ТАҲВИЛИ НАЗОРАТШАВАНДАИ МОЛИ АЗ САРҲАДИ ГУМРУКӢ ИНТИҚОЛШАВАНДА | 1994

Моддаи 507. Хусусиятҳои таҳвили назоратшавандаи моле, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешавад
1. Таҳвили назоратшавандаи моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯие мебошад, ки ҳангоми он бо огоҳонӣ ва таҳти назорати мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ин ҳудуд ё ҳамлу нақли моли воридшуда дар ин ҳудуд иҷозат дода мешавад (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 693, аз 30.05.2017 № 1421).
Ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ таҳвили назоратшаванда бо мақсади огоҳ намудан, ошкор кардан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии мол истифода бурда мешавад.
Мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳвили назоратшавандаи молро бо мувофиқаи мақомоти гумрук мегузаронанд. Тартиби чунин мувофиқанамои тибқи созишномаи байни мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти дахлдори давлатии анҷомдиҳандаи амалиёти оперативию ҷустуҷӯи муайян карда мешавад (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 693).
2. Ҳангоми қабули қарор оид ба анҷомдиҳии таҳвили назоратшавандаи моли аз ҳудудии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартнома бо мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад ва роҳбари мақомоти анҷомдиҳандаи таҳвили назоратшаванда прокурорро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарори қабулгардида фавран хабардор месозад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 508. Ситонидан ва ё иваз намудани моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда ҳангоми анҷомдиҳии таҳвили назоратшаванда
Ҳангоми таҳвили назоратшавандаи моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, ки фурӯши озоди онҳо манъ аст ё муомилоти онҳо бо иҷозати махсус мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат дода шудааст, ин мол метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман ситонида ё иваз карда шавад. Моле, ки ба саломатии одамон, муҳити табиии зист хатарнок ё барои тайёр кардани яроқи қатли ом ҳамчун замина истифода шуда метавонад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда мешавад.