Тайёрӣ ва омӯзиш оид ба мудофиаи гражданӣ | 1994

Моддаи 20. Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорон, ҳайати шахсии қӯшунҳо ва

                       нерӯҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ

 

Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ  ва сардорони мудофиаи гражданӣ чунин амалӣ сохта мешавад:

-дар Маркази таълимӣ-методии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар курсҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятӣ ва байниноҳиявӣ бо озод намудан аз истеҳсолот, нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ва пардохти хароҷоти сафари хизматӣ аз ҷои кори асосӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар ташкилотҳо, ҳар сол бе озод намудан аз истеҳсолот, тибқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Тайёрии ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва сохторҳои наҷотдиҳӣ дар марказҳои таълимӣ , дар маҳалҳои ҷойгиршавии доимӣ, инчунин дар ҷамъомадҳо ва машғулиятҳои гуногун, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо гузаронида мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо баргузор мегарданд.

Тайёрии ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот, мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 21. Омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ

 

Омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор ва истиқомат мувофиқи барномаҳои омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, ки аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ шудаанд ва дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳо, инчунин аз тариқи воситаҳои ахбори умум анҷом дода мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ба омӯзиши мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд.

Омӯзиши кормандоне, ки ба ҳайати нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва хадамоти мудофиаи гражданӣ шомил нагаштаанд, дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот амалӣ карда мешавад.

Омӯзиши хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар вақти таълим, мувофиқи барномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Омӯзиши аҳолии бекор дар ҷои зист бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад