тартиби татбиқи усулҳо ва чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия таҳия ва қабул карда мешавад, муқаррар менамояд.
10. Нисбат ба андозҳое, ки бояд дар робита ба интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шаванд, метавонад тадбирҳои дигари таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрук амалӣ карда шаванд.
  Моддаи 137. Замонат
1. Замонат мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бастани шартнома байни мақомоти андоз ва зомин ба расмият дароварда мешавад.
2. Шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони воқеӣ метавонанд зомин бошанд. Нисбат ба як уҳдадории пардохти андоз дар як вақт иштироки якчанд зомин иҷозат дода мешавад.
3. Дар сурати дар муҳлати муқарраршуда маблағи андозҳо ва фоизҳоро пурра пардохт накардани андозсупоранда, зомин дар асоси шартномаи баимзорасонидашуда уҳдадор аст, ки маблағи андози сари вақт пардохт накардаи андозсупорандаро пурра пардохт намояд.
4. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозии бо замонат таъминшуда, андозсупоранда ва зомин барои пардохти андозҳо ҷавобгарии муштарак доранд.
5. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраршуда напардохтан ё нопурра пардохтани қарзи андозии бо замонат таъминшуда, мақомоти андоз дар давоми 5 рӯз аз рӯзи ба охир расидани муҳлати пардохти қарзи андоз аз ҷониби андозсупоранда ба зомин талабнома дар бораи пардохти маблағи андозро мутобиқи шартномаи замонат ирсол менамояд.
6. Агар зомин талабнома оид ба пардохти маблағи андозро мутобиқи шартномаи замонат дар муҳлати муқарраршуда иҷро накунад, мақомоти андоз бо тартиб ва дар муҳлати пешбининамудаи бобҳои 17-18 Кодекси мазкур чораҳо оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозро нисбат ба зомин амалӣ менамояд.
7. Муносибатҳои ҳуқуқие, ки ҳангоми муқаррар намудани замонат ба сифати чораи таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ ба миён меоянд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории гражданӣ танзим карда мешаванд, агар қонунгузории андоз тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
8. Муқаррароти моддаи мазкур ҳамчунин нисбат ба замонат ҳангоми анҷом додани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва боҷҳо татбиқ карда мешаванд.
  Моддаи 138. Кафолати бонкӣ
1. Кафолати бонкӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости андозсупоранда ба расмият дароварда шуда, мутобиқи он ташкилоти қарзии молиявӣ (кафил) маблағи андози андозсупорандаро пурра пардохт менамояд, агар андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда маблағи андозҳо ва фоизҳоро пардохт накунад.
2. Кафолати бонкӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
1) бозхостнашаванда ва ба шахси дигар вогузорнашаванда бошад;
2) набояд дархостҳои дигари мақомоти андоз оид ба иҷрои кафолатномаи бонкии аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ-кафил ва андозсупоранда пешниҳодшударо дар бар гирад;
3) муҳлати амали он набояд пештар аз 6 моҳ аз рӯзи ба охир расидани муҳлати муқарраршуда барои иҷрои уҳдадории пардохти қарзи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда, ки бо кафолати бонкӣ таъмин шудааст, анҷом ёбад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
4) маблағи пурраи уҳдадории андозии андозсупоранда аз ҷумла пардохти андозҳо, ҷарима ва фоизҳоро дар бар гирад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
5) муқаррарот дар бораи аз кафил маҷбуран ситонидани маблағҳоро аз ҷониби мақомоти андоз пешбинӣ намояд, агар кафил дар муҳлати муқарраршуда талабот оид ба пардохти маблағро мутобиқи ин кафолати бонкӣ иҷро накунад.
3. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт накардан ё нопурра пардохт кардани андоз аз ҷониби андозсупоранда, ки иҷрои уҳдадории пардохти андоз бо кафолати бонкӣ таъмин карда шудааст, мақомоти андоз дар давоми 5 рӯз аз рӯзи ба охир расидани муҳлати иҷрои талабот ба кафил талабнома барои пардохт кардани маблағро мутобиқ ба кафолати бонкӣ ирсол менамояд.
4. Кафил уҳдадор аст, ки талабномаи мақомоти андозро оид ба пардохти маблағ дар муҳлати 5 рӯз аз рӯзи гирифтани он тибқи кафолати бонкӣ иҷро намояд. Кафил ҳуқуқ надорад, ки қонеъ гардонидани талабномаи мақомоти андозро оид ба пардохти маблағ мутобиқи кафолатномаи бонкӣ рад намояд.
5. Ситонидани маблағ аз кафил бо тартиб ва дар муҳлатҳои пешбининамудаи моддаҳои 144 ва 148 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад, агар талабномаи мақомоти андоз то ба охир расидани муҳлати кафолати бонкӣ ба кафил фиристода шуда бошад.
6. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда инчунин нисбат ба кафолатҳои бонкӣ, ки иҷрои уҳдадории пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳоро таъмин мекунанд, татбиқ мешаванд.
7. Бо тартиб ва мутобиқи шартҳои муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия уҳдадорӣ оид ба пардохти қарзи андозӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад бо кафолати бонкии ташкилоти қарзии молиявии хориҷии дорои рейтинги баланди агентиҳои рейтингии байналмилалӣ таъмин карда шавад. Чунин кафолати бонкӣ (бонкҳо хориҷӣ) бояд ба талаботи пешбининамудаи бандҳои 1)-4) қисми 2 ҳамин модда ҷавобгӯ бошад.
8. Кафил ҳуқуқ надорад, ки талабномаи мақомоти андозро дар бораи иҷрои уҳдадории бо кафолатномаи бонкӣ таъмингардида рад намояд, агар он дар муҳлати амали чунин кафолатнома пешниҳод гардида бошад.
  Моддаи 139. Фоизҳо
1. Фоизҳо - маблағҳои пулие, ки нисбат ба андозсупоранда ҳангоми аз ҷониби ӯ риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, ки қонунгузории андоз муқаррар намудааст, ҳисоб карда мешаванд.
2. Фоизҳо, новобаста ба маблағи андозҳои пардохтшаванда, амалисозии чораҳои дигар оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин чораҳои ҷавобгарӣ барои вайронкунии қонунгузории андоз, ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд.
3. Фоизҳо барои ҳар рӯзи тақвимии батаъхиргузории иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, шурӯъ аз рӯзи дигари муҳлати пардохти андоз, ки қонунгузории андоз муқаррар кардааст, ҳисоб карда мешаванд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Пешниҳод намудани ариза дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ҳисоб кардани фоизҳоро аз рӯи маблағҳои пардохтшавандаи андоз то лаҳзаи қабули санади дахлдор боз намедорад.
5. Нисбат ба маблағи қарзи андозии андозсупоранда, ки бинобар сабаби татбиқ гардидани чораҳои таъминотӣ дар шакли боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ ва ҳабси воситаҳои пулӣ дар доираи маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ва ё хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда пардохт нагардидааст, фоизҳо ҳисоб карда намешаванд. Дар чунин сурат барои тамоми давраи амали ҳолатҳои зикршуда фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.
6. Фоизҳо барои ҳар рӯзи батаъхиргузорӣ дар ҳаҷми 0,04 фоиз дар ҳолатҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:
1) барои маблағи андози дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохтнашуда;
2) барои маблағи андози барзиёд пардохтшуда мутобиқи талаботи моддаи 117 Кодекси мазкур;
3) барои маблағи андози барзиёд ситонидашудаи андозҳо мутобиқи муқаррароти моддаи 118 Кодекси мазкур.
7. Фоизҳо ба буҷети давлатӣ аз рӯи таъиноти андозҳо пардохт карда мешаванд.
8. Фоизҳо аз ҳисоби маблағҳои пулии суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва молу мулки дигари андозсупоранда мутобиқи бобҳои 17-18 Кодекси мазкур маҷбуран ситонида мешаванд.
9. Маҷбуран ситонидани фоизҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 145-149 ва 152 Кодекси мазкур ва аз шахсони воқеии дигар бо тартиби пешбининамудаи моддаи 151 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
10. Фоизҳо ҳисоб карда намешаванд:
- нисбат ба фоизҳо ва маблағи ҷарима;
- нисбат ба қарзи андозии шахси воқеии вафоткарда дар ҳолати пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фавти ин шахс;
- нисбат ба маблағи қарзи андозии бо қарори суд бедарак ғоиб эътирофшуда - аз санаи қабули чунин қарор то санаи бекор карда шудани он;
- нисбат ба қарзи андозии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки нисбат ба онҳо қарор дар хусуси муфлисшавӣ қабул гардидааст, - аз рӯзи аз ҷониби суд қабул гардидани парванда оид ба муфлисшавӣ;
- нисбат ба қарзи андозӣ аз рӯи як намуди андоз, агар маблағи барзиёд пардохтшуда аз рӯи намудҳои дигар мавҷуд бошад, - аз санаи анҷоми амалиёт;
- нисбат ба маблағи қарзҳои мушкилситон - аз санаи қабули қарор оид ба шомил намудани қарз ба чунин гурӯҳ мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур;
- нисбат ба маблағи қарзи муҳлати пардохташ тибқи қисми 4 моддаи 113 Кодекси мазкур батаъхиргузошташуда ва ё пардохти он ба муҳлатҳо ҷудошуда - аз санаи қабули санади дахлдор.
11. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда нисбат ба агентҳои андоз татбиқ карда мешаванд.
  Моддаи 140. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
1. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ маънои қатъ кардани ҳамаи амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳо, ба истиснои суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, пардохти музди меҳнат, дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда ва андозҳоро дорад.
2. Қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
3. Қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ ва ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ фиристода мешавад.
4. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии ин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) дар мавридҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) ҳангоми пешниҳод нагардидани ҳисоботи молиявӣ ва (ё) андозӣ ба мақомоти андоз дар давоми ду моҳи ҳисоботӣ, мавҷуд будани иттилооти мушаххас оид ба хавфи напардохтани маблағи қарзи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда ё фирори масъулини шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии қарздор аз ҳудуди кишвар, супоридани дороиҳо (маблағҳои пулӣ) ба шахси дигар ё андешидани чораҳои дигаре, ки ба ситонидани андоз монеъ мешаванд, инчунин вокуниш накардани андозсупоранда ба огоҳиномаи мақомоти андоз, аз ҷумла ҳангоми воқеан истифода нагардидани суроғаи расмии ҳуқуқӣ ё пешниҳод накардани маълумот оид ба иваз кардани суроғаи расмӣ;
2) дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда риоя нагардидани талаботи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур.
5. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо риояи пайдарҳамии муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пардохтҳо амалӣ карда мешавад.
  Моддаи 141. Тартиби бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз)
1. Қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо асосҳои зерин бекор карда мешавад:
1) вобаста ба банди 1) қисми 4 моддаи 140 Кодекси мазкур - на дертар аз як рӯзи пас аз рӯзи пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ ва (ё) андозӣ аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз), инчунин на дертар аз санаи аз ҷониби мақомоти андоз эътироф гардидани асоснокӣ вобаста ба набудани андозсупоранда дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ. Барои чунин эътироф гардидан шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ё намояндагони онҳо уҳдадоранд, ки ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ тавзеҳоти заруриро расман (хаттӣ ва ё электронӣ) пешниҳод намоянд;
2) вобаста ба банди 2) қисми 4 моддаи 140 Кодекси мазкур - пас аз як рӯзи дастрасӣ пайдо кардани шахси мансабдори мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳои барои санҷиш зарурӣ ва ба макони амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ.
2. Дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ мавҷуд набудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) дар ҳолате асоснок ҳисобида мешавад, ки агар маълумот дар бораи иваз кардани маҳалли бақайдгирӣ ба мақомоти андози маҳалли қаблии бақайдгирӣ бо сабаби хатоҳои техникӣ ё ҳолатҳои дигари шабеҳ маълум набошад.
3. Мавҷуд набудани филиал ё воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ дар он ҳолат асоснок эътироф карда мешавад, ки ҳангоми барҳам додани филиал ё воҳиди алоҳида ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод нагардида бошад.
4. Қарор дар бораи бекор кардани боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ на дертар аз рӯзи дигари қабули чунин қарор ирсол карда мешавад.
5. Тартиби ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли электронӣ ирсол намудани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи боздоштан ё бекор кардани боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6. Агар мақомоти андоз муҳлати бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) ё муҳлати ирсол намудани чунин қарорро ба ташкилоти қарзии молиявӣ риоя накунад ва ё бархилофи муқаррароти Кодекси мазкур қарор қабул кунад, барои ҳар як рӯзи тақвимии риоя нагардидани муҳлати зикршуда ва амали муҳлати қарори бархилоф қабулшуда аз маблағе, ки нисбат ба он расмиёти боздоштан амал кардааст, ба маблағи нодуруст ситонидашуда аз санаи ба буҷет воридшудан то санаи ба суратҳисоби андозсупоранда баргардонидан ба манфиати андозсупоранда фоизҳо бо меъёри дар ҳамин давра истифодашаванда ҳисоб карда мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо фоизҳои ҳисобшуда барои пӯшонидани уҳдадориҳои андозии минбаъдаи андозсупоранда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  Моддаи 142. Тартиби иҷрои қарорҳо дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ
1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд қарори мақомоти андозро дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо сурҳатисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) иҷро намоянд.
2. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои зарари ба андозсупоранда (агенти андоз) дар натиҷаи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда бо қарори мақомоти андоз расонидашуда, масъул намебошанд.
3. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) аз лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ гирифтани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳо то бекор гардидани қарори мазкур амал мекунад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Ҳангоми ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли электронӣ ирсол гардидани қарори мақомоти андоз дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо сурҳатисобҳои андозсупоранда (агенти андоз), сана ва вақти қабули қарор аз лаҳзаи ба низоми электронии ташкилоти қарзии молиявӣ ворид гардидани он ба ҳисоб меравад.
5. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ки қарори мақомоти андоз ё қарори суд дар бораи боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои андозсупорандаро (агенти андозро) иҷро намоянд, инчунин ҳуқуқ надоранд барои чунин андозсупоранда суратҳисобҳои нав, пасандозҳо (амонатҳо) кушоянд, аз суратҳисоби ӯ пули нақд диҳанд, ба истиснои суратҳисобҳое, ки мутобиқи қонун ситонидани маблағҳо аз онҳо иҷозат дода намешавад. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ки ба мақомоти андоз то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ оид ба бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотии андозсупоранда маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки мутобиқат ба талаботи дар ин фасл истифодагардида ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии молиявиро таҳти санҷиш қарор диҳад.
6. Ташкилоти қарзии молиявӣ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
  Моддаи 143. Маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад ихтиёрдории молу мулки андозсупорандаро (агенти андозро) дар асоси қарор пас аз амалӣ намудани муқаррароти қисми 4 моддаи 140 Кодекси мазкур ва иҷро нагардидани он маҳдуд намояд.
2. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
3. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли хаттӣ ё электронӣ ба мақомоти дахлдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, гарави молу мулк, мақомоти нотариалӣ ва гумрук оид ба манъ намудани амалҳои бегонакунӣ, ба гарав гузоштан ва манъ намудани амалиётҳои содиротӣ бо ин молу мулк ирсол карда мешавад. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) маънои манъ намудани истифодаи чунин молу мулкро аз ҷониби андозсупоранда надорад, ба истиснои амалҳои бегонакунӣ, ба гарав гузоштан ва манъ намудани амалиётҳои содиротӣ бо ин молу мулк.
4. Иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи маҳдуд кардани ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида, ки дорои ваколатҳои барасмиятдарории амалҳои бегонакунӣ, гарав ва амалиётҳои содиротӣ бо ин молу мулк мебошанд, ҳатмист.
5. Мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида барои риоя намудани талаботи моддаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулкро ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ ирсол намояд.
7. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда бо асосҳои дар қисми 1 моддаи 141 Кодекси мазкур зикргардида бекор карда мешавад.
8. Қарор дар бораи бекор намудани маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) ба мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида ва андозсупоранда дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ на дертар аз рӯзи дигари имзо шудани мактуб ё қабули чунин қарор ирсол карда мешавад.
9. Маҳдудкунии ихтиёрдорӣ татбиқ намегардад нисбат ба:
- объектҳои барои саломатӣ ва ҳаёт зарур;
- объектҳои энергетикӣ, гармидиҳӣ ва намудҳои дигари энергия;
- маҳсулоти озуқаворӣ ё ашёи хом, ки муҳлати истеъмол ва (ё) муҳлати нигоҳдории онҳо аз як сол зиёд намебошад;
- молу мулки ба иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташуда ё додашуда, инчунин ба гарав гузошташуда то ба анҷом расидани муҳлати амали шартномаи лизинг ва гарав.
10. Барои мақсадҳои дар сархати якуми қисми 9 моддаи мазкур зикргардида объектҳои барои саломатӣ ва ҳаёт зарур дастгоҳҳои технологӣ ва агрегатҳои ташкилотҳои таъминоти газ, барқ, гармӣ, об ва канализатсия мебошанд, ки маҳдудият гузоштан ба онҳо боиси вайроншавии инфрасохтори муҳандисии маҳалҳои аҳолинишин мегардад.