ТРАНЗИТИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 79. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ расмиёти гумрукие мебошад, ки мутобиқи он моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва татбиқи мамнуияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ метавонад байналмилалӣ ё дохилӣ бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Транзити гумрукӣ байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, агар моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ байни ҷойи расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи баровардани он аз ин ҳудуд (агар ин як қисми роҳе бошад, ки берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва хотима меёбад) интиқол дода шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Транзити гумрукӣ дохилӣ ба ҳисоб меравад, агар моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли расидани он то маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумруки таъинот, аз маҳалли ҷойгиршавии моли хориҷӣ ҳангоми декларатсиякунонии он то маҳалли баровардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ва (ё) байни анборҳои гумрукӣ интиқол дода шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Молҳои хориҷии зерин барои интиқол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ ҷойгир карда намешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) моли дар ҳавопаймоҳо ҷойгиршуда, ки он ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ ба таври муваққатӣ ё маҷбурӣ (техникӣ) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе фаровардани чунин мол фуруд омадааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) моле, ки баъди расидан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли расидани молро ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарк накардааст ва аз ин ҳудуди гумрукӣ берун бароварда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) молҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс.
6. Моле, ки тавассути қубур ва хатти барқ интиқол дода мешавад, таҳти расмиёти транзити гумрукии дохилӣ ҷойгир карда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Транзити гумрукии муросилоти байналмилалии почта тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Тартиби барасмиятдарории гумрукии транзити гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 80. Иҷозат барои расмиёти транзити гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Расмиёти транзити гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумруке, ки дар минтақаи фаъолияти он ҳамлу нақли мол мутобиқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ (мақоми гумруки ирсолкунанда) оғоз мегардад, дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук ё дар шакли хаттӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Расмиёти транзити гумрукӣ ба шахсони зерин иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) интиқолдиҳанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) экспедитор, агар ӯ шахси ватанӣ бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) шахсони дар қисми 7 ҳамин модда зикршуда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Расмиёти транзити гумрукӣ ҳангоми риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) транзити он тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) нисбат ба моли воридшаванда дар маҳалли расидани он назорати сарҳадӣ ва дигар намуди назорати давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) нисбат ба мол ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли мол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) нисбат ба мол декларатсияи транзитӣ пешниҳод шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) ҳаммонандсозии мол тибқи моддаи 83 ҳамин Кодекс таъмин шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) воситаи нақлиёт тибқи моддаи 84 ҳамин Кодекс ба таври дахлдор муҷаҳҳаз бошад, дар ҳолате, ки мол таҳти тамға (пломба) ва муҳрҳои гумрукӣ интиқол дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) барои таъмини расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи моддаи 86 ҳамин Кодекс тадбирҳо андешида шуда бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Баъди пешниҳоди мол ба мақоми гумруки ирсолкунанда ва баъди итминон ҳосил намудани ин мақоми гумрук ба риояи шартҳои қисми 3 моддаи мазкур, расмиёти транзити гумрукӣ фавран, вале на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи қабули декларатсияи транзитӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар бораи ба интиқолдиҳанда ё экспедитор иҷозат надодан ба расмиёти транзити гумрукӣ қарор қабул менамояд, агар ин интиқолдиҳанда ё экспедитор якчанд маротиба уҳдадориҳо оид ба интиқоли молро таҳти расмиёти транзити гумрукӣ иҷро накарда бошад ва ин ҳолатҳо бо қарорҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи таъини ҷазои маъмурӣ аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муқаррар шуда бошанд ва агар ҳадди ақал яке аз қарорҳои мазкур иҷро нашуда бошанд ё ин интиқолдиҳанда ё экспедитор уҳдадорӣ оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукиро иҷро накарда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Қарори  мазкур бояд дар давоми 5 рӯзи баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ мутобиқи ҳамин Кодекс бекор карда шавад ва интиқолдиҳанда ё экспедиторе, ки нисбат ба он чунин қарор қабул шудааст, дар муҳлати мазкур ба таври электронӣ ё хаттӣ огоҳ карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Ҳангоми интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ ба маҳалли расонидани мол (моддаи 85 ҳамин Кодекс), ки маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук намебошад, иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба таври истисно ба шахсе дода мешавад, ки тибқи ҳамин Кодекс ба зиммааш нигаҳдории мол ва иҷрои дигар амалиёт бо мол дар маҳалли расонидани мол гузошта шудааст. Дар ин ҳолат шахси мазкур уҳдадорӣ ва масъулияти барои экспедитор муқаррарнамудаи ҳамин бобро бо дар назар доштани ҳолатҳои қисми 5 моддаи 92 ҳамин Кодекс ба зимма дорад(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Агар барои расмиёти транзити гумрукӣ бинобар риоя накардани шартҳои муқаррарнамудаи бандҳои 1)-3) қисми 3 ҳамин модда иҷозат дода нашавад, мақоми гумрук интиқоли молро ба ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ ё дигар ҷойҳое, ки минтақаи назорати гумрукӣ мебошанд, бо шарти мушоияти гумрукии воситаи нақлиёти интиқолдиҳандаи ин мол иҷозат медиҳад.
Моддаи 81. Декларатсияи транзитӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Барои таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ ҷойгир кардани мол ба мақоми гумруки ирсолкунанда декларатсияи транзитӣ ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби декларант ва ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ, ҳавоӣ ё роҳи оҳан аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Декларатсияи транзитӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук пешниҳод карда мешавад. Дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани декларатсияи транзитӣ дар ҳолатҳои корношоямии низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар натиҷаи камбудиҳои техникӣ, халалдоршавӣ дар кори алоқа (шабакаҳои алоқаи барқӣ ва интернет), набудани неруи барқ ва (ё) дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба пешниҳоди декларатсияи транзитӣ дар шакли электронӣ имкон намедиҳанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби пур кардани декларатсияи транзитиро дар шакли электронӣ ва шакли хаттӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Маълумоти пешакии тибқи моддаи 111 ҳамин Кодекс пешниҳодгардида баъди қабули он аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда барои таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ ҷойгир кардани мол ҳамчун декларатсияи транзитӣ истифода бурда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати декларатсияи транзитӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (боркашонӣ), тиҷоратӣ ва (ё) дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии мазкур пешниҳод карда шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Агар ҳуҷҷатҳои мутобиқи қисми 5 ҳамин модда пешниҳодшуда ҳамчун декларатсияи транзитӣ қабул карда шаванд, шахси мансабдори мақоми гумрук дар чунин ҳуҷҷатҳо қайди дахлдор мегузорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 82. Муҳлати транзити гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Муҳлати ниҳоии транзити гумрукӣ, агар интиқол тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан сурат гирад, наметавонад аз муҳлати ба ҳисоби 2000 километр дар як моҳ муайяншуда зиёд бошад ва агар интиқол тавассути нақлиёти ҳавоӣ сурат гирад, ин муҳлат аз рӯзи гирифтани иҷозат барои транзити гумрукӣ набояд аз 3 рӯз зиёд бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар доираи муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда муҳлатҳои мушаххаси транзити гумрукиро вобаста ба муҳлати муқаррарии интиқоли мол, навъи нақлиёт ва хатсайри интиқоли мол муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ҳангоми додани иҷозати транзити гумрукӣ муҳлати транзити гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда тибқи қисми 2 ҳамин модда бо дар назар доштани имкониятҳои воситаи нақлиёт ва дигар шароити ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Бо дархости асосноки интиқолдиҳанда, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ мақоми гумрук муҳлати муқарраргардидаи транзити гумрукиро тибқи қисми 2 ҳамин модда тамдид менамояд. Агар ҳангоми интиқоли мол таҳти расмиёти транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир молро дар муҳлати аввали муқарраргардида расонида натавонад, мақоми гумрук дар асоси дархости асосноки интиқолдиҳанда, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ муҳлати транзити гумрукиро дар доираи муҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 83. Ҳаммонандсозии мол ва ҳуҷҷатҳои он
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми иҷозат додани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ мақоми гумруки ирсолкунанда молро бо мақсади барои мақоми гумруки таъинот имконпазир гардидани ошкорсозии ҳолати гирифтани мол аз воситаи нақлиёт, иловатан бор кардани мол ба воситаи нақлиёт ё нисбат ба мол иҷро кардани дигар амалҳо, ки ҳангоми интиқоли мол мумкин аст содир карда шаванд, ҳаммонанд месозад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Бо мақсади ҳаммонандсозии мол мақоми гумруки ирсолкунанда воситаҳои зеринро истифода менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) гузоштани тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ва муҳрҳо ба нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) тамғагузории рақамӣ, ҳарфӣ ё тамғагузории дигар, гузоштани тамға (пломба) ва муҳрҳо ба ҷойҳои алоҳидаи бор (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) гузоштани штамп (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) гирифтани чошнӣ ва намунаҳо(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) тавсифи мол ва воситаҳои нақлиёт (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) истифодаи нақшаҳо, суратҳои калонҳаҷми таҳияшуда, аксҳо, видеосабтҳо, ороишҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) истифодаи нақшаҳои таҳиянамудаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук, суратҳои калонҳаҷми таҳияшуда, аксҳо, видеосабтҳо, ороишҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) истифодаи воситаҳои ҳаммонандсозии электронӣ, аз ҷумла рамзи вокуниши фаврӣ (QR-рамз) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
9) воситаҳои дигари имкондиҳандаи ҳаммонандсозии мол, инчунин тамғаҳо (пломбаҳо)-и ирсолкунандаи мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мақомоти гумрук тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода мебаранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда нокифоя ё ба мизони муайяннамудаи қисми 1 моддаи 84 ҳамин Кодекс беэътимод ҳисобида шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) мақоми гумруки ирсолкунанда муоинаи гумрукии молро анҷом диҳад.
4. Агар мақомоти гумрук тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода баранд, барои тағйир додан, нест ё нобуд кардан ё хароб намудани ин воситаҳои ҳаммонандсозӣ мамнуиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбат ба воситаҳои ҳаммонандсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Мақомоти гумрук ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ), инчунин ҳуҷҷатҳои тиҷоратии моли дар ихтиёри интиқолдиҳанда бударо барои мақсадҳои гумрукӣ амалӣ менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Барои мақсадҳои ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳо мақомоти гумрук воситаҳои зеринро истифода менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) гузоштани муҳр ва штамп дар ҳуҷҷатҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) гузоштани воситаҳои махсуси часпанда ва махсуси ҳимоятӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ зарурӣ дар қисматҳои боргузории воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ё бордонҳои ҷудошаванда, ки ба онҳо тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ гузошта мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) гузоштани ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ зарурӣ дар сейф-лифофаҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Бо мақсади ҳаммонандсозии мол ҳангоми расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои гумрукӣ, аз ҷумла дар декларатсияи транзитӣ, рамзи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рамзгузории электронии мол нишон дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Тағйир додан, гирифтан, несту нобуд сохтан ё иваз кардани воситаҳои ҳаммонандсозӣ бе иҷозати мақоми гумрук манъ аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Тартиби истифодабарӣ, тағйир додан, гирифтан, иваз кардани воситаҳои ҳаммонандсозӣ ва талабот нисбат ба онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 84. Талабот нисбат ба сохт ва дараҷаи муҷаҳҳазии воситаи нақлиёт, контейнер ва бордони ҷудошаванда барои гузоштани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда барои интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба)-и гумрукӣ, аз ҷумла тамға (пломба)-и электронӣ бо шарте иҷозат дода мешаванд, ки ин воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда чунон сохта ва муҷаҳҳаз шуда бошад, ки (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) гузоштани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ба таври одӣ, эътимодбахш ва мустақиман ба воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда имконпазир бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) гирифтан ё иловатан бор кардани мол аз/ба қисми тамғашуда (пломбашуда)-и бордони воситаи нақлиёт бидуни боқӣ гузоштани пайҳои назарраси кушодани бордони воситаи нақлиёт ё хароб кардани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ғайриимкон бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) воситаи нақлиёт ва бордони он барои пинҳон намудани мол ҷойҳои махфӣ надошта бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) ҳамаи ҷойҳое, ки ҷойгир кардани мол дар онҳо имконпазир аст, барои азназаргузаронии гумрукӣ дастрас бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Талаботи муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда риоягардида ҳисобида мешаванд, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ҷавобгӯйи талаботи техникии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мақоми гумруки ирсолкунанда воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошавандаро барои интиқол додани мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ дар рӯзи муроҷиати шахси манфиатдор иҷозат медиҳад, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда қаблан барои интиқол додани мол бо истифодаи тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ иҷозат нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Мувофиқати воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида метавонад пешакӣ, бо роҳи дастрас кардани гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ бо тартиби зайл дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) инфиродӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) вобаста ба навъи сохтор (силсила)-и воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дар муҳлати на дертар аз 5 рӯз аз рӯзи гирифтани аризаи мазкур дода мешавад. Гувоҳномаи мазкур то лаҳзаи дар конструксияи воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба вуҷуд омадани тағйирот эътибор дорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи соҳибии воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда эътибори худро нигоҳ медорад. Шакли гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда барои интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ва тартиби додани он аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
8. Мақомоти гумрук пешакӣ иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошавандаро барои интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои зерин, талаб наменамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) агар интиқоли мол аз ҷониби боркашони гумрукӣ анҷом дода шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) иҷозати пешакӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 85. Маҳалли расонидани мол ҳангоми транзити гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ маҳалли расонидани молро интиқолдиҳанда, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ дар декларатсияи транзитӣ муайян менамояд. Маҳалли расонидани мол минтақаи назорати гумрукӣ мебошад, ки дар минтақаи фаъолияти мақоми гумруки таъинот ҷойгир шудааст. Дар ин ҳолат моли интиқолшаванда аз маҳалли расиданаш (моддаи 69 ҳамин Кодекс) ба маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук (моддаи 464 ҳамин Кодекс) расонида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Дар сурати тағйир ёфтани маҳалли таъинот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ҳангоми транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук бо дархости тағйир додани маҳалли расонидани мол муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат интиқолдиҳанда метавонад ба ҳама гуна мақоми гумруке, ки дар хатсайри он мавҷуд аст, бо ариза, ки дар шакли озод таҳия шудааст, дар бораи тағйир додани маҳалли таъинот муроҷиат намояд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тағйир додани маҳалли таъинот, инчунин ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 92 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Қарор дар бораи тағйир додани маҳалли расонидани мол аз ҷониби мақоми гумрук дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қабул карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 86. Тадбирҳои расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба маҳалли таъинот ҳангоми транзити гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Барои расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба маҳалли таъинот яке аз тадбирҳои зерин андешида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи боби 46 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) мушоияти гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) тадбирҳои дигари пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти транзити гумрукӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ муқаррароти қисми 1 ҳамин модда татбиқ намегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 87. Хатсайри интиқоли мол ҳангоми транзити гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Хатсайри интиқоли мол ҳангоми транзити гумрукӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда тибқи хатсайрҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад. Риояи хатсайри интихобнамудаи интиқолдиҳанда ҳангоми интиқоли мол барои ӯ ҳатмӣ мебошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Хатсайри интиқоли молҳое, ки нисбат ба онҳо ҳангоми интиқол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зуд-зуд вайрон гардидани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ё нисбат ба онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуият ва маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд, аз ҷониби мақомоти гумрук муайян карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Тағйир додани хатсайр бо иҷозати мақоми гумрук сурат мегирад.
Моддаи 88. Ҷавобгарии интиқолдиҳанда ва экспедитор ҳангоми транзити гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми нарасонидани моли хориҷӣ ба мақоми гумруки таъинот интиқолдиҳанда ё экспедитор, агар барои расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ экспедитор иҷозат гирифта бошад, уҳдадор аст боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳоро тибқи талаботи ҳамин Кодекс ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт кунанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Агар молро интиқолдиҳанда ба қабулкунанда ё шахси дигар бе иҷозати мақоми гумрук дода бошад, шахсе, ки ин молро ба соҳибӣ гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад, агар муқаррар карда шавад, ки ҳангоми гирифтани чунин мол ин шахс дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ буд ё бояд огоҳ мебуд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Интиқолдиҳанда ва экспедитор барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул намебошанд, агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё коҳиши табиӣ дар шароити муқаррарии интиқол (борбарӣ) нобуд ё бебозгашт талаф шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд ба интиқолдиҳанда ё экспедитор дар асоси он, ки интиқол тавассути хатсайри муайяншуда сурат нагирифтааст ё муҳлати муайяншудаи транзити гумрукӣ риоя нашудааст, оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз талабот пешниҳод намоянд, агар шартҳо ва талаботи дигари муайянкардаи ҳамин боб иҷро шуда бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Агар ҳангоми транзити гумрукӣ мол аз як воситаи нақлиёт ба дигар воситаи нақлиёт аз нав бор карда шавад, масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зимаи интиқолдиҳанда ё экспедиторе хоҳад буд, ки интиқоли молро то маҳалли расонидани он идома медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти роҳи оҳан мутобиқи транзити гумрукӣ масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зиммаи роҳи оҳан, ки молро талаф кардааст ё онро бе иҷозати мақоми гумрук додааст, гузошта мешавад. Мақомоти гумрук талабот оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба роҳи оҳани таъинот пешниҳод менамоянд. Муқаррароти ҳамин қисм татбиқ намегарданд, агар иҷозати транзити гумрукӣ ба экспедитор дода шуда бошад ё интиқоли мол тибқи муросилоти мустақими омехта ба интиқолдиҳандаи навъи дигари нақлиёт дода шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 89. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт нисбат ба мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт бо мол, ки тибқи транзити гумрукӣ интиқол дода мешавад, бо иҷозати мақоми гумруке, ки дар минтақаи фаъолияти он амалиёти дахлдор бо мол амалӣ мегардад, анҷом дода мешавад. Агар азнавборкунии мол аз як воситаи нақлиёт ба дигар воситаи нақлиёт бе вайрон кардани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ имконпазир бошад, чунин азнавборкунӣ баъди пешакӣ огоҳ намудани мақоми гумруке, ки дар минтақаи фаъолияти он нисбат ба мол ин амалиёт амалӣ мегардад, иҷозат дода мешавад. Тартиби огоҳ намуданро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақоми гумрук амалиёти азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт бо молро танҳо дар ҳолате иҷозат намедиҳад, ки агар амалисозии онҳо боиси нобудшавии мол ё тағйирёбии хусусияти он гардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 90. Уҳдадориҳои интиқолдиҳанда ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) дар муҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук мол ва ҳуҷҷатҳои онро тибқи хатсайри муайяншуда ба маҳалли молрасонӣ расонад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) ҳифзи мол, тамға (пломба)-и гумрукӣ, муҳр ва дигар воситаҳои ҳаммонандсозиро, агар онҳо истифода шуда бошанд, таъмин намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) бе иҷозати мақомоти гумрук азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиётро бо мол анҷом надиҳад, ба истиснои азнавборкунии бор ба дигар воситаи нақлиёт, ки дар қисми 1 моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 91. Тадбирҳои андешидашаванда ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир, ки монеи интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт ҳангоми транзити гумрукӣ мегарданд
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир интиқолдиҳанда уҳдадор аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) барои таъмини ҳифзи мол ва воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳои заруриро андешад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) дар бораи ҳодисаи рухдода ба мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мақоми гумруки наздиктаринро огоҳ созад. Мақоми гумруки огоҳиёфта уҳдадор аст, бетаъхир мақоми гумруки ирсолкунанда ва таъинотро хабар диҳад, инчунин дар бораи имконияти интиқоли минбаъдаи мол бо риояи расмиёти транзити гумрукӣ қарор қабул кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳандаро вобаста ба андешидани тадбирҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҷуброн намекунанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 92. Анҷом ва қатъи амали расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Мақоми гумруке, ки ба он мол расонида мешавад (мақоми гумруки таъинот), бо расидани воситаи нақлиёт ба маҳалли молрасонӣ ҳолати мазкурро тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук фавран тасдиқ менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мол дар минтақаи назорати гумрукии дар маҳалли молрасонӣ ҷойгирбуда то анҷоми расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ, аз ҷумла бе фаровардани мол аз воситаи нақлиёт ҷойгир карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ҷойгиркунии воситаи нақлиёт ва мол дар минтақаи назорати гумрукӣ дар ҳар вақту соат иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Барои анҷом додани амали расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст, ки ба мақоми гумруки таъинот мол ва ҳуҷҷатҳои онро дар муҳлати зерин пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти автомобилӣ дар давоми 1 соат аз лаҳзаи расонидани мол ба маҳалли молрасонӣ ва ҳангоми берун аз вақти кории мақоми гумруки таъинот расонидани мол, дар давоми 1 соат аз лаҳзаи оғози вақти кории ин мақоми гумрук (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти ҳавоӣ ё роҳи оҳан, дар муҳлати муқаррарнамудаи нақша (ҷадвал)-и технологии фурудгоҳ ё истгоҳи роҳи оҳан, вале муҳлати мазкур наметавонад аз 12 соат аз лаҳзаи расонидани мол ба маҳалли молрасонӣ зиёд бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Ҳангоми интиқоли мол ба маҳалли молрасонӣ, ки маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук (қисми 7 моддаи 80 ҳамин Кодекс) намебошад, транзити дохилии гумрукӣ метавонад бе пешниҳоди мол ба мақоми гумруки таъинот хотима ёбад. Шахси барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозатгирифта уҳдадор аст молро барои нигаҳдорӣ қабул намуда, ба иҷрои амале, ки боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайроншавии бастабандии он мегардад, инчунин ба истифода ва ихтиёрдории мол то лаҳзаи аз ҷониби мақоми гумрук тасдиқ ёфтани расонидани мол ба анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анбори гумрукӣ ё ҷойи дигар, ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб чун ҷойи молрасонӣ муайян шудааст, роҳ надиҳад. Зимнан, мол бояд дар бинои алоҳида ё дар ҳудуди иҳоташуда ҷой дода шуда, бо лавҳаи дорои иттилооте, ки ҳаммонандсозии онро имконпазир мегардонад, таъмин карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Мақоми гумруки таъинот дар давоми 1 соат аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида қабули онҳоро тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд мегирад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Мақоми гумруки таъинот амали расмиёти гумрукии транзити гумрукиро дар муҳлати кӯтоҳтарини имконпазир, вале на дертар аз 3 соати вақти кории мақоми гумрук аз лаҳзаи бақайдгирии қабули ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида ба анҷом мерасонад ва агар қабули ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида дар муҳлати камтар аз 3 соат то ба охир расидани вақти кории мақоми гумруки таъинот ба қайд гирифта шуда бошад, ин мақоми гумрук амали расмиёти гумрукии транзити гумрукиро дар давоми 3 соат аз лаҳзаи оғози вақти корӣ ба анҷом мерасонад. Ҳамзамон ба давомнокии ин 3 соат давомнокии муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, ки то ба охир расидани вақти кории мақоми гумруки таъинот сипарӣ гардида буд, ба инобат гирифта мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Агар мақоми гумруки таъинот дар бораи гузаронидани муоинаи гумрукӣ қарор қабул намояд, муҳлати анҷом додани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ метавонад ба муҳлати барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ зарурӣ тамдид карда шавад, вале ин муҳлат наметавонад аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида бештар бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Транзити гумрукии байналмилалӣ бо баровардани моли транзитӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад. Ҳангоми баровардани моли транзитӣ бо маҷмуи алоҳида транзити байналмилалии гумрукӣ баъди баровардани маҷмуи охирини мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта ба ҳисоб меравад. Транзити байналмилалии гумрукӣ дар сурати риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонад бо ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии дигар анҷом ёбад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
10. Амали шахсони мансабдори мақомоти гумрук оид ба анҷом додани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ бо истифодаи низоми иттилоотии мақомоти гумрук ё дар ҳолатҳои декларатсиякунонии хаттӣ, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, бо роҳи гузоштани қайди дахлдор дар декларатсияи транзитӣ ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун декларатсияи транзитӣ истифода мешаванд, ба расмият дароварда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
11. Баъд аз анҷоми транзити дохилии гумрукӣ мол дар минтақаи назорати гумрукии дар маҳалли молрасонӣ ҷойгирбуда, аз ҷумла бе фаровардани мол аз воситаи нақлиёт ҷойгир карда мешавад. Мақоми гумруки таъинот баҳисобгирӣ ва назорати гумрукии молро дар маҳалли молрасонӣ таъмин менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
12. Новобаста ба шакли моликият ташкилоте, ки иншоот, биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушоди маҳалли молрасонӣ таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ ё иҷораи он қарор доранд, уҳдадор аст баровардани молро аз ҳудуди ин иншоот, биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушод бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ роҳ надиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
13. На дертар аз рӯзи дигари корӣ аз лаҳзаи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ мол бо пешниҳоди декларатсияи мухтасар аз ҷониби декларант дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад, агар мол дар ин муҳлат таҳти низоми гумрукии муайян ҷойгир карда нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
14. Дар ҳолатҳое, ки агар моли таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ интиқолшаванда дар натиҷаи садама, ҳодисаи рафънопазир ё талафи табиӣ пурра нобуд гардад, амали расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қатъ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).