ТАЪМИНИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ | 1994

Моддаи 349. Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат
1. Талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қоида, расмиёт ва талаботҳои ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равонашударо муқаррар мекунанд.
2. Иҷрои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизот, таҳияи раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад.
3. Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.
Моддаи 350. Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ тайёрии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати фаъолият дар хадамоти ҳифзи меҳнат таъмин менамояд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд омӯзиши курси «Ҳифзи меҳнат»-ро барои таълимгирандагон ва донишҷӯён бо назардошти хусусиятҳои истеҳсолии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ташкил намоянд.
3. Иҷозати кор додан ба шахсоне, ки тайёрии зарурии касбӣ надоранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз таълим ва аттестатсия оид ба ҳифзи меҳнат нагузаштаанд, манъ аст.
4. Маъмурияти ташкилот уҳдадор аст, ки оид ба ҳифзи меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон низоми омӯзиши мунтазамро ташкил намояд.
5. Роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.
Моддаи 351. Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон
Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 352. Мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат
1. Лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, инчунин мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ба талаботи ҳифзи меҳнат бояд мутобиқ бошанд.
2. Сохтмон, таҷдид, азнавҷиҳозонии техникии иншооти истеҳсолӣ, истеҳсол ва татбиқи техника ва технологияи нав бе хулосаи ташхиси давлатии шароити меҳнат дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда ба талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин бе иҷозати мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат манъ аст.
3. Иншооти нав ё таҷдидшавандаи истеҳсолӣ бе хулосаи мақомоти дахлдори назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат наметавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
4. Дар истеҳсолот истифода бурдани моддаҳои хатарнок ё зарарнок, мавод, маҳсулот, мол ва хизматрасониҳое, ки барои онҳо усулҳо ва воситаҳои назорати метрологӣ таҳия нагардидаанд ва баҳодии токсикологии (санитарию гигиенӣ ва тиббию биологӣ) онҳо гузаронида нашудаанд, манъ аст.
5. Дар ҳолати истифодаи моддаҳои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зарарнок, корфармо уҳдадор аст, ки то истифодаи моддаҳои мазкур оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон тадбирҳо андешад ва онҳоро бо мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқа кунад.
6. Мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, воситаҳои нақлиёт, равандҳои технологӣ, мавод ва ашёи кимиёвӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷии кормандон бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, мутобиқ ва сертификати мутобиқат дошта бошанд.
Моддаи 353. Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат
1. Маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбиншлавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад.
2. Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад.
3. Ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин мақсад ягон хароҷоти иловагиро анҷом намедиҳанд.
4. Андозаи хароҷотҳо вобаста ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар шартномаи коллективӣ ва санади корфармо муайян карда мешавад.
Моддаи 354. Ташхиси давлатии шароити меҳнат
1. Бо мақсади назорати шароит ва ҳифзи меҳнат, сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат, саҳеҳияти пардохти ҷубронпулӣ барои корҳои вазнин ва корҳои дорои шароити хатарнок ё зарарноки меҳнат, инчунин омода намудани таклифҳо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурӯҳи хатарноки касбӣ, мутобиқи натиҷаҳои сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳоли ташхиси шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Хулосаи ташхиси шароити меҳнат барои аз тарафи суд баррасӣ гардидани масъала дар бораи барҳам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат асоси воқеӣ мебошад.
3. Ташхиси шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ҳангоми лоиҳакашии сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, инчунин бо дархости мақомоти судӣ, мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, кормандон, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 355. Ҳифзи меҳнат дар ташкилот
1. Барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Дар ҳайати хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот вобаста ба хусусияти истеҳсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи меҳнат ҷорӣ карда шуда, лабораторияи саноатию санитарӣ таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолӣ чунин лабораторияҳо метавонанд аз ҷониби якчанд ташкилот тибқи принсипи соҳавӣ ташкил карда шаванд.
3. Барҳам додани хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилотҳо танҳо дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти онҳо мумкин аст. Масъалаҳои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдиҳии хадамоти ҳифзи меҳнатро маъмурият, кумитаи иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон ҳал мекунанд.
Моддаи 356. Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат
1. Дар ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё кормандон ё иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он дар асоси баробарӣ намояндагони корфармоён, иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон шомил мешаванд.
2. Кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат фасли созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба ҳифзи меҳнатро таҳия мекунад, амалҳои муштараки корфармо ва кормандонро оид ба таъмини талаботи ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, инчунин гузаронидани тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойҳои корӣ ва иттилоотонидани кормандонро аз натиҷаҳои тафтишоти мазкур ташкил мекунад.
Моддаи 357. Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат
1. Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.
2. Нозирон ва шахсони ваколатдор оид ба ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд:
- аз ҷониби корфармоён риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳифзи меҳнат назорат кунанд;
- ташхиси мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;
- дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок кунанд, инчунин мустақилона онҳоро санҷиш намоянд;
- аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот гиранд;
- дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон талабот пешниҳод кунанд;
- ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат амрномаҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;
- санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд;
- дар кори комиссияҳо оид ба санҷиш ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ ба ҳайси коршиносони мустақил иштирок намоянд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат иштирок намоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа кунанд;
- ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки талаботи ҳифзи меҳнатро риоя накардаанд, ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рухдодаро пинҳон медоранд, муроҷиат намоянд;
- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои пешбиникардаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷиҳати ҳифзи меҳнат, инчунин тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, иштирок кунанд;
- дорои дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
3. Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.
Моддаи 358. Ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат
Нозирони ҷамъиятӣ оид ба риояи ҳифзи меҳнат чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ҳуқуқи кормандонро оид ба ҳифзи меҳнат дар назди корфармо ба воситаи назорати ҷамъиятӣ барои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои таъмини бехатарии меҳнат, шароити меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар ташкилотҳо ҳифз намоянд;
- иштирок намудан дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва санҷиши маҷмӯии ҳолати бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати аз ҷониби нозирони давлатии меҳнат гузаронидашаванда;
- гирифтани иттилоот ва шарҳдиҳӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ аз корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои иҷрои уҳдадориҳои худ;
- аз ҷониби корфармо иҷро шудани уҳдадориҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо дар бахши ҳифзи меҳнат назорат намоянд;
- вобаста ба натиҷаи санҷиш ба номи шахсони мансабдор ирсол намудани пешниҳод дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта;
- иштирок намудан дар кори комиссия оид ба санҷиш ва қабули иншоотҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ барои истифодабарӣ;
- иштирок дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ва пешниҳоди таклифҳо;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои вайрон намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, аз ҷумла пинҳон намудани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ муроҷиат намоянд;
- иштирок намудан дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ки вобаста ба тағйир додани шароити меҳнат, риоя накардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, иҷро накардани уҳдадориҳои дар шартномаҳои меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда;
- муроҷиат намудан бо даъво ба суд бо аризаи корманд барои ҳифзи ҳуқуқи кормандон барои ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарар ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадории меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кормандон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
ФАСЛИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ