Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиаи гражданӣ. | 1994
МОЛУ МУЛКИ мудофиаи гражданӣ
(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
Моддаи 22. Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ
Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ба таври зайл сурат мегирад:
-дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии тобеи онҳо-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;
-дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои буҷетии тобеи онҳо-аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор;
-дар дигар ташкилотҳо-аз ҳисоби маблағҳои худи онҳо.
Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ метавонад аз ҳисоби маблағҳои фондҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардад.
Гурӯҳбандии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Таъминоти қӯшунҳо ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда, мақомоти идора ва
муассисаҳои мудофиаи гражданӣ
Қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашудаи мудофиаи гражданӣ, инчунин хизматчиёни мақомоти идора, нуқтаҳои фармондеҳӣ, Маркази таълимию методии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои вилоятӣ ва байниноҳиявии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, лаборатория ва дигар муассисаҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
Мақомоти идора, курсҳо, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, дигар муассисаҳои мудофиаи гражданӣ дар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои вилоятҳо, шаҳрҳо инчунин кормандони ин мақомоту идора ва муассисаҳо ба истиснои хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии он адо менамоянд, мутобиқан аз ҳисоби сметаи хароҷоти нигоҳдории вазорату идораҳо, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои худии ташкилотҳо ҷудо карда мешавад, нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 24. Таъминоти моддию техникии эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ
Таъминоти моддию техникии ҳалли вазифаҳои мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби воситаҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, нигоҳдории қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо, мақомоти идоракунанда ва дигар муассисаҳои мудофиаи гражданӣ ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад.
Барои таъмини мақомоти идора, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, кормандон, хизматчиёни ташкилотҳо ва аҳолӣ бо молу мулки мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, манбаъҳои эҳтиётӣ ва дар ташкилотҳо бошад, захираҳои эҳтиётии ин воситаҳо ташкил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
Номгӯй, ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати ҷамъоварии манбаъҳо ва захираҳои эҳтиётии ин воситаҳо, инчунин тартиби истифодаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 25. Молу мулки мудофиаи гражданӣ
(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
Ба молу мулки мудофиаи гражданӣ иншоотҳои муҳофизатӣ, воситаҳои огоҳкунии мутамарказонидашуда, озмоишгоҳҳо, анборҳои воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, таҷҳизоти тадқиқотӣ, радиатсионию кимиёвӣ, назорати дозиметрӣ ва дигар воситаҳои моддию техникие, ки моликияти ҷумҳуриявӣ ё коммуналии мудофиаи гражданӣ мебошанд, инчунин аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор, маблағҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳо ташкил ё харидорӣ гардидаанд ва ба манфиати мудофиаи гражданӣ истифода мешаванд, дохил мешаванд.
Бо дигар мақсадҳо истифода бурдани молу мулки мудофиаи гражданӣ манъ аст.
Дар иншоотҳои радиатсионӣ, кимиёвии хатарнок ва тарканда, додани молу мулки мудофиаи гражданӣ ҳамчун моликияти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, моликияти коммуналӣ, инчунин ба иҷора додани онҳо манъ аст.
Ба дигар ташкилотҳо додани молу мулки мудофиаи гражданӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар сурати тағйир ёфтани сохтори идора, шакл ва усулҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ташкилотҳои ба дигар сохтор додашаванда ё ба дигар шакли ташкилӣ ва ҳуқуқӣ гузаранда, таъиноти мақсадноки молу мулки мудофиаи гражданӣ инчунин супоришҳо оид ба ташкил ва захираи онҳо нигоҳ медоранд.
(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)